Филми мазҳакавӣ
Филми комедия, филми комедиявӣ ё кинокомедия — комедия дар филм мебошад. Ин жанри синамо буда, филмҳоеро дар бар мегирад, ки мақсади тамошобинонро хандондан, табассум ва рӯҳро болида бахшидан мебошад. Дар баробари драма, филмҳои тарснок ва фантастикаи илмӣ, комедия яке аз жанрҳои асосии филмҳо мебошад. Якчанд намуд ё жанрҳои филми мазҳакавӣ мавҷуданд:
- Филми тарсноки комедиявӣ — мазҳакаест, ки дар он саҳнаҳои ҳаҷвӣ бо саҳнаҳои даҳшат омезиш дода мешаванд ё комедияи тарснокро пародияи филмҳои мазҳака ном мебаранд.
- Комедияи вазъиятӣ- комедияҳое, ки дар онҳо саҳнаҳо ҳолатҳои гуногунро нишон медиҳанд.
- Комедияи ҷиноӣ - мазҳака мебошад, ки қаҳрамонҳои асосии он гангстерҳо, дуздон, полисҳо ё мазҳака бо унсурҳои филми ҷиноятӣ мебошанд.
- Комедияи мусиқавӣ - мазҳакае мебошад, ки мусиқӣ ва сурудҳои зиёд дорад.
- Пародия - комедияҳое, ки жанрҳои дигарро тақлид мекунанд.
- Комедияи румонтикӣ - мазҳака дар бораи ишқ ва муҳаббат.
- Комедияи ҳаҷвӣ - бо унсурҳои ҳаҷв.
- Трагикомедия - мазҳакаҳое, ки дар онҳо саҳнаҳои ҳаҷвӣ бо қисмҳои фоҷиабор якҷоя карда шудаанд.
- Комедияи экстсентрикӣ - буффонада дар экрани синамо.
Филми мазҳакавӣ тақрибан дар як вақт бо пайдоиши кинематография ба вуҷуд омадааст. Комедияҳои бесадо ҳатто баъд аз пайдо шудани садо ба тамошобинон хеле маъмул буданд. Маъруфтарин ҳаҷвнигори даврони филми бесадо Чарли Чаплин буд.
Тибқи як пурсиши васеъмиқёси мутахассисони соҳаи синамо, ки ҳар даҳ сол аз ҷониби нашрияи бритониёии Sight & Sound гузаронида мешавад, коршиносон филмҳои мазҳакавии "The General" (Бастер Китон), "City Lights" (Чарли Чаплин), "Singin' In The Rain" (Сэндли Донен), Some Like It Hot (Билли Уайлдер) ва Play Time (Жак Тати)-ро олӣ мехонанд[1].
Тавлиди филмҳои мазҳакавӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Филми мазҳакавӣ ҳамзамон бо синамо пайдо шудааст. Ҳатто пеш аз пайдоиши синамо, қисмҳои таркибии он вуҷуд доштанд: аксгирӣ, дастгоҳи сабти овоз. Китобчаҳои бозичавӣ маъмул буданд, ки дар сафҳаҳои онҳо расмҳои тақрибан якхела кашида мешуданд. Аммо агар китобро зуд варақ занед, чунин менамуд, ки расм ҳаракат ё ягон амале иҷро мекунад.
Аввалин намоиш чанд филми Бародарони Люмер буданд, ки 28 декабри соли 1895 дар таҳхонаи як қаҳвахона дар Булвар Капутсинок намоиш дода шуд ва ин ҳам филми мазҳакавии "L'Arroseur arrosé" буд: боғбон гулҳоро бо рӯдаи резинӣ об медиҳад; писараке бо пояш рӯдаро зер мекунад, ва об ҷорӣ намешавад; боғбони ҳайрон ба даруни рӯда назар мекунад, писарак пояшро мебардорад ва ҷараёни об ба рӯи боғбон мепошад. Ин саҳнаро метавон ҳамчун мазҳакаи классикӣ тасниф кард.
Рушди филмҳои мазҳакавӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Вақте синамо дар саросари ҷаҳон паҳн шуд, ибтидо бештар мазҳакаҳо пайдо мешуданд, зеро жанри тахайюлӣ ва филми тарснокро ҳанӯз Ҷорҷ Мелиес ихтироъ накарда буд. Аввалин ҳаҷвнигори машҳури ҷаҳон Андре Дед буд, ки мазҳакаҳои кӯтоҳ ба навор мегирифт. Андре Дед нақшеро мебозад, ки доимо дар ҳолатҳои ногувор қарор мегирад: ҳама ӯро мекӯбад, об мепошад ва ғайраҳо. Комедияҳо бо иштироки Дид хеле маъмул буданд ва дар кишварҳои мухталиф қаҳрамони ӯро ҳар хел меномиданд: дар Италия - Кретинетти, дар Испания - Санчо, дар Амрикои Лотинӣ - Торрибио, дар Русия - Аҳмақ. Дар саросари ҷаҳон тақлидгарони зиёде дошт ва мазҳакаҳои онҳо низ муваффақ мешуданд. Ҳамин тавр то соли 1907 идома ёфт, вақте мазҳакаи кӯтоҳи "Аввалин қадамҳо дар рӯи ях" дар экранҳои Фаронса пахш шуд дар он номи Макс Линдери ношинос пайдо шуд. Мувофиқи сюжет, қаҳрамони Линдер бояд конкитозӣ мекард, ки Макс дар умраш ҳеч гоҳ накарда буд. Кӯшишҳои ӯ дар пои худ истодан ва ба ҳеч ваҷҳ наафтодан дар камера сабт шуданд ва ба Линдер маъруфияти аввалин овард. Баъдтар, дар соли 1908, вақте ки Андре Дид ба Италия рафт, Макс бо боварӣ ҷои ӯро гирифт. Линдер аввалин ҳаҷвнигоре шуд, ки бо як персонаже баромад кардааст, ки намуди зоҳириаш ба жанри ҳаҷв тамоман мувофиқат намекунад. Линдер жанри мазҳакаро ба тарзи худ инкишоф дод. Баръакси Дед, Линдер дар филмҳояш табассум намекард, чеҳраи ӯ ҷиддӣ ва ҳақиқӣ буд. Линдер на ба шахси хандоваре монанд буд, ки дар ҳолатҳои ногувор меафтад, балки шахси воқеӣ, ки худро дар ҳолатҳои хандовар меафтад. Линдер бо филмҳои худ ба жанри мазҳака на танҳо ҳиллаҳои қавӣ, балки усули бунёди мазҳакаро ҳамчун жанр илова кард. Линдер инчунин на аз рӯи мавқеъ, балки аз рӯи образи офаридааш латифаҳо эҷод кардааст. Қаҳрамони Линдер табиб, ошпаз, ва омӯзгори рақс аст, аммо ӯ ҳамеша шево, зебо бо муйлабҳои фаронсавӣ ва зирак буда ба кори одӣ одат накардааст. Ҳамин тавр, дар яке аз наворҳо ба қаҳрамони Линдер супориш дода шудааст, ки мурғро канда кунад. Вай чӣ гуна карданашро надониста, ба тарошидани мурғ шурӯъ мекунад.
Ҷанги Якуми Ҷаҳон ба рушди филмҳои мазҳакавӣ таъсир нарасонд, он танҳо истеҳсоли онро коҳиш ва мавзӯъро тағир дод: танҳо дар марҳилаи солҳои 1914-1918 дар бораи ҷосусон, мазҳакаҳое, ки ҷангро дар нақшаи ҳаҷвӣ тасвир мекунанд ба навор мегирифтанд (филмҳои Линдер "Макс ва саксон", "Макс ва ҷосус" ва ғайраҳо).
Ҳангоми пайдоиши садо дар синамо дар охири солҳои 20-ум, имкон пайдо шуд, ки услубҳои куллан нав эҷод карда, ҳаҷви лафзӣ истифода шавад. Дар солҳои 1930-юм баъзе студияҳо ҳанӯз ҳам кӯшиш мекарданд филмҳои бесадо эҷод кунанд, аммо дере нагузашта ҳамаи филмҳо садо пайдо карданд. Чарли Чаплин бисёртар тӯл кашид. Дар солҳои 1930-юм дар филмҳои ӯ муколама набуд, аммо садо шунида мешуд. Бо пайдоиши садо, студияҳои гуногуни истеҳсоли филмҳо бо сабаби он, ки таҷҳизоти зарурӣ хеле гарон буданд ва ширкатҳои хурд наметавонистанд онро дастрас кунанд барҳам хурданд. Ширкати Metro-Goldwyn-Mayer дар ин муддат ба шарофати мазҳака маъруф гашт. Он замон филмҳо инчунин мазҳакаи ҷисмониро дар бар мегирифтанд, аммо онҳо аксар вақт бо муколама якҷоя карда мешуданд. Хусусияти дигари солҳои 30-юм силсилафилмҳои мазҳакавӣ мебошад, ки пайдо гаштанд[2].
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ The Top 50 Greatest Films of All Time | British Film Institute
- ↑ Комедия. История жанра. 1 сентябри 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 19 октябри 2009.