Фахруддин Аҳмади Котиб
Зоҳир
форсӣ: احمد کاتب | |
Навъи фаъолият: | хаттот, хушнавис |
Фахруддин Аҳмади Котиб (форсӣ: فخرالدین احمد کاتب; соли таваллуд ва вафот номаълум) — хаттот ва хушнависи[1] маъруф (асри 15).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Тафсилоти зиндагиаш маълум нест. Ба хатти вай як нусхаи «Куллиёти Камоли Хуҷандӣ» дар Осорхонаи осори исломӣ ва турк дар Истанбул маҳфуз аст, ки бо хатти зебо китобат шудааст. Аз осори хаттотии ӯ инчунин баъзе тарҷеот аз маҷмӯаи тарҷеъбандҳо (дар китобхонаи Маҷлиси Шӯрои Миллии Эрон маҳфуз аст) ва як руқъа аз мураққае (дар китобхонаи Хазинаи авқофи Истанбул) боқӣ мондааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ احمد کاتب | مرکز دائرةالمعارف بزرگ اسلامی. www.cgie.org.ir. 19 апрели 2024 санҷида шуд.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Аҳмади Котиб // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
- مهدی بيانی. احوال و اثار خوشنويسان. تهران، ۱۳۴۵