Jump to content

Фаррух Қосим

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Фаррух Қосимов)
Фаррух Қосим
Фаррух Муҳаммадҷонович Қосимов
Таърихи таваллуд: 1948
Зодгоҳ: Душанбе ҶШС Тоҷикистон
Таърихи даргузашт: 2010
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ:
Касб: коргардони театр,ҳунарпеша
Театр Аҳорун
Ҷоизаҳо:

Фаррух Қосим (Фаррух Муҳаммадҷонович Қосимов; 1948, Сталинобод2010, Душанбе) — ҳунарпеша ва коргардони маъруфи театри тоҷик ва асосгузори театри «Аҳорун». Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон (1997), дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ(1990), дорандаи ордени давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Ордени Шараф" (1999) аст.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]
Фаррух Қосим (акс аз Меҳдӣ Ҷомӣ).

Фаррухи Қосим 17 сентябр соли 1948 дар хонаводаи ҳунармандони саршиноси театр ва синамои тоҷик Муҳаммадҷон Қосимов ва Мушаррафа Қосимова чашм ба олами ҳастӣ кушод. Ҳарчанд волидайн бо таваҷҷуҳ ба мушкилоти мавҷуд дар зиндагии ҳунармандон фарзанди худро барои омӯзиш ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ба бахши физик равона карданд, аммо баъд аз як соли таҳсил дар донишгоҳ Фаррух онро тарк кард ва дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода барои таҳсил дар бахши ҳунарпешаи синамо ва театр пазируфта шуд. Баъд аз поёни давраи таҳсил донишкада Фаррухи ҷавон дар Театри академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ ба унвони ҳунарпеша ва коргардон тайи 20 сол фаъолият намуд ва сипас бо дархости гурӯҳе аз ҳунарпешагони театри ҷавонони ба номи Маҳмуд Воҳидов, коргардонии ин гурӯҳро бар уҳда гирифт. Аз соли 1990 то охири умр ӯ коргардони театри «Аҳорун» дар ш. Душанбе буд. Пас аз як бемории тӯлонӣ Ф. Қосимов дар синни 62-солагӣ аз олам чашм пӯшид.[1]

Театри «Аҳорун» бо ташаббуси ӯ аз январи соли 1990 ба фаъолият шурӯъ кард. Аввалин иқдоме, ки Фаррух анҷом дод, шубҳаҳо дар бораи комгориро аз миёни ҳамсафонаш берун кард, онҳо мутмаъин намуд, ки ин театр ҳатман бунёд мешавад. Фаррух ҳунармандони ҷавонро ҷалб кард ва имрӯз метавонам гӯям, ки бахти онҳо буд, ки бо Фаррух на танҳо ҳамкор шуданд, балки аз ӯ хеле чизҳоро омӯхтанд. Онҳо бо Фаррух дунёи нави ҳунари театри миллиро пайдо карданд. Қариб бист сол Театри «Аҳорун» бинои худро надошт. Кормандонаш маоши хуб ҳам намегирифтанд, вале ҳамаи ин иродаи Фаррух ва дастаи ҳунарии ӯро нашикаст. Онҳо бо талош ва дастгирии ҳамдигар бидуни руҳафтодагӣ ба кор мечаспиданд ва чун намоишнома мақбули бинандагон мегашт, он ҳамаи ранҷҳои бемакониву бемаошӣ фаромӯш мешуд. Ба Эрон «Аҳорун» ҳашт сафари ҳунарӣ дошт. Бинои кинотеатри пешинаи Горкий аз тарафи ҳукумати шаҳри Душанбе таъмири пурра шуд ва тобистони соли 2014 маросими ифтитоҳи театри «Аҳорун» баргузор гардид. Сабоҳат Қосимова завҷаи Ф. Қосимов чунин гуфт: «Хушбахтии мо дар он рӯзҳо канор надошт, чун лаҳзаи расидан ба орзӯи деринамон буд. Чун орзӯи Фаррух амалӣ шуд. Руҳаш хеле шод шуд.»[2]

Фаррух бо Сабоҳат Қосимова (1951-2023) панҷ сол дар донишкада якҷо хондаву баъди супурдани ҳамаи имтиҳонҳои давлатӣ, 29 майи соли 1973 издивоҷ карданд[3].

Намоишномаҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Намоишномаҳои дар саҳнаи театр гузоштаи Фаррухи Қосим — «Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон…», «Даҷҷол» «Исфандиёр», «Шоҳ Фаридун», «Хонасӯзон», «Раъно» ва «Тортюфт» ҳунар, маҳорат ва тавоноии театри тоҷикро на танҳо дар дохил, балки дар Белгия, Эрон, Русия, Ӯзбекистон, Лаҳистон муарифӣ намуд.