Фирӯз Назирмадов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Фирӯз Назирмадов
Иттилоъоти инфиродӣ
Ҷинс мард
Кишвар  Тоҷикистон
Тахассус таэквон-до

Фирӯз Назирмадов (Назирмадов Фирӯз Бадарғаевич; зод. 1983) — варзишгар, дорандаи камарбанди сиёҳи I дан оид ба таэквон-до (1997), Устоди шоистаи варзиш (2004).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2004). Соҳиби медали нуқраи Чемпионати ҷаҳон дар байни ҷавонон (Деҳлӣ, 1998), чемпиони ҷаҳон, соҳиби медали тило ва 2 медали биринҷии Чемпионати 12-уми ҷаҳон (Итолиё, 2001), чемпиони Осиё, соҳиби 2 медали тило ва 2 медали биринҷии Чемпионати 2-юми Осиё (Улан-Батор, 2002). Айни замон корманди прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2014).

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]