Факултети забонҳои шарқи ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search


Факултети забонҳои шарқ яке аз факултаҳои ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров мебошад. Таъсиёби - соли 2002. Декани факултет дотсент Раҷабова М. Т. аст.

Таърихи таъсис ва соҳаи фаъолият[вироиш]

Факултети забонҳои шарқ соли 1999 ба ҳайcи шӯъбаи шарқшиносии факултети филологияи тоҷик ташкил ёфта, аз моҳи июли соли 2002 чун факултети мустақил дар ҳайъати донишгоҳ арзи вуҷуд дорад. Дар ибтидо шӯъбаи шарқшиносӣ ҳамагӣ як кафедра – филологияи араб мавҷуд буд, ки мудирии онро дотсент У. А. Fаффорова бар ӯҳда дошт. Моҳи июли соли 2000 дар шӯъба кафедраи дигар – кафедраи грамматикаи забони арабӣ ташкил ва сарварии он ба зиммаи дотсент Н. И. Fиёсов вогузор шуд. Шӯъбаи шарқшиносӣ дар як муддати кӯтоҳ заминаҳои моддӣ-фаннӣ, таълимӣ, илмӣ ва кадрии барои тадрис заруриро фароҳам овард. Дар саргаҳи ташкилшавии шӯъба шарқшиносон – хатмкунандагони факултети забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон – Н. Зоҳидов, У. А. Fаффорова, Н. И. Fиёсов ва А. Раупов меистоданд, ки заҳмати таъсиси факулта ва тадриси фанҳоро дар он ба зимаи хеш гирифтанд. Зимнан, бастани шартнома байни донишгоҳ ва Ассотсиатсияи байналхалқии хайриявии «Таййиба» ба таҳкими базаи моддӣ-техникии факулта ва таъмини кадрҳо ба донишгоҳ кӯмак расонд. Ин буд, ки аз ибтидо дар баробари мутахассисони шӯъба устодони араб Муҳаммадамин Абдуллоҳ Халафуллоҳ (Судон), Абдуллоҳ Ҳамдан (Сурия), Муҳаммад Содиқ Аваз (Миср) ва баъдтар Ёсир Муҳаммад (Судон), М. Шаннавӣ (Миср), Умар Юсуф Шарру (Сурия) аз забон ва адабиёти арабӣ дарс медоданд. Ташкили факултети забонҳои шарқ дар вилояти Суғд посухе буд ба ниёзҳо ва ормонҳои миллӣ дар остонаи садаи нав, зеро омӯзиши забонҳо, алалхусус забонҳои паҳнгаштаи арабӣ ва англисӣ заминаҳои пешрафти ҷомеаро фароҳам меоварад.

Барои донишҷӯёни шӯъбаи арабӣ-тоҷикӣ имконияти васеътар барои тадқиқот фароҳам омад. Ин аст, ки чанд хатмкунандаи факулта – Fиёсова Ф. Н., Нуруллоева М., Додобоев Қ., Салимов Ф., Ҳасанова М., Амонов А., Мирмуҳаммедов О. ба аспирантура дохил шуда, дар риштаҳои забоншиносӣ ва адабиётшиносии тоҷик рисолаи номзадӣ дифоъ карданд ва сазовори унвони илмии номзади илмҳои филологӣ гардиданд. Сарварии факултетиро аз рӯзи таъсисёбӣ то соли 2006 доктори илмҳои филологӣ, профессор Ғаффорова У. А. ва солҳои 2006-2011 номзади илмҳои филологӣ, дотсент Ғиёсов Н. ба зима доштанд. Аз моҳи апрели соли 2011 роҳбарии факултаро дотсент Раҷабова М. Т. бар ӯҳда дорад.

Дар факултет се шӯъба – шӯъбаи арабӣ-тоҷикӣ, арабӣ-англисӣ, форсӣ-англисӣ ва панҷ кафедра амал мекунанд:

  • Кафедраи грамматикаи забони арабӣ (мудир н. и. ф., дотсент Ҳасанова М.),
  • кафедраи филологияи араб (мудир н. и. п., дотсент Асроров Р.),
  • кафедраи забони форсии муосир (мудир н. и. ф., дотсент Оқилова М.)
  • кафедраи забон ва адабиёти тоҷик (мудир н. и. ф., дотсент Шарипова М.)
  • кафедраи забони англисӣ (мудир дотсент Иброҳимова Р.).

Ба толибилмони факулта олимони варзида – докторони илм, профессорон У. А. Fаффорова, З. А. Fаффорова, Т. Ваҳҳобов, номзадҳои илм, дотсентон Н. И. Fиёсов, М. Т. Раҷабова, Р. Асроров, Н. А. Ҳамробоев, Ф. А. Насриддинов, Қ. Б. Додобоев, М. Ҳасанова, М. З. Шарипова, Ф. Н. Fиёсова, С. Б. Ҷӯраева, Р. Иброҳимова, М. Аҳмадова ва дигарон дарс медиҳанд. Олимони факулта бо муассисаау марказҳои илмии ватаниву хориҷӣ робитаҳои қавӣ доранд. Боиси ифтихор аст, ки устодони факулта савияи дониши худро дар хориҷи кишвар, аз ҷумла, дар Эрон, Русия, Миср, Йаман, Сурия, Ироқ, Либиё, Британияи Кабир, Ҳиндустон, Корея, Япония ва ғайра баланд бардоштанд.

Дастпарварони факулта[вироиш]

Пайвандҳои беруна[вироиш]