Фараҳноз Шарафова
Фараҳноз Шарафова | |
Иттилооти асосӣ | |
Таърихи таваллуд | 1 январ 2003 (21 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Восеъ, Хатлон, Тоҷикистон |
Кишвар | |
Пеша(ҳо) | овозхон |
Сабк | мусиқии поп |
Фараҳноз Шарафова (тав. 1 январи 2003; ноҳияи Восеъ, Хатлон, Тоҷикистон) — овозхони тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Фараҳноз 1 январи соли 2003 дар оилаи соҳибкор таваллуд шудааст. Ӯ дар оила ягона духтар буда, се бародар дорад[1].
Хешовандони модарии Фараҳноз санъаткор мебошанд ва ин сабаби ба ҳунар рӯ овардани ӯ шудааст. Фараҳноз баъди хатми синфи 9 ба коллеҷи санъати ба номи Акашариф Ҷураев дохил шуд, аммо пас аз як соли таҳсил онро тарк кард. Фараҳноз соҳаи тиббро дӯст медорад ва пас аз тарки таҳсил ҳуҷҷатҳояшро ба коллеҷи тиббӣ супурда онҷоро хатм кардааст.
Сабаби ба саҳна ворид шудани ӯ ин дӯсти ӯ Парзиз, ки ҳоло продюсераш мебошад аст. Бародаронаш ба касби интихобнамудаи хоҳарашон розӣ набуданд аммо дар охир пас аз иштирок дар барномаи телевизионии «Парвин», дигар зид набаромаданд[2].
Ҳоло Фараҳноз яке аз беҳтарин овозхонҳои Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Ҳаёти шахсӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Фараҳноз Шарафова соли 2024 оиладор шудааст.
Сурудҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Нозам
- Рақами 2
- Булҳавас
- Азизтарин
- Уф, уф, уф
- Ҳабибӣ
- Ишқи ту
- Камарборик
- Хоҳарум
... ва ғайраҳо