Акашариф Ҷӯра
Акашариф Ҷӯраев | |
Таърихи таваллуд | 3 март 1896 |
Зодгоҳ | ноҳияи Дарвоз |
Таърихи даргузашт | 2 октябр 1966 (70 сол) |
Кишвар | Тоҷикистон |
Пеша(ҳо) | овозхон, оҳангсоз |
Сабк | халқӣ |
Ҷоизаҳо |
Акашариф Ҷӯра (Шариф Ҷӯраев; маъруф ба номи Акашариф; 3 марти 1896, ноҳияи Дарвоз — 2 октябри 1966) — овозхон ва оҳангсози тоҷик. Ҳофизи халқии ҶШС Тоҷикистон (1946).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Ӯ барвақт ятим монда зиёда аз 20 сол хизматгори амалдори Дарвоз будааст. Солҳои 1925—1935 мудири «Чойхонаи сурх»-и Ғарм буд ва ҳамчун ҳофизи хушсалиқа машҳур гардид. Соли 1935 ӯро ба радиои пойтахт ҳамчун ҳофиз ба кор даъват намуданд. Акашариф иштирокчии се даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар шаҳри Москва (1941, 1949 ва 1957) аст. Ӯ давомдиҳандаи анъанаҳои мусиқии халқии тоҷик мебошад. Суруду таронаҳои беҳтарини вай вирди забони мардум буданд ва имрӯзҳо ҳам аз ҷониби ҳофизон такрор ба такрор сароида мешаванд. Дар эҷодиёташ аз намунаҳои Шашмақом низ зиёд сароида мешуданд. Сурудҳои Акашариф «Қалъабандӣ», «Ҷони ман», «Алла», «Анора овардам», «Ҷӯраҷон», «Булбулон», «Интихоб мекунам» ва сюитаҳои рақсии"Чорзарб", «Наврӯзи баҳор» ва диг. маъмули дилҳои тамошобинон гашта буданд. Ба номи Акашариф Ҷӯраев дар Тоҷикистон филармонияи давлатӣ гузошта шудааст[1]
Қалъабандӣ (Бедил)
[вироиш | вироиши манбаъ]- Суруди классикӣ, оҳанги Акашариф (Шариф Ҷӯраев)-и Дарвозӣ
- Эй ҳузури мақдамат, дар зиндагӣ бурҳони ман,
- Мурда будам, зиндаам кардӣ, биё, эй ҷони ман.
- Пеш меомад ба ҳар ҷо дар раҳат барги гуле,
- Бурда буд оинае аз дидаи ҳайрони ман.
- Баҳри побӯси ту ҳар ҷо сабзае сар мекашид,
- Дошт бо худ нусхае аз асрати мижгони ман.
- Интизорӣ доштам дар гӯшаи вайронае,
- Юсуфистон кард фазлат кулбаи эҳзони ман.
- Бедил, аз сӯзи дилу дасти тиҳӣ шармандаам,
- Ҷуз дуо дигар чӣ ояд аз ману сомони ман.[2]
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо орденҳои Ленин, «Нишони фахрӣ» ва ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шудааст.
Гиромидошт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Дар ноҳия Дарвоз дар соли 2022 ҳайкали Акашариф Ҷӯра сохта шуд.
- Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи ӯ аст
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Вазорати фарҳанги ҷумҳурии Тоҷикистон. 10 августи 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 2 марти 2017.
- ↑ Мақомҳои берун аз Шашмақом-1
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Устодони санъати тоҷик — Акашариф Чураев
- Чорзарб — шохкорие аз устод Акашариф Чураев
- Ҳабиб Саид — YouTube — «Ёде зи он замон»
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. Ҷ. III. Равзана — Ҷӯраев. — Д.: СИЭСТ, 1989. — С. 499—500. — 560 с. — ISBN 5-89870-001-3.
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 3 март
- Зодагони соли 1896
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Дарвоз
- Даргузаштагони 2 октябр
- Даргузаштагони соли 1966
- Дорандагони ордени Ленин
- Дорандагони ордени «Нишони Фахрӣ»
- Ҳунарпешагони халқии ҶШС Тоҷикистон
- Мусиқидонон аз рӯи алифбо
- Википедиа:Мақолаҳои бесурат дар бораи мусиқидонон
- Овозхонҳои тоҷик
- Овозхонҳои Тоҷикистон
- Оҳангсозони Тоҷикистон
- Ҳофизони халқии ҶШС Тоҷикистон
- Мусиқишиносони Тоҷикистон