Фам Мин Тин
| |
аз 5 апрел 2021 | |
Пешгузашта | Нгуен Суан Фук |
|
|
Таваллуд |
10 декабр 1958 (65 сол) |
Ҳизб | |
Дараҷаи илмӣ | муҳандис, Doctor[d] ва associate professor[d] |
Рутба | генерал-лейтенант |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Фам Мин Тин (вйетн. Phạm Minh Chính; тав. 10 декабри 1958, Тхан Хоа, Вйетнам) — арбоби сиёсӣ ва давлатии вйетнамӣ, сарвазири Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам аз 5 апрели соли 2021 [1][2]. Номзадии Фам Мин Тинро барои мансаби Сарвазири ҶСВ гардидан 96,25 фоизи вакилон тарафдорй карданд.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Фам Мин Тин 10 декабри соли 1958 дар оилаи серфарзанд таваллуд шудааст, ки дар вилояти Танхоа (Вйетнами Шимолӣ) зиндагӣ мекард. Соли 1984 Донишгоҳи муҳандисии сохтмонии Бухарест (Руминия)-ро бо ихтисоси муҳандиси сохтмон хатм кардааст. Баъдан, дар соли 2000 унвони доктори илми ҳуқуқшиносиро дарёфт кардааст.
Фаъолияти ҳизбй ва давлатӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Пас аз хатми донишгоҳ дар соли 1984 ба Вйетнам баргашт ва дар он ҷо ба ҳайси ходими илмии шуъбаи илм, иқтисод ва технологияи Вазорати корҳои дохилӣ кор кард. Соли 1986 ба сафи Ҳизби Коммунистии Вйетнам дохил шуд. Соли 1989 ба вазифаи котиби якуми Сафорати Ҷумҳурии Сотсиалистии Вйетнам дар Руминия гузаронида шуд.
Пас аз бозгашт ба Вйетнам аз соли 1996 дар Вазорати амнияти ҷамъиятӣ кор карда, дар он ҷо як қатор вазифаҳо, аз ҷумла муовини директори Раёсати иктишофи иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ ва директори департаментро ба уҳда дошт.
Дар солҳои 2000-ум дар Академияи амнияти миллии назди Вазорати амнияти ҷамъиятӣ дарс мегуфт. Аз феврал то августи соли 2010 директори Сарраёсати таъминоти моддию техникӣ ва технологияи Вазорати амнияти ҷамъиятиро бар уҳда дошт. Аз моҳи августи соли 2010 то ноябри соли 2011 дар вазифаи муовини вазири амнияти ҷамъиятӣ кор кардааст.
Моҳи январи соли 2011 ӯ узви Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Вйетнам (КМ ҲКВ) шуд. Солҳои 2011-2015 котиби кумитаи ҳизбии ҲКВ дар вилояти шимолии Куангнин буд. Баъди ин ӯро ҷонишини мудири шуъбаи ташкилии КМ ҲКВ таъйин карданд. Аз соли 2016 узви Бюрои Сиёсии КМ ҲКВ (соли 2021 дубора интихоб шуд) буд. Аз худи хамон сол аъзои котиботи КМ ҲКВ мебошад.
Моҳи апрели соли 2021 Маҷлисии Миллӣ Фам Мин Тинро ба мақоми сарвазир интихоб кард.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Tóm tắt tiểu sử Thủ tướng Chính phủ Phạm Minh Chính, VTV (5 апрели 2021).
- ↑ Phạm Minh Chính elected Prime Minister of Việt Nam, Vietnam News (5 апрели 2021).
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 10 декабр
- Зодагони соли 1958
- Википедия:Саҳифаҳо бо занҷираи ҷуғрофии гуногунмаъно
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Википедия:Қуттии бидуни параметр
- ВП: Мақолаҳои бесурат (указано в Викимаълумот: P18)
- ВП: Мақолаҳои бесурат (указано в Викимаълумот: P373)
- Роҳбарони кунунии кишварҳо
- Сарвазирони Вйетнам
- Сарварони асри XXI
- Сиёсатмадорони асри XXI
- Википедиа:Зиндагиномаи муосирон