Фатҳулло Ҷабборов
Ҷабборов Фатҳулло Амриевич | |
Таърихи таваллуд | 1983 |
Зодгоҳ | шаҳри Панҷакент, ҶШС Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | бехатарии иқтисодӣ, қарзи давлатӣ, соҳибкорӣ |
Ҷойҳои кор | Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои иқтисод (2011) |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат (2000-2005) |
Ҷабборов Фатҳулло Амриевич — олим, иқтисодшинос. Номзади илмҳои иқтисодӣ (2011), дотсент.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҷабборов Фатҳулло Амриевич 6-уми августи соли 1983 дар деҳаи Шинг, ҷамоати деҳоти Шинги шаҳри Панҷакент дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Соли 2000-ум гимназияи ба номи Садриддин Айнии шаҳри Панҷакентро хатм намуда, ба Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат дохил шудааст. Соли 2005 донишкадаи мазкурро аз рўи ихтисоси “Иқтисодиёти ҷаҳон” бо дипломи “Аъло” хатм кардааст. Пас аз хатми донишкада, соли 2005 фаъолияти меҳнатиро ба ҳайси ассистент-коромӯзи кафедраи назарияи иқтисодии Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат оғоз намудааст. Аз соли 2008 то 2009 ба ҳайси омӯзгори калони кафедраи туризм ва маркетинг кору фаъолият намудааст. Баъдан аз соли 2009 ба кафедраи навтаъсиси идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ интиқол ёфта, ба ҳайси омӯзгори калон фаъолият кардааст. Соли 2011 рисолаи номзадиро бомуваффақият дифоъ намуда, соҳиби дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ гардидааст. Пас аз дифои рисолаи номзадӣ аз сентябри соли 2011 то соли 2013 дар вазифаи сардори шуъбаи илм ва инноватсияи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат кору фаъолият намудааст. Аз сентябри соли 2013 то инҷониб сардори шуъбаи таълими донишкадаи мазкур мебошад. Иштирокчии як зумра лоиҳаҳои сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла “Рушд ва такмили иқтидори идоракунии донишгоҳ доир ба масоили робитаҳои байналмилалӣ”, “Ҳуҷҷатгузорӣ доир ба сифати барномаҳои таълимӣ” ва ғайраҳо мебошад. Дар чорчӯбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ бо макотиби олӣ ва муассисаҳои илмии хориҷи кишвар ба кишварҳои Озорбойҷон, Федератсияи Россия, Қирғизистон, Қазоқистон, Италия, Испания сафари корӣ ва илмӣ анҷом дода, дар курсҳои такмили ихтисос, форумҳо, конфронсу симпозиумҳо иштирок ва маърўза намудаст.
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Солҳои 2007-2011 аспиранти шуъбаи ғоибонаи кафедраи назарияи иқтисодии Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат буд. Соли 2011 дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С. Осимӣ рисолаи номзадиро дар мавзӯи “Таъмини бехатарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити қарзгирии беруна” ҳимоя намуда, сазовори дараҷаи номзади илмҳои иқтисодӣ гардидааст. Фаъолияти илмии ӯ ба масоили қарзи берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини бехатарии иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар чорчӯбаи таҳқиқоти илмӣ дар заминаи омӯзиши ҷанбаҳои назариявӣ, модели такмилёфтаи таъсири қарзи берунаро ба маҷмуи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия намудааст. Ҳамчунин омилҳои асосии таъсиррасонандии қарзи беруна ба ММД –и Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян ва тасниф намуда, таҳлили иқтисодӣ-риёзии омилҳои калидии ММД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидааст. Дар таҳқиқоти илмии ӯ асоснок карда шудааст, ки истифодаи механизми “фурӯши квотаҳо” барои партовҳо ба сифати яке аз усулҳои самаранокии камсозӣ ва танзими ҳаҷми қарзи берунаи мамлакат баромад мекунад. Ғайр аз ин, проблемаҳои асосии идоракунии қарзи берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (номукаммалии заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ, номукаммалии низоми баҳисобгирӣ, сатҳи пасти шаффофият ва ғайраҳо) –ро муайян намуда, тадбирҳои мушаххасро доир ба бартарафсозии онҳо пешниҳод кардааст. Ҳамчунин дар чорчӯбаи монографияҳои илмӣ пешниҳодоти мушаххаси илман асосноки хешро доир ба идоракунии қарзи берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳимояи бахшҳои алоҳидаи иқтисодиёти миллӣ дар шароити узвият ба Созмони умумиҷаҳонии савдо (СУС) манзур намудааст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҷабборов Фатҳулло Амриевич муаллифи бештар аз 60 мақолаву асарҳои илмӣ, аз ҷумла 2 монография мебошад.
Китобҳо (Монографияҳо)
[вироиш | вироиши манбаъ]- Управление государственным внешним долгом Республики Таджикистан: модели и стратегии Текст: Монография / Ф.А. Джабборов –Душанбе: Издательство «Ирфон», 2016. – 150 с.
- Таджикистан и ВТО: вопросы секторальной адаптации и инструменты нейтрализации возможных угроз. Монография / Б.М. Джумъаев, Ф.А. Джабборов, Т.Х. Каримова. – Душанбе: Издательство «Ирфон», 2016. – 128с.
- Economic trends and forecasting of indicators of Tajikistan’s foreign trade// Tajikistan in transition. Can good macroeconomic policy combat poverty? Riga: Tiasu namu agenture, 2014, Chapter 5. (p. 165-173)
Китобҳои дарсӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]- Фаъолияти рекламавӣ. - Душанбе, Ирфон, 2010. – 170 С.
Мукофотҳо ва ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2012)