Фаррухии Яздӣ
Таърихи таваллуд: | 1889[1] |
---|---|
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 18 октябр 1939 ё 18 ноябр 1939 |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | рӯзноманигор, шоир, сиёсатмадор |
Забони осор: | форсӣ |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Муҳаммад Фаррухии Яздӣ (форсӣ: میرزا محمد فرخی یزدی; 1889[1], Язд — 18 октябр 1939 ё 18 ноябр 1939, Теҳрон) — шоир, рӯзноманигори озодихоҳу демократи садри машрутият, сардабири нашриёти Ҳизби коммунисти Эрон.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Муҳаммад Фаррухии Яздӣ дар соли 1886 дар шаҳри Язд ба дунё омад. Вай ҷузви шоирони қаламрави адабиёти коргарии даврони Машрута ва Ризошоҳ аст. Даврони кӯдакиро бо таҳсили тавъам бо кор сипарӣ кард. Дар авоили ҷунбиши Машрутият, ба ҳизби демократии Язд пайваст ва ба хотири сурудани шеъре инқилобӣ ва эътирозомез Зайғамуддавла, ҳокими Язд, дастуре дод, ки лабонашро бо наху сӯзан бидӯзанд ва ба зиндонаш афкананд. Фаррухӣ пас аз чанде аз зиндон гурехта ва баъдҳо роҳии Теҳрон шуд ва рӯзномаи «Тӯфон»-ро мунташир кард, ки ин рӯзнома ҳовии мақолоти тунду оташин алайҳи истибдод ва ба ҳимоят аз табақоти маҳрум ва ранҷаб буд. Ва дар тӯли интишор беш аз понздаҳ бор тавфиқ шуд. Фаррухӣ ба рағми зиндонҳо ва табъйидҳои паёпай ҳаргиз аз шеъру рӯзноманигории инқилобӣ даст накашид. Вай дар соли 1929 аз сӯи мардуми Язд ба намояндагии маҷлиси Шуро баргузида шуд ва дар сафи намояндагони ақалият ба муборизоти худ идома дод. Сафаре низ ба Маскав ва Берлин кард ва баъд аз бозгашт таҳти назорати шадиди ҳукумат қарор гирифт, то ин ки дубора ба зиндон афтод. Вай дар соли 1938 дар зиндон иқдом ба худкушӣ кард, аммо наҷот ёфт ва саранҷом дар соли 1940 дар авҷи истибдоди Ризошоҳ ба таври асроромезе (ё ба қавле бо омпули ҳаво) кушта шуд. Девони шеъри Фаррухӣ бо тасҳеҳу муқаддимаи Ҳусейни Маккӣ ба чоп расидааст. Вай дар ғазалиёт ва қолибҳои дигари шеъри қадим, мафоҳим ва мазомини тунду оташини сиёсию иҷтимоӣ ва инқилобию интиқодиро вориди шеърҳояш намудааст, ки ҳамин хусусияти сиёсӣ ва инқилобӣ баъдҳо сармашқи пеши рӯи баъзе аз ғазалпардозони озодандеш ва мардуми давраҳои баъд қарор гирифт.
Намунаи осор
[вироиш | вироиши манбаъ]Хунобаи ғам
- Шаб чу дар бастаму маст аз майи нобаш кардам,
- Моҳ агар халқа ба дар кӯфт, ҷавобаш кардам.
- Дидӣ, он турки Хато душмани ҷон буд маро.
- Гарчи умре ба хато дӯст хитобаш кардам.
- Манзили мардуми бегона чу шуд хонаи чашм,
- Он қадар гиря намудам, ки харобаш кардам.
- Шарҳи доғи дили парвона чу гуфтам бо шамъ,
- Оташе дар дилаш афкандаму обаш кардам.
- Ғарқи хун буду намемурд зи ҳасрат Фарҳод,
- Хондам афсонаи Ширину ба хобаш кардам.
- Дил, ки хунобаи ғам буду ҷигаргӯшаи даҳр,
- Бар сари оташи ҷаври ту кабобаш кардам.
- Зиндагӣ кардани ман мурдани тадриҷӣ буд,
- Ончи ҷон канд танам, умр ҳисобаш кардам.
Зиндони ситам
- Ба зиндони ситам мурғи дилам чун шод мегардад,
- Магар рӯзе, ки аз ин банди ғам озод мегардад.
- Зи озодӣ ҷаҳон ободу чархи кишвари доро,
- Пас аз Машрута бо афзори истибдод мегардад.
- Тапиданҳои дилҳо нола шуд оҳиста-оҳиста,
- Расотар гар шавад ин нолаҳо, фарёд мегардад.
- Шудам чун чарх саргардон, ки чархи каҷраваш то кай
- Ба коми ин ҷафоҷӯ бо ҳама бедод мегардад.
- Зи ашку оҳи мардум бӯи хун ояд, ки оҳанро
- Диҳӣ гар обу оташ, дашнаи фӯлод мегардад.
- Дилам аз ин харобиҳо бувад хуш з-он, ки медонам,
- Харобӣ чун, ки аз ҳадд бигзарад, обод мегардад.
- Зи бедоди фузун оҳангари гумному заҳматкаш,
- Аламдору алам чун Коваи ҳаддод мегардад.
- Алам шуд дар ҷаҳон Фарҳод дар ҷонбозии Ширин,
- На ҳар кас кӯҳкан шуд, дар ҷаҳон Фарҳод мегардад.
- Ба вайронии ин авзоъ ҳастам мутмаин з-он рӯ,
- Ки бунёни ҷафову ҷаври бебунёд мегардад.
- Зи шогирдӣ намудан Фаррухӣ устоди моҳир шуд,
- Бале, ҳар кас ки шогирдӣ намуд, устод мегардад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адбиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Алиасғари Шеърдӯст. Шеъри муосири Эрон. Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон. Душанбе — 2012. Саҳ −65