Фарзия
Фарзия (ар. فرضیه), ингора (форсӣ: اِنگاره[1]), гипо́теза (юн.-қад. ὑπόθεσις) — як тавзеҳи пешниҳодӣ барои як падида ё рухдод аст; Ба гунае дигар бояд гуфт, ки фарзия як ҳадси мантиқӣ ва озмоишпазир (озмудани фарзия бо дигар донистаҳо) мубтанӣ бар падидаҳоест, ки дар ҷаҳони табиат мушоҳида мекунед[2].
Одатан, фарзия дар асоси як қатор мушоҳидаҳое (мисолҳо), ки онро тасдиқ мекунанд, баён мешавад ва барои ҳамин шабеҳи ҳақиқат аст. Фарзияро минбаъд ё исбот мекунанд, ё ба далели воқеии муайяншуда табдил медиҳанд ва ё рад намуда (масалан, бо овардани далелҳои зид), ба қатори тасдиқоти дурӯғин таҳвил медиҳанд. Фарзияи исботнашуда ва раднашуда мушкилаи баҳснок ном дорад. Дар истилоҳоти имрӯза фарзия — дар шакли ҳукм ва ё ҳукмҳо баён шудаи тахмину пешбинӣ ва ё пешгӯии чизе мебошад: масалан «пешгӯии табиат» дар шаклбандии қонунҳои илмҳои табиатшиносӣ. Дар ин ҳолат мазмуни ибтидоии «фарзия» ба мазмуни мафҳуми «фарзияи илмӣ», ки ҳукми тахминиро дар бораи робитаҳои қонунӣ (ва ё сабабӣ) — и зуҳурот ифода мекунад, ворид мешавад. Ба қавли И.Кант — "фарзия ин орзӯю хаёл нест, балки андеша дар бораи вазъи воқеии ашёст, ки таҳти назорати қатъи ақл қарор мегирад. Он яке аз воситаҳои ташреҳи далелҳои воқеӣ ва мушоҳидаҳо — маълумоти таҷрибавӣ ба шумор рафта, дар аксари ҳолатҳо аз рӯи қоидаи — «ҳар чизеро, ки мо шарҳ додан мехоҳем, монанди он аст, ки аллакай мо онро медонем».
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ An Etymological Dictionary of Astronomy and Astrophysics - 1. dictionary.obspm.fr. 16 сентябри 2020 санҷида шуд.
- ↑ Scientific Hypothesis vs Theory vs Law(англ.). Futurism. 16 сентябри 2020 санҷида шуд.