Jump to content

Фирӯзи Машриқӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Фирӯзи Машриқӣ
Таърихи даргузашт 896
Кишвар
Пеша шоир

Фирӯзи Машриқӣ (форсӣ: فیروز مشرقی‎; ? — 896[1]) — шоир ва нависандаи эронитабори аҳди Тоҳириёну Саффориён, муосири Амру ибни лайси Саффорӣ, ки аз ашъораш ҳамагӣ 9 байт мондааст.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Авфӣ дар «Лубобу-л-албоб» меорад, ки Фирӯзи Машриқӣ дар шоирӣ маҳорати хуб дошта, шеъри форсиро равону содда месурудааст. Аз осораш абёти пароканда боқист. Ин ду байтро Фирӯзи Машриқӣ дар сифати тири хаданг гуфтааст:

Мурғест хаданги ӯ аҷаб дидӣ,
Мурғе, ки ҳама шикри ӯ ҷоно.
Дода пари хеш каргасаш хадя,
То бачаашро барад ба мехмоно.

  1. Encyclopaedia Iranica Foundation. FĪRŪZ MAŠREQĪ(англ.). iranicaonline.org. 28 сентябри 2023 санҷида шуд.
  • Фирӯзи Машриқӣ / С. Воҳидов // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).
  • Ашъори хамасрони Рӯдакӣ, Сталинобод, 1958.