Феъл (дастури забон)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Феъл — ҳиссаи мустақили нутқ мебошад, ки амал ва ҳолату вазъиятро ҳамчун амал мефаҳмонад. Ҳамаи шаклҳои феълӣ ба ду гурӯҳи калон ҷудо мешаванд. Гурӯҳи якум феълҳои тасрифӣ ном дорад. Ин гуна феълҳо бо бандакҳои шахсии феълӣ ва хабарӣ тасриф меёбанд. Ба ин гурӯҳ феълҳои дорои категорияи шахсу шумора, тарз, намуд, замон ва сиға дохил мешаванд ва онҳо дар ҷумла одатан хабар шуда меоянд. Гурӯҳи дуюмро шаклҳои тасрифнашавандаи феъл ташкил медиҳанд. Ба ин гурӯҳ масдар, сифати феълӣ, ва феъли ҳол дохил мешавад. Феъл ду асос дорад ва ҳамаи шаклҳои феълии забонамон аз ҳамин ду асос сохта мешаванд: асоси замони гузашта ва асоси замони ҳозира.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик. — Душанбе: Дониш, 1985. — 172саҳ.