Jump to content

Фавзулло Амонуллоев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Фавзулло Амонуллоев
Амонуллоев Фавзулло Фатҳуллоевич
Таърихи таваллуд 1923(1923)
Зодгоҳ Самарқанд
Таърихи даргузашт 25 феврал 1974(1974-02-25)
Маҳалли даргузашт Самарқанд
Кишвар  СССР
Фазои илмӣ иқтисод
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои иқтисод
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Институти хоҷагии халқи Самарқанд

Амонуллоев Фавзулло Фатҳуллоевич (1923, гуз. Ашӯр Муҳаммади шаҳри Самарқанд — 25.02.1974, д. Равонаки н. Самарқанд) — иқтисоддон, омӯзгор. Номзади илмҳои иқтисодӣ (1960).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Амонуллоев Фавзулло дар фак. иқтисодии Институти хоҷагии халқи Самарқанд (баъдан Ин.-ути кооперативии Осиёи Миёна, ҳоло – Донишгоҳи иқтисоди ва сервиси Самарқанд) таҳсил намудааст (1945–49). Корм. Ин.-ути умумиит. тадқ. илмии қароқӯлпарварии шаҳри Самарқанд (1949–50). С. 1950 бо роҳхати Ин.-ути мазкур дар Москва ба асп. дохил шудааст. Соли 1951 С.Айнӣ дар Москва бо аспиранти тоҷикзабон (аз ҷумла самарқандиён) вохӯрда, онҳоро ба кори АИ навтаъсиси Тоҷикистон даъват кардааст. Аз рӯи ин даъват эшон фаъолияти илмиашро таҳти сарварии академик И.Қ. Нарзиқулов дар шуъбаи иқтисодии Академияи илмҳои Тоҷикистон даъвом додааст. С. 1955 рисолаи номзадиашро анҷом бахшида бошад ҳам, бо сабабҳои конъюнктураи сиёсиву иқт.-ии айёми Н.С. Хрушев ҳимояи рисола қатъ ёфтааст. Аз соли 1956 болои рисолаи нави номзадӣ дар мавзӯи «Развитие сельского хозяйства Советского Памира» («Тараққиёти хоҷ. қишлоқи Помири Советӣ») кор карда, онро соли 1960 дар Тошканд дифоъ намудааст. Дар давоми ин солҳо дар Бадахшон кору зиндагӣ кардааст. С. 1965–1967 муд. каф. иқт. ИХҚТ (ҳоло – ДАТ ба номи Ш. Шоҳтемур) будааст. С. 1967 ба Самарқанд бозгашта, то охири умр дар Институти кооперативии Самарқанд ба ҳайси муд. каф. иқт. сиёсӣ кор кардааст. Муаллифи мон. «Развитие сельского хозяйства колхозов Советского Памира» (Д., 1967) ва чандин мақолаи илмӣ. Бо медали «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В.И. Ленин» ва чандин Грам. Фахрии соҳавӣ мукофотонида шудааст.[1]

  1. Аз асл ба насл. — Душанбе, 2019. — 215 с. (тоҷ.). ISBN 978-99947-958-2-6