Jump to content

Фаридун Муширӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Фаридуни Муширӣ)
Фаридун Муширӣ
Таърихи таваллуд: 22 сентябр 1926(1926-09-22) ё 1925
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 24 октябр 2000(2000-10-24)
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир, рӯзноманигор, нависанда
Забони осор: форсӣ
fereydoonmoshiri.org

Фаридуни Муширӣ (форсӣ: فریدون مشیری‎; 22 сентябр 1926 ё 1925, Теҳрон24 октябр 2000, Теҳрон) — аз шоирони муосири Эрон мебошад.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Фаридуни Муширӣ дар соли 1925 дар Теҳрон ба дунё омад. Даврони таҳсилоти ибтидоиро дар Машҳад ва давраи дабиристониро дар зодгоҳаш — Теҳрон ба поён расонид. Падараш Мирзо Муътаманулмулк аз шоирони баноми даврони Носируддиншоҳи Қоҷор буд ва модараш низ шоир ва адабдӯст ва адабиётшинос буд. Муширӣ дар шумори шоирони навпардоз аст, ки сурудаҳои ӯ дар анҷуманҳои адабию ҳунарӣ ва мардум ҷой барои худ боз кардааст. Ӯ дар оғоз ба шеваи куҳан шеър месуруд ва ҳангоме, ки рӯ ба шеъри нимоӣ овард, роҳе миёнаро баргузид. Шеъри Муширӣ баёнгар ва ситоишгари зебоиҳо ва хубиҳову покиҳо ва ойинаи тамомнамои эҳсосоту авотифи инсонӣ ва дӯстдори башарият аст. Муширӣ муътақид буд, ки шоир касест, ки беш аз ҳама метавонад ба зоти ҷаҳони ҳастӣ, гетӣ ва падидаҳои он наздик ва гоҳ бо он якӣ гардад. Аз даруни санг осмонро бубинад ва аз осмон даруни сангро. Афзун бар ин, шоир рамзу роз ва чигунагии ончиро дарёфта, ба муносибтарин гунае баён мекунад. Ин аст, ки шеър бояд шӯре, шавқе, ҳоле, таъсире ва нерӯе дар ҷону дилу андеша барангезад, то инсонро шигифтзадаву бедор кунад. Кашфи шоир бояд маро аз ман бирабояд. Фаридуни Муширӣ аз сӯи бо шикастани қолабҳо ва фоили арӯзӣ ва кӯтоҳу дароз кардани мираъҳо ва баҳрагирӣ аз қофия дар пайкара ё фуруми шеър ва аз сӯе бо нигариши тоза ба ҳастӣ, инсон ва дигар падидаҳои ҷаҳон дар паём ё муҳтавои шеър ба ҷойгоҳе баланд дар шеъри муосир даст ёфт ва ба қавли пажӯҳишгари шветсарӣ Гулпака, «Муширӣ ҳамонанди чанд тан аз шоирони ангуштшумори Эрон рисолате воло дорадж, ки шукронаи бархурдорӣ аз беҳинаи донистагиҳояш ва имон ба жарфандешӣ дар оростагиҳои сухан, шикофи сохтагӣ ва пӯшолӣ миёни куҳнаву нав ва суннатгароён ва навпардозонро аз миён бархоҳад гирифт».

Дар мавриди шеъри Муширӣ бояд гуфт, ки шеъри Муширӣ рангу бӯи тағаззул джорад в мазомини латифи ошиқонаҳои ӯ дар қолаби забонии сода ва баёне нарму оҳангин мӯҷиби гароиши густардаи наслҳои ҷавон ба осори вай дар тайи солиёни бисёр буда ва ҳаст.

Муширӣ аз нахустин пайравони шеъру шеваи Фаридуни Таваллулӣ аст, ки бо маҷмӯаҳои «Ноёфта», «Ташнаи тӯфон», «Гуноҳи дарё» ба арсаи тағаззулоти романтик ҷадам гузошт. Фурм ва муҳтавои осори ӯ дар ин марҳила чандон пурбор ва дилангез набуд, аммо дар осори баъдӣ монанди «Абру кӯча», «Баҳорро бовар кун» шеъри ӯ аз сатҳ ба умқ рафт ва аз назари забону баён ва эстетики шеърӣ пеш рафт ва баъдҳо мутаассир аз авзоъ ва аҳволи сиёсӣ ва иҷтимоии аср, шеъраш то ҳадде рангу бӯи шеърии мутаариз ва ҷомеагаро шуд, ки ин амр баёнгари таолӣ ва такомули нисбии биниши шоиронаи ӯ буд. Дар ниҳоят метавон гуфт: ишқ, ситоиши зебоӣ, меҳрварзӣ ва инсондӯстӣ аслитарин хутути муҳтавоии шеъри Муширӣ ба шумор меоянд, ки ҳамвора дар пӯшишу парниёни зеҳну забон ва ҳиссу ҳоли романтики ӯ таҷаллӣ доштаанд. Аз барҷастатарин вижагиҳои шеъри Муширӣ забони нарм ва латифу содаи ӯст, ки ҳампайванд бо тасовире шаффофу дилпазир ва муҳтавои ҷаззобу отифӣ ва зебоишиносӣ навқудамоии ӯро падидор месозанд. Ӯ дар соли 2000-ум даргузашт.

«Ноёфтаҳо», «Гуноҳи дарё», «абру кӯча», «Баҳорро бовар кун», «Парвоз бо хуршед», «Аз хомӯшӣ», «Марвориди меҳр», «Оҳи борон», «Девони ашъор», «Гузинаи ашъор», «Аз диёри оштӣ», «Лаҳзаҳо ва эҳсосот», «Овози он паррандаи ғамгин», То субҳи тобноки аҳуроӣ".

Намунаи ашъор

[вироиш | вироиши манбаъ]
Бе ту маҳтобшабе боз аз он кӯча гузаштам,
Ҳама тан чашм шудам, хира ба дунболи ту гаштам.
Шавқи дидори ту лабрез шуд аз ҷоми вуҷудам,
Шудам он ошиқи девона, ки будам.
Дар ниҳонҳонаи ҷонам гули ёди ту дурахшид,
Боғи сад хотира хандид,
Атри сад хотира печид:
Ёдам омад, ки шабе бо ҳам аз он кӯча гузаштем,
Пар кушодему дар он хилвати дилхоста гаштем.
Соате бар лаби он ҷӯй нишастем.
Ту — ҳама рози ҷаҳон рехта дар чашми сиёҳат,
Ман — ҳама маҳви тамошои нигоҳат.
Осмон софу шаб — ором,
Бахт хандону замон — ром.
Хӯшаи моҳ фурӯ рехта дар об,
Шохаҳо даст бароварда ба маҳтоб.
Шабу саҳару гилу санг -
Ҳама дил дода ба овози шабоҳанг.
Ёдам ояд: ту ба ман гуфтӣ:
Аз ин ишқ ҳазар кун!
Лаҳзае чанд бар ин об назар кун.
Об ойинаи ишқи гузарон аст,
Ту, ки имрӯз нигоҳат ба нигоҳе нигарон аст,
Бош фардо, ки дилат бо дигарон аст,
То фаромӯш кунӣ, чанде аз ин шаҳр сафар кун!
Бо ту гуфтам: ҳазар аз ишқ? — Надонам
Сафар аз пеши ту ҳаргиз натавонам,
Натавонам!
Рӯзи аввал, ки дили ман ба таманнои ту пар зад,
Чун кабӯтар лаби боми ту нишастам,
Ту ба ман санг задӣ, ман нарамидам, нагусастам.
Боз гуфтӣ, ки ту сайёдиву ман оҳуи даштам,
То ба доми ту даруфтам, ҳама ҷо гаштаму гаштам.
Ҳазар аз ишқ, надонам, натавонам!
Ашке аз шоха фурӯ рехт,
Мурғи шаб нолаи талхе заду бигрехт…
Ашк дар чашми ту ларзид
Моҳ бар ишқи ту хандид.
Ёдам ояд, ки дигар аз ту ҷавобе нашунидам,
Пой дар домани андӯҳ кашидам,
Нагусастам, нарамидам.
Рафт дар зулмати ғам он шабу шабҳои дигар ҳам,
Нагирифтӣ дигар аз ошиқи озурда хабар ҳам.
Накунӣ дигар аз он кӯча гузар ҳам…
Бе ту аммо ба чӣ ҳоле ман аз он кӯча гузаштам.

Марги инсоният

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз ҳамон рӯзе, ки дасти ҳазрати Қобил,

Гашт олуда ба хуни ҳазрати Ҳобил.

Аз ҳамон рӯзе, ки дасти фарзандони Одам,

Заҳри талхи душманӣ,дар хунашон ҷӯшид.

Одамият мурд....

Гарчи Одам зинда буд !

Аз ҳамон рӯзе, ки Юсуфро бародарҳо ба чоҳ андохтанд,

Аз ҳамон рӯзе, ки бо шаллоқу хун девори Чинро сохтанд...

Одамият мурда буд !

Баъд дунё ҳей, пур аз одам шуду ин осиёб,

гашту гашт,

Қарнҳо аз марги Одам ҳам гузашт,

Эй дареғ...

Одамият барнагашт!

Қарни мо

рӯзгори марги инсоният аст,

Синаи дунё зи хубиҳо тиҳист..

Суҳбат аз озодагӣ,покӣ, мурувват аблаҳист.

Суҳбат аз Муссову, Иссо, Муҳаммад нобаҷост.

Қарни Мусӣ Чамбаҳост*,

Рӯзгори марги инсоният аст.

Ман ки аз пажмурдани як шоха гул,

Аз нигоҳи сокити як кӯдаки бемор,

Аз фиғони як қанорӣ дар қафас,

Аз ғами як мард дар занҷир,

Ҳатто қотили бар дор.

Ашк дар чашмону буғзам дар гулӯст.

В-андар ин айём заҳрам дар пиёла,

заҳри морам дар сабӯст.

Марги ӯро аз куҷо бовар кунам,

Суҳбат аз пажмурдани як барг нест,

Вой ! Ҷангалро биёбон мекунанд,

Дасти хунолудро дар пеши чашми халқ пинҳон мекунанд.

Ҳеҷ ҳайвоне ба ҳайвоне намедорад раво.

Ончи ин номардумон бо ҷони инсон мекунанд.

Суҳбат аз пажмурдани як барг нест,

Фарз кун марги як қанорӣ дар қафас ҳам, марг нест.

Фарз кун як шоха гул ҳам дар ҷаҳон ҳаргиз наруст.

Фарз кун ҷангал биёбон буд аз рӯзи нахуст...

Дар Кавири суту кур

Дар миёни мардуми бо ин мусибатҳо сабур.

Суҳбат аз марги муҳаббат, марги ишқ,

Гуфтугӯ аз марги инсоният аст

*Мусӣ Чамба - тоҷир ва сиёсатмадори давлати Конго. Мухолифи асосӣ ва эҳтимолан қотили Патрус Лумумба [1]

  • Алиасғари Шеърдӯст. Шеъри муосири Эрон. Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон. Душанбе — 2012. Саҳ — 227