Jump to content

Факултети геоэкология ва туризми Донишгоҳи давлатии Хуҷанд

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Факултети геоэкология ва туризм — яке аз факултаҳои ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров мебошад. Таъсиёби - соли 2010. Соли 2010 факултети фанҳои табии ба факултетҳои «Биология ва химия» ва «География- экология» ҷудо шуданд.

Таърихи таъсис ва соҳаи фаъолият

[вироиш | вироиши манбаъ]

Бо қарори Шӯрои олимони Донишгоҳ аз 26.11.2010 ва фармони ректори ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров, аз 17.12.2010 факултети география-экология таъсис дода шуд.

Сароғоз сарварии факултет ба зиммаи доктори илмҳои геология ва минералогия, профессор Абдураҳимов С.Я. вогузор шуда буд. Алҳол бошад, номзади илмҳои педагогика, Музаффар Абдухолиқзода сарварии факултетро ба ӯҳда дорад.

Мақсади таъсиси факултет омӯхтан ва тайёр кардани мутахассисони соҳаи омӯзиши сарватхои табиӣ, муҳити зист, ландшафти табиию техногенӣ, рушди хоҷагии халқ, вазъи демографӣ ташкили туризми дохилӣ ва байналмилалӣ мебошад. Дар факултет 4 кафедра амал мекунад: географияи табиӣ (мудири кафедра дотсент Ғуфронов М.С.), географияи иқтисодӣ ва демография (мудири кафедра дотсент Иброҳимов Э.), экология ва ҳифзи табиат (мудири кафедра дотсент Собиров М.С.), геоэкология ва методикаи таълими он (мудири кафедра дотсент Ғуфронов Д.Н.). Факултет аз рӯи ихтисосҳои зерин мутахассисонро тайёр мекунад: география, география-демография, география ва ҳифзи табиат, геоэкология, экология, агроэкология, географияи сайёҳӣ ва менеҷменти сайёҳат, метеорология ва климатология. Факултети геоэкология бо донишгоҳҳо ва марказҳои бонуфузи илмии ватаниву хориҷӣ ҳамкориҳои пурсамар дорад. Дар заминаи истифодабарии технологияи муосир солҳои охир такмили таҳқиқотҳои саҳроӣ, экспедитсияҳо ва корҳои илмӣ - фармоишии инноватсионӣ - экологии устодон ва шогирдони факултет, ҳамгироии пажӯҳишгоҳҳои илмии ватаниву хориҷӣ бо кафедраҳо ба назар мерасад.

Барои тайёр кардани мутахассисон дар факултет устодони варзида Абдураҳимов С.Я., Раҳимов А.И., Камолиддинов С., Очилова Ф.Ҳ., Зайнутдинов А.А., Ҳайдаров М.Д., Турдиев Т.М., Аминов М.Ҳ., Саидова Д.Н., Иброҳимов Э.Ҳ., Муинова З.М., Амонова З.Ғ. ва дигарон заҳмат мекашанд. Дар баробари ин лабораторияи «Омӯзиши офатҳои табиӣ ва техногенӣ» амал мекунад, ки дар он донишҷӯёну аспирантон, унвонҷӯёну устодон корҳои илмӣ – тадқиқотӣ мебаранд. Устодони факултет ҳар сол экспедитсияҳои илмии худро дар қаторкӯҳҳои Қурама, Туркистон, Зарафшон, Ҳисор, Дарвоз, Помир, пиряхҳои Зарафшону Федченко, кӯлҳои Искандаркӯлу Сарез, Яшилкӯлу Музкӯл ва минтақаҳои муҳофизаткунандаи Бешаи Палангон, Ромит, Даштиҷум ва Боғи Миллӣ мегузаронанд.

Дастпарварони факулта

[вироиш | вироиши манбаъ]