Фарҳоди Дарё

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Фарҳоди Дарё
Farhad Darya in 2010-cropped.jpg
Иттилооти асосӣ
Санаи таваллуд

22 сентябр 1962(1962-09-22) (57 сол)

Зодгоҳ
Солҳои фаъолият

1988 — то ҳол

Кишвар
Касб(ҳо)

оҳангсоз, овозхон

Асбоб

reed organ[d] ва вокал[d]

Сабк

мусиқии поп

Commons-logo.svg Аудио, фото, видео дар Викианбор

Фарҳоди Дарё (форсӣ: فرهاد دریا‎; 22 сентябри 1961, Кобул, Афғонистон) — сарояндаи тоҷиктабори Афғонистон.

Зиндагинома[вироиш]

Ҳанӯз дар чордаҳсолагӣ оҳанги аввалинашро бар ғазали Бедил «Ҳам обила ҳам чашм пуроб аст дили ман» эҷод кард, пеши устодон мусиқии классикии форсию ҳиндиро омӯхт ва роҳаш сӯи дарвозаҳои бузургтари мусиқӣ боз шуд, ҳавзаҳои мухталифи мусиқии диёрро аз худ кард. Аз соли 1990 аввал дар Аврупо (Олмону Фаронса) ва аз 1995 дар ИМА зистааст. Солҳои охир тез-тез ба Афғонистон меояд ва консертҳо доир месозад. Мекӯшад тамоми завқоту таъсироти берунаро рӯи мусиқии суннатии дарӣ-тоҷикӣ полад ва ба мардум умед офаринад, халоъ байни дирӯзу имрӯз ва фардо пайдо нагардад, ҳар чизи мудерн дар ҷомеа мақоми шоиста дарёбад. Дар Тоҷикистон ҳаводоронаш ниҳоят зиёданд, бисёр таронаҳояш аз қабили «Ай Ватан месозамат», «Бозорча», «Дунё гузарон», «Дарё», «Баландиҳо», «Дӯстӣ», «Салом алайк», «Худо ҳофиз», «Хушам меояд», «Духтар», «Дунёи фонӣ», «Як дона гул», «Ай хонум», «Як ситора», «Қадри ҳамдигар бидонем», «Гулум-гулум», «Ҷӯра надорӣ ҷӯраҷон» ба сурудҳои дӯстдоштаи хоса ҷавонон табдил ёфтаанд.

Соли 2014 дар озмуни байналмилалии таронасароён — «Ҷило», ки дар Душанбе доир шуд, сазовори шоҳҷоиза гардид.

Эзоҳ[вироиш]

Адабиёт[вироиш]

  • Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. – Душанбе, 2016. – 863 с.