Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Фасод

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид алайҳи фасод

Фасод, коррупсия (англ. corruption, аз лот. corrumpere «фасод кардан», лот. corruptio «ришвадиҳӣ, фурӯхташавандагӣ; вайроншавӣ, таҳриф, таҷзия; фосидшавӣ»)— истилоҳест, ки одатан суиистифода аз мансаби хидматиро барои мақсадҳои шахсӣ ифода мекунад. Фасод шомили аъмоли мутааддиде аз ҷумла ришва ва ихтилос аст. Фасоди давлатӣ ё сиёсӣ замоне иттифоқ меуфтад, ки як масъул ё корманди давлатӣ аз зарфиятҳои расмӣ барои мақосиди шахсии худ сӯиистифода кунад. Дар даҳаҳои гузашта, бисёре аз кишварҳои ҷаҳон сиёсатҳо ва равишҳои муассире барои мубориза бо фасод иттихоз кардаанд.