Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Фатир

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Нону фатир

Фатир — як навъи нон, ки аз хамири норасида мепазанд.

Таркибот ва омодасозӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ба орди гандум об (шир), намак, равған, ҷазза, қима ва баъзан оби пиёз андохта хамир мекунанд. Аз хамир зуволаҳои 400-500-граммӣ бурида, фатири ғафсии канорҳояш 3-4 ва мобайнаш 1-сантиметрӣ месозанд. Ба ҷойи тунуки фатир нонпар ва баъзан ба канораҳои он бо корд рахҳо мегузоранд. Болои фатирҳои сохташударо бо дасторхон 15-20 дақиқа пӯшонида мемонанд, то ки дам гирад. Фатир дар танӯр то сурх шуданаш меистад. Ба рӯйи фатири аз танӯр гирифта равған мемоланд. Навъҳои фатир гуногунанд; фатири кабудидор, фатири ширмол, фатири равғанӣ, хасфатир, фатири кӯрак, фатири чормағзӣ, фатири ҷаззадор, фатири қимагӣ ва ғайра. Ҳар як навъи фатирро бо усули махсус мепазанд. Масалан, тарзи тайёр кардани фатири равғанӣ чунин аст: ба обу шир намак ва равғани дунба ё маска ҳамроҳ мекунанд ва пас об андохта хамир мешӯранд, баъд онро зувола гирифта тунук мекунанд ва ба мобайнаш нонпар зада, гирдашро бо корд нақшдор мекунанд. Дар вақти ба танӯр часпондан ба болои лахча хокистар мепӯшанд, то ки фатир хомсӯз нашавад. Баъди аз танӯр кандани фатир ба рӯяш равған ё шир мемоланд[1].

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Фатир / Н. Шарипов // А — М. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик : [дар 2 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2015—2016, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-79-8.