Фазлуддин Муҳаммад ибни Қивом
Зоҳир
Фазлуддин Муҳаммад ибни Қивом ибни Рустам ибни Маҳмуди Балхӣ (? — қарни XIV) — забоншинос ва луғатнигори форсизабони Ҳиндустон.
Таълифот
[вироиш | вироиши манбаъ]Фарҳанги «Баҳру-л-фазоил фӣ манофеъи-л-афозил» (таълифаш тақрибан 1393) яке аз таълифоти ӯст, ки ба қатори қадимтарин фарҳангҳои форсӣ-тоҷикӣ дохил мешавад. Тартиби ҷойгиршавии калимаҳои фарҳанг мутобиқи ҳарфҳои аввалу дуввуми онҳост. Дар фарханг калимаҳои соддаи арабӣ мухтасаран (бо як ё ду калима) шарҳ ёфтаанд. Дар боби охирини он калимаҳои ҳиндӣ чой дода шудаанд. Нусхаи дастнависи асари Фазлуддин дар китобхонаи Осафияи Ҳайдарободи Дакан (асри рақами 870) маҳфуз аст. Шарҳи «Махзану-л-асрор» ва «Искандарнома» (асарҳои Низомии Ганҷавӣ) ба қалами ӯ тааллуқ дорад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Фазлуддин / А. Нуров // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).