Фаридун Миракзода
Миракзода Фаридун Юсуфӣ | |
Таърихи таваллуд | 23 январ 1994 (30 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | таърих |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи байналмилалии забонҳо |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои таърих |
Алма-матер | Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода (2016) |
Фаридун Миракзода (Миракзода Фаридун Юсуфӣ; 23.01.1994, ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, Тоҷикистон) — таърихшинос, номзади илмҳои таърих (2020)[1], дотсент (2021).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Миракзода Фаридун 23.01.1994 дар деҳаи Пастиғави н. Кӯҳистони Мастчоҳ таваллуд шудааст. Соли 2011 ба мактаби миёнаи № 2-и д. Пастиғави н. Кӯҳистони Мастчоҳро хатм карда, ҳамон сол ба шуъбаи рӯзонаи факултети фарҳангшиносии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва саъанти Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дохил гардид ва онро соли 2016 аз рӯйи ихтисоси саёҳат ва меҳмондорӣ бо дипломи аъло хатм намудааст.
Фаъолияти меҳнатиашро аз моҳи сентябри соли 2016 шуруъ кардаст. Мавсуф солҳои 2016—2020 мудири осорхона ва аз моҳи марти соли 2020 сардори раёсати илм ва инноватсияи Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода фаъолият дорад. Ҳамзамон, аз сентябри 2016 ба ҳайси ассистент, аз декабри 2017 муаллими калон ва апрели соли 2021 дотсенти кафедраи таърих ва робитаҳои байнифарҳангии донишгоҳи мазкур мебошад.
Соли 2020 рисолаи номзадии худро дар мавзуи «Туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: таърих ва дурнаоми рушд (солҳои 1991—2016)» дифоъ намудаст[2].
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]Миракзода Фаридун Юсуфи муаллифи 2 монографияи илмӣ, беш аз 40 мақолаи илмиву оммавӣ ва мураттиби 8 маҷмуаи илмӣ, ҳамзамон, котиби масъули маҷаллаи илмӣ-назариявии «Паёми Донишгоҳи забонҳо» мебошад.
- Вазъият ва дурнамои рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Монография. — Д.:, 2018. — 170 с.
- Ташаккул ва таҳаввули сайёҳӣ дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон (солҳои 1991—2021). Монография. — Д.:, 2022. — 236 с.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Барои фаъолияти самараноки илмӣ-таҳқиқотӣ ва таълимӣ Миракзода Фаридун бо Ифтихорномаи Донишгоҳ (2018), Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2019) ва нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» (2023) сарфароз гардонида шудааст.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Энсиклопедияи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотми Улуғзода. — Душанбе, 2021. — С. 201—202. (416 с.);
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Ответственный секретарь журнала – ВЕСТНИК УНИВЕРСИТЕТА ЯЗЫКОВ (ISSN 2226-9355) (ru-RU). 1 феврали 2024 санҷида шуд.
- ↑ Защита Миракзода Фаридун Юсуфи. vak.tj. 1 феврали 2024 санҷида шуд.