Jump to content

Федератсияи санъати муҳорибаҳои омехтаи Тоҷикистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Федератсияи санъати муҳорибаҳои омехтаи Тоҷикистон (TAJMMAF)
Номи байналмилалӣ Tajikistan Mixed Martial Arts Federation
Соли таъсис 2017
Навъ санъати муҳорибаҳои омехта
Президент Даврон Ҷураев
Макон  Тоҷикистон
Сайт tajmma.tj

Федератсияи санъати муҳорибаҳои омехтаи Тоҷикистон (англ.  Tajikistan Mixed Martial Arts Federation) — ташкилоти варзишӣ 31 октябри соли 2017, №1805 дар Вазорати адлия ба қайди давлатӣ гирифта шудааст ва аз 15 ноябри соли 2019 фаъолияти худро оғоз намуда, дар асоси талаботҳои қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, оинномаи худ ва стандартҳои Федератсияи байналмилалии санъати муҳорибаҳои омехтаи ғайрикасбӣ (IMMAF) фаъолият мекунад.

Ҳадафи аз ифтитоҳи Федератсияи санъати муҳорибаҳои омехтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон — фароҳам овардани шароити мусоид барои варзишгарони ҷавону наврас, калонсолон ва ба ин васила рушди тарбияи ҷисмонӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

  • Даврон Ҷураев – Раиси Федератсия
  • Бахтиёр Хоҷаев – Ноиби Раиси Федератсия
  • Хушмаҳмад Пиров – Директори иҷроиявии Федератсия
  • Фарҳод Муртазоев – Роҳбари намояндаги дар ш. Душанбе
  • Олег Гришин – Роҳбари коллегияи доварон

Мусобиқаҳои дохилӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар доираи фаъолияти худ Федератсияи санъати муҳорибаҳои омехтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола мусобиқаҳои зеринро баргузор мекунад:

  • Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ миёни калонсолон
  • Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ миёни наврасон ва ҷавонон
  • Мусобиқаи кушоди шаҳри Душанбе
  • Мусобиқаи кушоди вилояти Хатлон
  • Мусобиқаи кушоди вилояти Суғд
  • Мусобиқаҳои вилоятӣ

Дар ҳама мусобиқаҳои дохилӣ Федератсия номинатсияҳои беҳтаринро дар алоҳидагӣ байни ҷавонон ва калонсолон дар самтҳои зерин пешниҳод ва қадрдонӣ менамояд, инҳо «Варзишгари беҳтарин», «Нокаути беҳтарин», «Сабмишени беҳтарин» ва «Муҳорибаи беҳтарин» мебошанд.

Қоидаҳои мазкури намуди варзиши "санъати муҳорибаҳои омехтаи ғайрикасбӣ" (Amateur Mixed Martial Arts (AMMA)) тибқи талаботҳои асосии қоидаҳои техникӣ ва Қоидаҳои мусобиқаҳои кушодаи муҳорибаҳои омехта аз ҷониби Федератсияи байналмилалии санъати муҳорибаҳои омехта IMMAF таҳия гардида, барои ташкилотҳое, ки мусобиқаи муҳорибаҳои омехтаи ғайрикасбиро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил менамоянд, ҳатмӣ мебошанд. Тибқи талаботи IMMAF(пайванди дастнорас), 5 категорияи синнусолии мусобиқаҳои АММА ((Amateur Mixed Martial Arts )-ро танзим менамояд:

Тибқи талаботи IMMAF, 5 категорияи синнусолии мусобиқаҳои АММА (Amateur Mixed Martial Arts)-ро танзим менамояд:

Наврасон:

  • Youth C (U14): 12–13 сола
  • Youth B (U16): 14–15 сола
  • Youth A (U18): 16–17 сола

Ҷавонон:

  • Juniors (U21): 18-20 сола

Калонсолон:

  • Seniors 18+: аз 18 сола боло

Давомнокии рақобат

  • Youth C (U14): 12–13 сола – 1 раунд – 3 дақиқа
  • Youth B (U16): 14–15 сола – 1 раунд – 4 дақиқа
  • Youth A (U18): 16–17 сола – 3 раунд 2-дақиқагӣ (танаффус байни раундҳо 60 сония)
  • Juniors U21 ва Seniors +18: 3 раунд 3-дақиқагӣ (танаффус байни раундҳо 60 сония)

Бо мақсади ба варзишгарон пешниҳод намудани вақти иловагии рақобат дар рафти мусобиқа (тибқи синну сол зиёд намудан), он аз 3 то 4 ва то 6 дақиқа мутаносибан зиёд гардонида мешавад.

Рақобат набояд таҳти шакли ду давр сурат гирад, зеро эҳтимолияти натиҷаи мусовӣ хеле меафзояд.

Қоидавайронкуниҳо

  • Бо сар задан;
  • Кофтани чашм дар дилхоҳ шакл;
  • Газидан ва ё ба ҳариф туф кардан;
  • Кашидани ҷоғ (шакли доштани моҳӣ)
  • Кашидани муй
  • Партофти ҳариф ба канвас бо сар ва ё гардан ба поён;
  • Задан ба ҳароммағз ва ё пушти сар. Ҳароммағз думғозаро дар бар мегирад;
  • Зарба ба гулӯ дар дилхоҳ шакл ва ё чанг задан ба найи нафас;
  • Дароз намудани ангуштон ба сӯи рӯи/чашми ҳариф;
  • Задани зарба бо оринҷ аз самти боло ба поён (12 то 6);
  • Дилхоҳ намуди зарба ба қадкашак;
  • Бо пошна ва ё бо пой ба сари ҳарифи дар замин афтода задан;
  • Бо сахтии пой ҷаҳидан ба варзишгари базаминафтода;
  • Доштани дастпӯшакҳо, шортҳо, сипарҳо ва ё либосҳои варзишии ҳариф;
  • Доштан ва ё чанг задани девораҳо бо ангуштони даст ва ё пой;
  • Усули дардовар ба буғумҳои хурд (ангуштон ва ангуштони пой);
  • Партофтани ҳариф берун аз майдони муҳориба
  • Барқасдона андохтани ангушт ба дилхоҳ сурохӣ, буриш ва ё захмҳои ҳарифи худ;
  • Харошидан, пучидан ва тоб додани бадан;
  • Беҷуръатӣ (саркашӣ намудан аз алоқа ва ё пайваста партофтани каппа аз даҳон ва ё нишон додани ҷароҳати қалбакӣ);
  • Истифодаи лафзи қабеҳ дар майдони муҳориба;
  • Ошкоро риоя накардани дастури доварон;
  • Рафтори ғайриварзишие, ки ба ҳариф ҷароҳат мерасонад;
  • Ба ҳариф пас аз баромадани садои зангула ҳуҷум намудан, дар охири давраи муҳориба;
  • Ба ҳариф дар давоми танаффус ҳуҷум намудан;
  • Ҳамла намудан ба ҳарифе, ки зери назорати довар қарор дорад;
  • Дахолат аз тарафи кунҷ ва ё сониясанҷҳои санъаткори муҳорибаи омехта;
  • Истифодаи моддаҳои ғайр ба сар ва ё бадан бо мақсади ба даст овардани афзалият.

Усулҳои манъшуда

Илова бар қоидавайронкуниҳои дар боло зикргардида, усулҳое, ки новобаста аз дараҷа ва синну соли гурӯҳҳо дар АММА манъ мебошанд, инҳо ба ҳисоб мераванд:

  • Зарбаи дилхоҳ бо оринҷ ва бозу ба сар ё бадан;
  • Ҳиил Ҳук (тоб додани пошна).
  • Тобдиҳӣ, печондани гардан, усули “зарфакушояк”, таслимнамоӣ ва / ё ягон усули дарднок, ки дар он фишор ба гардан ё сутунмӯҳра дода мешавад;
  • Бо зону ба сари ҳариф задан
  • Илова бар қоидавайронкуниҳо ва усулҳои манъшудаи болозикр барои мусобиқаҳои ғайрикасбӣ маҳдудиятҳои зерин низ барои категорияи наврасони қайдшуда пешбинӣ гардидаанд:
  • Дар мусобиқаҳои дилхоҳ категорияҳои наврасон Youth A, B ва C зарба ба сар ва рӯй иҷозат дода намешавад.

Youth С – Наврасони 12-13 сола

  1. Ягон зарба бо зону;
  2. Ягон зарба ба варзишгари базаминафтода;
  3. Лат додани китф ва пой аз зону поён то пошна;
  4. Гирифтани банди даст;
  5. Усулҳои дардовари пойҳо;
  6. Усулҳои дардовари дастон;
  7. Партофти дурушт, партофт тавассути китф/сар ё ҷаҳиш;
  8. Буғикунии “гилиотин” дар тамоми намудаш;
  9. Зарбаҳои мустақим ба зону;
  10. Зарба бо пой аз поён ба боло дар ҳолати партер;
  11. Бо сахтии пой ҷаҳидан ба варзишгари базаминафтода.
  12. Дилхоҳ партофт ба воситаи рон ё дигар шаклҳои ҳамин намуди партофт бо назорати сар ва даст иҷозат дода мешавад.

Youth В – Наврасони 14-15 сола

  1. Ягон зарба бо зону;
  2. Ягон зарба ба варзишгари базаминафтода;
  3. Лат додани китф ва пой аз зону поён то пошна;
  4. Гирифтани банди даст;
  5. Усулҳои дардовари пойҳо (усулҳои иҷозатдодашудаи барои пой – вайронкунии “ахиллесови буғум“ усули “рақами чор” танҳо дар пои рости ҳариф иҷро карда мешавад.);
  6. Усулҳои дардовари дастон;
  7. Партофти дурушт, партофт тавассути китф/сар ё ҷаҳиш;
  8. Буғикунии “гилиотин” дар тамоми намудаш;
  9. Зарбаҳои мустақим ба зону;
  10. Зарба бо пой аз поён ба боло дар ҳолати партер;
  11. Бо сахтии пой ҷаҳидан ба варзишгари базаминафтода.

Доштани усули “рақами чор” танҳо дар пойи рости ҳариф иҷро карда мешавад. Вақте ки пойи ҳариф ба зону қад шудааст, иҷрои ин усул манъ аст.

Буғии “гилиотин” метавонад бо даст иҷро карда шавад ва дар ҳолати партер анҷом дода шавад.

Youth А – Наврасони 16-17 сола

  1. Ягон зарба бо зону;
  2. Ягон зарба ба варзишгари базаминафтода. Дар ин ҳолат танҳо зарба бо даст ба бадан иҷозат дода шудааст.
  3. Лат додани китф ва пой аз зону поён то пошна;
  4. Гирифтани банди даст;
  5. Партофти дурушт, партофт тавассути китф/сар ё ҷаҳиш;
  6. Буғикунии “гилиотин” дар тамоми намудаш;
  7. Зарбаҳои мустақим ба зону;
  8. Зарба бо пой аз поён ба боло дар ҳолати партер;
  9. Бо сахтии пой ҷаҳидан ба варзишгари базаминафтода.

Усули доштани “рақами чор” танҳо дар пойи рости ҳариф иҷро карда мешавад. Вақте ки пойи ҳариф ба зону қад шудааст, иҷрои ин усул манъ аст. Буғии “гилиотин” бояд дар ҳолати партер анҷом дода шавад.

Дастовардҳои размкорони тоҷик дар арсаи байналмилалӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]
Сана: 30 Июл - 1 Август, 2021 Макон:  Булғористон, София Чемпионати ҷаҳон миёни наврасон ва ҷавонон 2021
Варзишгар Синну сол Вазн Тилло Нуқра Биринҷӣ Ҳамагӣ
Умед Маҳмадиев 16-17 52.2 kg 4
Хуршед Қудратов 14-15 67 kg
Аслиддини Баҳриддин 14-15 40 kg
Исмоил Зайниддинов 12-13 40 kg

Сана: 16-20 Август, 2021 Макон:  Русия, Казан Открытый Чемпионат Европы среди взрослых и юниоров 2021
Варзишгар Синну сол Вазн Тилло Нуқра Биринҷӣ Ҳамагӣ
Алиакбар Арзакулов Ҷавонон (U21) 52.2 кг 6
Отабек Раҷабов Ҷавонон (U21) 61.2 кг
Беҳрӯз Хуршедзода Ҷавонон (U21) 70.3 кг
Амирҳамза Исламов Калонсолон 18+ 61.2 кг
Бахтиёр Хусайнов Калонсолон 18+ 65.8 кг
Икромҷон Ахмедов Калонсолон 18+ 70.3 кг

Сана: 8-11 Сентябр, 2021 Макон: Чехия, Прага Ҷоми ҷаҳон миёни ҷавонон ва калонсолон 2021
Варзишгар Синну сол Вазн Тилло Нуқра Биринҷӣ Ҳамагӣ
Муҳаммад Салохиддинов Ҷавонон (U21) 56.7 кг 8
Хаким Абдуллоев Ҷавонон (U21) 56.7 кг
Отабек Раҷабов Ҷавонон (U21) 61.2 кг
Беҳрӯз Хуршедзода Ҷавонон (U21) 70.3 кг
Абубакр Боймуродов Калонсолон 18+ 56.7 кг
Бахтиёр Ҳусайнов Калонсолон 18+ 65.8 кг
Икромҷон Ахмедов Калонсолон 18+ 70.3 кг
Ҷовидон Маҳмудов Калонсолон 18+ 77.1 кг

Сана: 24-29 Январ, 2022 Макон:  Аморати Муттаҳидаи Араб, Абу-Даби Чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонон ва калонсолон 2021
Варзишгар Синну сол Вазн Тилло Нуқра Биринҷӣ Ҳамагӣ
Ёқубҷон Сафаров Ҷавонон (U21) 52.2 кг 7
Муҳаммад Салоҳиддинов Ҷавонон (U21) 56.7 кг
Беҳрӯз Хуршедзода Ҷавонон (U21) 70.3 кг
Қосим Сардоров Ҷавонон (U21) 77.1 кг
Асадбек Маннонов Ҷавонон (U21) 120+кг
Бахтиёр Ҳусайнов Калонсолон 18+ 65.8 кг
Ҷовидон Маҳмудов Калонсолон 18+ 77.1 кг

Сана: 17-20 Август, 2022 Макон:  Аморати Муттаҳидаи Араб, Абу-Даби Чемпионати ҷаҳон байни наврасони 12-17 сола
Варзишгар Категория Вазн Тилло Нуқра Биринҷӣ Ҳамагӣ
Ислом Саидов Youth A 52.2 кг 21
Аминҷон Сайвалиев Youth A 52.2 кг
Яҳё Ҷумаев Youth A 56.7 кг
Талабшо Ниёзов Youth A 56.7 кг
Аҳмадшоҳ Абдуллоев Youth A 70.3 кг
Ҷамшед Неъматов Youth A 83.9 кг
Фарҳоди Давлаталӣ Youth B -40 кг
Исмоил Зайниддинов Youth B -44 кг
Абубакр Нормуратов Youth B -44 кг
Амруллои Амриддин Youth B -48 кг
Саидамир Хаскашов Youth B -48 кг
Муҳаммад Саидзода Youth B -52 кг
Абубакр Алиҷонзода Youth B -57 кг
Абубакр Ғафуров Youth B -62 кг
Хайёмҷон Чуянов Youth C -31 кг
Абубакир Рустамов Youth C -31 кг
Сунатулло Наврузов Youth C -34 кг
Хуршеҷон Шокиров Youth C -37 кг
Сатторов Абубакр Youth C -48 кг
Абдунаим Раҳимов Youth C -44 кг
Маҳмуд Пиров Youth C 57+кг

Сана: 27-30 Октябр, 2022 Макон:  Тоҷикистон, Душанбе Чемпионати Осиё миёни ҷавонон ва калонсолон 2022
Варзишгар Категория Вазн Тилло Нуқра Биринҷӣ Ҳамагӣ
Воҳид Зоҳидзода Ҷавонон (U21) 52.2 кг 35
Ёкубҷон Сафаров Ҷавонон (U21) 52.2 кг
Отабек Раҷабов Ҷавонон (U21) 61.2 кг
Лутфулло Соҳибназаров Ҷавонон (U21) 61.2 кг
Умарҷон Мансуров Ҷавонон (U21) 65.8 кг
Суҳробҷон Чакалов Ҷавонон (U21) 65.8 кг
Умар Сафаров Ҷавонон (U21) 70.3 кг
Накуном Усмонов Ҷавонон (U21) 70.3 кг
Муслиҳиддини Файзиддин Ҷавонон (U21) 70.3 кг
Довудшоҳ Зиёев Ҷавонон (U21) 83.9 кг
Тоҳир Валиев Ҷавонон (U21) 83.9 кг
Билолиддин Неъматов Ҷавонон (U21) 93 кг
Қавдил Муҳаммад Фируз Ҷавонон (U21) 120.2 кг
Муниса Раҳмонова Бонувон: Ҷавонон (U21) 47.6 кг
Мавлуда Иброҳимова Бонувон: Ҷавонон (U21) 47.6 кг
Манижа Самадова Бонувон: Ҷавонон (U21) 61.2 кг
Шоҳона Гозоева Бонувон: Ҷавонон (U21) 61.2 кг
Исрофил Комилзода Калонсолон 18+ 52.2 кг
Муҳаммад Салохиддинов Калонсолон 18+ 56.7 кг
Зафаршо Шомирсаидов Калонсолон 18+ 56.7 кг
Акром Узоков Калонсолон 18+ 61.2 кг
Мирзобек Умаров Калонсолон 18+ 61.2 кг
Шоймард Абдулназаров Калонсолон 18+ 61.2 кг
Манучеҳр Риоев Калонсолон 18+ 65.8 кг
Исомиддин Зокиров Калонсолон 18+ 65.8 кг
Масъуд Одинаев Калонсолон 18+ 70.3 кг
Ҷовидон Маҳмудов Калонсолон 18+ 77.3 кг
Халид Толибзода Калонсолон 18+ 83.9 кг
Қосим Сардоров Калонсолон 18+ 83.9 кг
Анвар Лангариевич Калонсолон 18+ 93 кг
Абдулло Назаров Калонсолон 18+ 93 кг
Фируз Холов Калонсолон 18+ 120.2 кг
Шоҳрух Фатоев Калонсолон 18+ +120.2 кг
Абдубашир Бафоев Калонсолон 18+ +120.2 кг
Ватансултон Шакаршоева Бонувон: Калонсолон 18+ 52.2 кг

Сана: 11-18 Феврал, 2023 Макон:  Сербия, Белград Чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонон ва калонсолон 2022
Варзишгар Синну сол Вазн Тилло Нуқра Биринҷӣ Ҳамагӣ
Воҳид Зоҳидзода Ҷавонон (U21) 52.2 кг 12
Лоиқ Икромов Ҷавонон (U21) 56.7 кг
Отабек Раҷабов Ҷавонон (U21) 61.2 кг
Лутфулло Соҳибназаров Ҷавонон (U21) 65.8 кг
Умар Сафаров Ҷавонон (U21) 70.3 кг
Мустафо Алибеков Ҷавонон (U21) 77.1 кг
Манижа Самадова Бонувон: Ҷавонон (U21) 65.8 кг
Муҳаммад Салоҳиддинов Калонсолон 18+ 56.7 кг
Мирзобек Умаров Калонсолон 18+ 61.2 кг
Акром Узаков Калонсолон 18+ 61.2 кг
Масъуд Одинаев Калонсолон 18+ 70.3 кг
Азмуддин Ваҳобов Калонсолон 18+ 120.2 кг
Сана: 2-5 Август, 2023 Макон:  Аморати Муттаҳидаи Араб, Абу-Даби Чемпионати ҷаҳон миёни наврасон 2023
Варзишгар Синну сол Вазн Тилло Нуқра Биринҷӣ Ҳамагӣ
Сайалӣ Камолов Youth A 52.2 kg 13
Отабек Раҷабов Youth A 56.7 kg
Ҷавоҳир Шодиев Youth A 65.8 kg
Абубакр Ғаффуров Youth A 65.8 kg
Икболҷони Иномҷон Youth A 83.9 kg
Юсуф Иброҳимзода Youth B 40 kg
Исмоил Зайниддинов Youth B 48 kg
Муҳаммад Саидзода Youth B 57 kg
Муҳаммадҷон Пиров Youth B 62 kg
Санҷарбек Раҳматуллоев Youth B 67 kg
Нуршед Қувватов Youth С 31 kg
Хуршедҷон Шокиров Youth C 40 kg
Ёқуб Искандарзода Youth С 62 kg
Сана: 19-25 Ноябр, 2023 Макон:  Албания, Тирана Чемпионати ҷаҳон 2023
Варзишгар Синну сол Вазн Тилло Нуқра Биринҷӣ Ҳамагӣ
Бежан Хоҷалиев Juniors (U21) 52.2 kg 17
Мудасир Сайалиев Juniors (U21) 52.2 kg
Ёкубҷон Сафаров Juniors (U21) 56.7 kg
Бузургмеҳр Сайфуллозода Juniors (U21) 61.2 kg
Одина Назаров Juniors (U21) 65.8 kg
Иброҳим Раҳимзода Juniors (U21) 70.3 kg
Манижа Самадова Juniors (U21) 61.2 kg
Воҳид Зоҳидзода Seniors +18 52.2 kg
Лоиқ Икромов Seniors +18 56.7 kg
Отабек Раҷабов Seniors +18 61.2 kg
Акром Узаков Seniors +18 61.2 kg
Умар Сафаров Seniors +18 65.8 kg
Масъуд Одинаев Seniors +18 70.3 kg
Беҳрӯз Хуршедзода Seniors +18 70.3 kg
Ҷовидон Маҳмудов Seniors +18 77.1 kg
Сарабеки Сироҷиддин Seniors +18 77.1 kg
Қосим Сардоров Seniors +18 83.9 kg
Сана: 10-16 Декабр, 2023 Макон:  Баҳрайн, Манама Чемпионати Осиё 2023
Варзишгар Синну сол Вазн Тилло Нуқра Биринҷӣ Ҳамагӣ
Ёқуб Турсунзода Youth C 34 kg 6
Фирузҷон Амриддинзода Youth C 37 kg
Муҳаммад Аҳмадов Youth C 52 kg
Ислом Саидов Juniors (U21) 52.2 kg
Наврӯз Қаҳоров Juniors (U21) 61.2 kg
Иброҳим Раҳимзода Juniors (U21) 70.3 kg
Сана: 6-10 Август, 2024 Макон:  Аморати Муттаҳидаи Араб, Абу-Даби Чемпионати ҷаҳон миёни наврасон 2024
Варзишгар Синну сол Вазн Тилло Нуқра Биринҷӣ Ҳамагӣ
Фарҳоди Давлаталӣ Youth A 52.2 kg 23
Исмоил Зайниддинов Youth A 52.2 kg
Муҳаммад Саидзода Youth A 56.7 kg
Амруллои Амриддин Youth A 56.7 kg
Муҳаммадчон Пиров Youth A 65.8 kg
Муҳаммадчон Абдуллозода Youth A 77.1 kg
Синои Абуалӣ Youth A 83.9 kg
Абдулло Шоев Youth A 93 kg
Абубакр Рустамов Youth B 40 kg
Ҳусейнчон Баротов Youth B 40 kg
Хайдарҷон Қарабеков Youth B 44 kg
Умар Шарифов Youth B 48 kg
Ёсин Нурмаҳмадов Youth B 52 kg
Абубакр Сатторов Youth B 57 kg
Ёқуб Искандарзода Youth B 72 kg
Усмон Назаров Youth B 77.1 kg
Ҳалимҷон Давлатов Youth С 31 kg
Нуршед Қувватов Youth С 34 kg
Умарҷон Файзалиев Youth C 34 kg
Акмал Собирзода Youth C 37 kg
Амир Собирзода Youth C 48 kg
Муҳаммадали Саъдуллоев Youth С 52 kg
Илҳом Хамидов Youth C 57 kg
Сана: 18-22 Август, 2024 Макон:  Покистон, Лаҳор Чемпионати Осиё 2024
Варзишгар Синну сол Вазн Тилло Нуқра Биринҷӣ Ҳамагӣ
Сайалӣ Камолов Juniors 52.2 kg 14
Ёкубҷон Сафаров Juniors 56.7 kg
Аҳмадшоҳ Абдуллоев Juniors 65.8 kg
Иброҳим Раҳимзода Juniors 70.3 kg
Парвизшоҳ Қурбоналиев Juniors 70.3 kg
Мустафо Алибеков Juniors 83.9 kg
Воҳид Зоҳидзода Seniors 56.7 kg
Бузургмеҳр Сайфуллозода Seniors 61.2 kg
Умар Сафаров Seniors 65.8 kg
Суҳробҷон Чақалов Senioirs 65.8 kg
Беҳрӯз Хуршедзода Senioirs 70.3 kg
Ҷовидон Маҳмудов Seniors 77.1 kg
Қосим Сардоров Seniors 83.9 kg
Азмуддин Ваҳобов Seniors 120.2 kg