Фарсанг
Фарса́нг, фарса́х (парса́нг, параса́нг, параса́нга, фарса́нг, фарса́г, санг, таш, йигач) (форсӣ: فرسنگ, ар. فرسخ, юн. παρασγγης ё παρασάγγης) — ченаки масофа.
Тахрих
[вироиш | вироиши манбаъ]Маълумоти аввалин оид ба фарсанг дар Авесто, инчунин дар асарҳои мулллифони асрҳои 9—10 мавҷуд аст. Дар замонҳои қадим ба ҷои фарсанг сангро кор мефармуданд.
Аксари олимон дарозии 1 фарсангро 6—8 км муайян кардаанд. Аммо фарсанг дар мавзеъҳои мухталиф гуногун буд: дар садаи XIX дар Бухоро, Самарқанд, Тошканд, Фарғона, Хоразм ва Хуҷанд 1 фарсанг баробари 8 чақрим, яъне тақрибан 8,5 км, дар раёнҳои ҷануби Тоҷикистонн имрӯза 1 фарсанг ба 10 ҳазор қадам, тақрибан ба 6—7 км баробар аст.
Аҳолии ҳавзаи дарёи Хингоб, инчунин тоҷикони Қаротегин ва Дарвоз ба ҷои фарсанг ба сифати ченаки дарозӣ масофаи овозрасро истифода мебурданд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Рахимов М. Р., Земледелис таджиков бассейна раён Хингоу в дореволюсионный период, Сталинабад. 1957.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.