Фирори мағзҳо
Фирори мағзҳо (форсӣ: فرار مغزها аз англ. brain drain) — падидаи муҳоҷирати густурдаи таҳсилкардагон, донишгоҳиён ва донишмандони як кишвар ё ҷомеа ба кишварҳои дигар, ки маъмулан ба хотири камбуди мавқеиятҳои шуғлӣ, даргириҳои сиёсӣ ва низомӣ, ва хатароти ҷоне рух медиҳад.
Вожашиносӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Вожаи «Brain» ба маънии мағз, мутафаккиру нухба ва «Drain» ба маънии хушкондан, холӣ кардан, таҳлил бурдан ва заҳкашӣ кардан аст. Ҳамон тавр, ки заҳкашӣ ба хориҷ кардани обҳои кишоварзӣ итлоқ мешавад, фирори мағзҳо низ боиси берун рафтани мағзҳо ё нухбагон аз як сарзамин мешавад. Вожа фирори мағзҳо афзун бар муҳоҷирати нухбагон ва мутахассисони тадоъигар навъе иҷбор низ ҳаст. Drain ба маънои хушк шудани замин, нишонаи ҳолате аз ҷабри табиъӣ аст, ки муҳоҷиратро барои бақо ва зиндагӣ ногузир месозад[1].
Фирори мағзҳо, фирори сармояҳои нерӯи инсонӣ аст, ки бо сарфи ҳазина ба даст омадаанд. Маъмулан ҷомеа ба тахассус, дониш ва маҳорати фанни ин нирӯҳо ниёз дорад, аммо ин нирӯҳо ба далелҳои мухталиф муҳоҷирати доимӣ ё нимадоимӣ ба кишварҳои дигарро тарҷеҳ медиҳанд[1].
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Истилоҳи «фирори мағзҳо» марбут ба давраи пас аз Ҷанг ҷаҳонии дувум аст. Замоне ки шикофи тозае миёни кишварҳои пешрафта ва дар ҳоли гузор падид омад ва баҳрабардорӣ аз имконоту манобеъ дар кишварҳои тавсеъаёфта матраҳ гардид[2]. Дар он замон кишварҳои дар ҳоли тавсеъа ба теъдоди васеъе аз аносири мутахассис даст ёфтанд ва дар айни ҳол ба ин нирӯҳо низ ниёзманд буданд, вале бино ба далелҳое ононро ба нафъи кишварҳои тавсеъаёфта аз даст медоданд. Фирори мағзҳо ба таври ҷиддӣ танҳо пас аз даҳаи 1940 дар кишварҳои тавсеъаёфта мушоҳида шуд[3].
Фирори мағзҳо дар кишварҳои мухталиф
[вироиш | вироиши манбаъ]Олмон
[вироиш | вироиши манбаъ]Тибқи омори Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва тавсеъа мизони фирори мағзҳо аз кишвари Олмон наздик ба болотарин мизон таҷриба шуда фирори мағзҳо дар байни кишварҳои санъатӣ, пас аз даҳаи 1950 будааст[4].
Ироқ
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо ба рӯйи кор омадани Саддом Ҳусайн, мавҷе аз муҳоҷирати нухбагон аз Ироқ оғоз шуд ва дар натиҷа дар ҳудуди 4 миллион ироқӣ аз ин кишвар муҳоҷират карданд. Камбуд имконот ибтидоӣ ва набуди амният боиси тадовуми ин раванд дар солҳои ахир шудааст. Барои мисол гузориш шуда, ки беш аз 89 устоди донишгоҳ аз соли 2006 дар ин кишвар кушта шудаанд.
Русия
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар гузашта ду мавҷи бузург дар Русия яке, хуруҷи инқилобиҳои чапгароии давраи Русияи тизорӣ ва нависандаҳою ҳунармандони пас аз Инқилоби Октябри 1917 ва дигаре, фирори бузург мағзҳо дар оғози даҳа 1990 яъне пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ вуҷуд доштааст.
Тозатарин давраи фирори мағзҳо ношӣ аз саркӯби мухолифони либерал ва расонаҳои мустақил пас аз интихоб муҷаддади Владимир Путин ба унвони раисҷумҳури Русия дар марти 2012 аст. Тибқи муҳосибаи идораи омори давлати Русия, дар соли 2013 беш аз 186 ҳазор нафар ин кишварро тарк карданд. Ин рақам панҷ баробари касонест, ки дар соли 2011 аз Русия муҳоҷират карда буданд. Як гузориш ахири Созмони Милали Муттаҳид нишон медиҳад, ки дар соли 2013 ҳудуди 40 ҳазор шаҳрванд рус дархости паноҳандагӣ кардаанд, ки дар муқоиса бо соли 2012 ҳокӣ аз як афзоиши 70 дарсадӣ аст[5].
Тоҷикистон
[вироиш | вироиши манбаъ]Созмони олмонии GIZ бо нашри як гузориш дар мавриди рушди Тоҷикистон дар соли 2014, гузориш додааст, фирори мағзҳо аз Тоҷикистон аз 10 шаш нафарро ташкил медиҳад ва аз Тоҷикистон на танҳо муҳоҷирони қатории корӣ, балки мутахассисони хуб хориҷ мешаванд, ки ба ҷуз Русия ба кишварҳои Аврупою Амрико мераванд[6].
Дар 5 — 7 соли ахир ба иллати мушкилоти иқтисодию иҷтимоӣ, маҳдудиятҳо дар озодиҳои сиёсию мазҳабӣ дар Тоҷикистон тамоюли фирори мағзҳо аз ин кишвар зиёд ба мушоҳида мерасад[7].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 Вуқуфӣ, Ҳасан. Фирори мағзҳо «Барраси муҳоҷирати нухбагон аз завоёи гуногун», Теҳрон, Зуҳд, 1380, С. 27—28.
- ↑ Адами таваҷҷуҳи сиёсатгузорон ба манобеъи инсонии радаи боло ва мутахассис
- ↑ Буҳрони системи омӯзишӣ, адами имконоти таҳсили лозим барои рушд, шукуфоӣ ва ба коргирии истеъдодҳои дурахшон
- ↑ German brain drain at highest level since 1940s - Europe, News - The Independent. web.archive.org (14 апрели 2008). 20 июни 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 14 апрели 2008.
- ↑ استیون انیس بیبیسی مونیتورینگ. فرار مغزها از روسیه پس از سرکوب مخالفان پوتین(форсӣ). BBC News فارسی. 20 июни 2019 санҷида шуд.
- ↑ GIZ: "Фирори мағзҳо" аз Тоҷикистон аз 10 шаш нафарро ташкил медиҳад». www.ozodagon.com. Озодагон (3 сентябри 2014). 20 июни 2019 санҷида шуд.
- ↑ Мардони Муҳаммад. Фирори "мағзҳо" идома дорад. 64 ҳазор дар даҳ сол(тоҷ.). Радиои Озодӣ (8 июли 2016). 20 июни 2019 санҷида шуд.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Фотима Аминпур. Фирори мағзҳо Brain Drain(форсӣ). pajoohe.ir. Донишномаи пажӯҳаи пажӯҳишкадаи Боқирулъулум (24 обони 1393). 20 июни 2019 санҷида шуд.
- А. Ш. Қурбонов. “Фирори мағзо” чун зуҳуроти глобалӣ. mts.tj. МТСҶТ. 20 июни 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 7 ноябри 2016.
- А. Мирзозода. «Муҳоҷирати зеҳнҳо» ва «фирори мағзҳо» тамоюл ва зуҳуроти глобалист(тоҷ.). Садои мардум (11 октябри 2016). 20 июни 2019 санҷида шуд.