Jump to content

Фарруха Зеҳниева

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Фарруха Зеҳниева
Фарруха Зеҳниева
Таърихи таваллуд 15 июн 1933(1933-06-15) (91 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Самарқанд
Кишвар  Тоҷикистон Тоҷикистон
Фазои илмӣ адабиётшинос ва фолклоршинос

Фарруха Зеҳниева (15.06.1933, д. Боғимайдони н. Самарқанд), фолклоршинос. Номзади илми филология (1972). Фарзанди Тӯрақул Зеҳнӣ.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Фарруха Зеҳниева дастпарвари Омӯзишгоҳи омӯзгории занонаи Самарқанд ба номи В. Г. Ушинский (1952). Институти омӯзгории Самарқанд ба номи М. Горкийро хатм кардааст (1957). Муаллимаи заб. ва адаб. тоҷикӣ мактаби № 35-уми н. Самарқанд (1952-1953), муаллимаи мактаб-интернати № 1 Душанбе (1957), лабор., лабор. калон (1957-1959), ход. хурди илмӣ (1959-1980), ходими калони илмии шуъбаи фолклори ИЗА ба номи Рӯдакии АИ Тоҷикистон (1980-1998). Аз соли 1992 – нафақахӯр.

Мураттиби маҷмӯаи «Маросими тӯй», маҷмӯаи афсонаҳои тоҷикӣ барои бачаҳо – «Ҳафт додаракон» (бо ҳамқаламии Б. Шермуҳаммадов, М. Миркамолова, Р. Амонов, 1962), «Кадучаи ғелон» (бо ҳамқаламии Б. Шермуҳаммадов, Р. Аҳмадов ва Р. Амонов, 1962), «Бибигамбӯсак» (бо ҳамқаламии Р. Аҳмадов, Б. Шермуҳаммадов ва Р. Амо-нов, 1962), «Афсонаҳои Са марқанд» (бо ҳамқаламии Б. Шермуҳаммадов, 1965), «Таронаҳои Самарқанд» (бо ҳамқаламии Б. Шермуҳаммадов, 1966), «Баёзи рубоиҳои халқӣ» (бо ҳамқаламии И. Азимов ва диг., 1970), «Баёзи рубоиҳои халқии тоҷикӣ» (иборат аз 4 ҷилд, 1970), «Баёзи сурудҳои халқӣ» (иборат аз 2 ҷилд, бо ҳамқаламии Б. Шермуҳаммадов ва диг.), «Баёзи фолклори тоҷик» (рубоӣ, иборат аз 3 ҷилд, бо ҳамқаламии Р. Аҳмадов, И. Азимов, С. Норматов, Н. Шакармаҳмадов, Б. Шермуҳаммадов, Э. Улуғзода, 1970), муаллифи монографияи «Сурудҳои тӯйи тоҷикон» (1978), маҷмӯаи сурудҳои тӯи «Гуларӯсак» ва зиёда аз 30 мақолаи илмӣ доир ба масъалаҳои фолклоршиносии тоҷик С. 2007 китоберо бо номи «Зеҳнӣ дар дилу дидаи дӯстон» тадвин кардааст. Бо Ифтихорномаи Фахрии АИ Тоҷикистон ва КМ ЛКСМ Тоҷикистон мукофотонида шудааст.