Фазо-замон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Фазозамон)
Jump to navigation Jump to search
Намоиши ду буъди хамидагии фазо-замон, ҷирми ҳандасаи фазо-замонро тағйир медиҳад, ин хамидагӣ бар асоси назарияи нисбияти ом таъбир ба гарониш мешавад.

Фазо-замон (англ. Spacetime) — модели физикӣ ва риёзӣ, ки замон ва фазоро ба сурат дарҳамтанида ва ба унвони як каме пайваста бо якдигар таркиб мекунад. Бар асоси фарзиёти мафҳуми фазоии Уқлидисӣ, ҷаҳон, се буъди маконӣ ва як буъди замонӣ мустақил аз ҳам дорад. Дар фазо-замон се буъди фазо ва як буъд замон дарҳам идғом мешаванд ва як муҳити пайвастаи чаҳорбуъдиро эҷод мекунанд. Бо таркиби фазо ва замон ва эҷоди як муҳит хамидаи воҳид, физикдонҳо тавонистаанд теорияҳои физикаро ҳам дар сатҳи кайҳонӣ ва ҳам дар баъди атомӣ соддасози кунанд.

Беҳтар аст, ки дар механикаи классикӣ, ҳангоме, ки замон ба унвони як меъёри собит ва ҷаҳонӣ, мустақил аз ҳолати ҳаракати мушоҳидагар дар назар гирифта мешавад; Аз дастгоҳ Уқлидусӣ ба ҷойи фазо-замон истифода кунем. Бо ин ҳол дар физикаи нисбиятӣ, замон наметавонд ҷудо аз се буъди фазо бошад. Бар асоси нисбияти хос нархи гузари (англ. transition rate) замон барои ҷисме, ки мушоҳида мешавад бастагӣ ба нисбати суръати ҷисм ва суръати мушоҳидагар дорад. Бар асоси нисбияти ом шиддати майдони гаронише нархи гузари замонро коҳиш медиҳад.

Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]