Jump to content

Фазоил Атоуллохонов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Фазоил Атоуллохонов
Фазоил Иноятович Атоуллохонов
Таърихи таваллуд 23 апрел 1946(1946-04-23) (78 сол)
Зодгоҳ Самарқанд
Кишвар
Фазои илмӣ Биофизика
Ҷойҳои кор Институти иммунология (1985–1987), Институти биофизикаи назариявию таҷрибавии Академияи илмҳои ИҶШС (1988–1989), Маркази илмии гематологии Маскав (1989–2006). Маркази масъалаҳои назариявии фармакологияи физикавию кимиёии Академияи илмҳои Россия, Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносов
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои биология
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносов
Вебгоҳ fazly.ru

Фазоил Иноятович Атоуллохоноволим, биофизики тоҷик, доктори илмҳои биология (1984), профессор (1995). Узви ҷамъиятҳои биофизикҳои Россия ва ИМА.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи факултети физикаи Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносов (1969). Лаборант ва аспиранти Институти биофизикаи назария вӣ ва таҷрибавии Академияи илмҳои ИҶШС (1969–74), корманди Институти таҷрибаи биологӣ ва пайвастаҳои табиии Академияи илмҳои ИҶШС (1975–1985), ходими калони илмии Институти иммунология (1985–1987) ва Институти биофизикаи назариявию таҷрибавии Академияи илмҳои ИҶШС (1988–1989), мудири лабораторияи Маркази илмии гематологии Маскав (1989–2006). Аз с.2006 – директори Маркази масъалаҳои назариявии фармакологияи физикавию кимиёии Академияи илмҳои Россия, ҳамзамон (аз с. 1995) профессори Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносов.

Атоуллохонов дар соҳаи назарияи мубодилаи моддаҳо, биофизикаи манзумаҳои мураккаб, динамикаи ғайри хаттӣ, амсиласозии математикии шабакаҳои мубодилаи модда, динамикаи фазоии лахтбасти хун ва ғ. зиёда аз 200 таълифоти илмӣ ба чоп расондааст.

  • Регуляция метаболизма в эритроцитах. - М., 1983;
  • Новая лекарственная форма: даунорубицин, инкапсулированный в эритроциты // Актуальные вопросы гемотологии и трансфузиологии. - СПб., 2000 [1]
  1. Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – Душанбе:Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.77-78