Jump to content

Умеда Ғаффорова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Умеда Ғаффорова
Умеда Ғаффорова
Умеда Ғаффорова
Умеда Ғаффорова
Таърихи таваллуд 19 апрел 1964(1964-04-19) (60 сол)
Зодгоҳ Душанбе
Фазои илмӣ шарқшиносӣ
Ҷойҳои кор Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии АИ ҶШС Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Институти илмҳои ҷомеашиносӣ дар назди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои филология
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Ҷоизаҳо ҷоизаи адабии вилояти Суғд ба номи Маҳастӣ; Ҷоизаи байналмилалии қуръоншиносон (Ҷумҳурии Исломии Эрон)

Умеда Ғаффорова (19.04.1964, Душанбе) — шарқшинос-филолог, доктори илмҳои филологӣ (2005).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Умеда Ғаффорова факултаи забонҳои шарқи ДДТ ба номи В.И. Ленинро хатм кардааст (1985). Аспиранти кафедраи филологияи араби ДДТ ба номи В.И. Ленин (1985-90), ходими хурди илмии шуъбаи тамаддуни Осиёи Марказии Пажуҳишгоҳи шаркшиносии Академияи илмҳои ҶТ (1990-1992), дотсенти кафедраи забоншиносии умуми ва таърихи забон (1992-1998), дотсенти кафедраи адабиёти классикии тоҷик (1998-1999), мудири кафедраи филологияи араб (1999-2002), нахустин декани факултаи забонҳои шарк (2002-2006), профессори кафедраи филологияи араб (аз с.2006), мудири кафедраи грамматикаи забони араби (2006-2007), ноибректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров оид ба робитаҳои байналхалқӣ (2007-2012); Солҳои 2015-2017 декани факултети забонҳои Шарқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров; Аз солҳои 2012-2015 директори Институти илмҳои ҷомеашиносӣ дар назди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров (2017 то ҳол).[1]

Фаъолияти илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Муаллифи 2 монография, 1 маҷмуаи мақолот, 2 дастурҳои таълимӣ-методӣ ва беш аз 200 мақолаи илмӣ-тахқиқотӣ оид ба масоили шарқшиносӣ, робитаҳои адабиву фарҳангии арабу аҷам аст. Ӯ дар таҳияи матни «Таърихи Табарӣ» (Душанбе, 2000, ҷ.2), «Девони Махфӣ» (Хуҷанд, 1998), тарчумаи китоби «Фозилони Хуҷанд»-и Райҳона Хотун (Хуҷанд, 2000) ҳиссагузор аст. У "Ахлоқи Носирӣ"-и Насируддини Тӯсиро ба забони русӣ тарҷума кардааст (2015) ва бо ҳаммуаллифӣ бо академик Носирҷон Салимов "Ахлоқи Носирӣ"-ро ба забони тоҷикӣ(2009), ҳамчунин "Хатму-л-авлиё"(2016) ва "Наводиру-л-усул"-и Ҳаким Тирмизиро (2016) аз забони арабӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст. Иштироккунандаи як катор конфронсу ҳамоишҳои байналхалқӣ (Душанбе, 1996; Табрез, 1996; Техрон, 1999, 2001; 2011; Ироқ, 2002; Дехли, 2006, 2008, 2010, 2012, 2015; Лакҳнав, 2017; Хуҷанд, 2007, Милан, 2014, 2017; Москва, 2015; Берлин, 2010,2015; 2017; Вена, 2015, Прага, 2015; Сантйяго де Кампастелла, 2010, Фаро, 2014; Тарту, 2017; Алмаато, 2014, 2017; Астана, 2014;2017; Ашқобод, 2014, 2015 ва ғайра) мебошад. [2]

  • Арабское красноречие (хутба) в ранние века ислама. - Худжанд: Гос. из-во им. Р.Джалила, 1995;
  • Киссаҳои Куръон дар «Тарҷумаи тафсири Табарӣ» (таҳқиқи муқоисавӣ-таърихӣ). - Хуҷанд: Ношир, 2004;
  • Сказание Корана в персидском переводе «Тафсира Табарӣ» (историко-сравнительное исследование): Дисс...доктора филол. наук. – Д., 2004;
  • Робитаҳои адабии арабу аҷам. Маҷмӯаи мақолаҳо. – Хуҷанд, 2015.
  • Инкишофи нутқи шифоҳии араб. - Хуҷанд: Нури маърифат, 2004 (бо ҳаммуаллиф А.Ҳамдан).[3]
  1. Умеда Ғаффорова(тоҷ.). www.hgu.tj. 8 октябри 2018 санҷида шуд.
  2. http://elbibhgu.narod.ru/TavcifnomaiOmuzgoron/TavsifnomaiOmuzgoron.html
  3. Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. – Душанбе, 2017. – С. 151-152.

Пайвандҳои беруна

[вироиш | вироиши манбаъ]