Фонии Бухороӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Фонии Бухороӣ

Фонии Бухороӣ (? — 1560/66, Бухоро) — шоири форс-тоҷик.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Бухоро ба дунё омада, савод бароварда, камол ёфта, тақрибан дар байни солҳои 1560—66 дар ҳамон ҷо фавтидааст. Аз табаҷқаи поёни аҳолӣи. Дар ваҷҳи маош бебизоат буда, бо душвори умр ба сар бурда бошад ҳам, ба дарбори хонҳои шайбонӣ рӯ наоварда, тамаъро аз хислатҳои пасти одам донистааст. Фонии Бухороӣ дар эҷоди ғазал ва рубоӣ дасти тавоно ва истеъдоди баланд дошта, рубоии мустазодро хеле ривоҷ додааст. Дар татаббуъи рубоиёти Фонии Бухороӣ як зумра шуарои асри 16 ва пасин Нисорӣ, Симӣ, Лутфуллоҳи Нишопури ва гайра рубои эчод кардаанд.

Намунае аз ашъори Фонии Бухорои:


Ди дар дилам он бадхӯ меҳраш афзуд, оре аз ҷон,
Суи дилам он неку рухсора кушуд, бе шакку гумон,
Ғайри дилам он дилҷӯ бо кас нанамуд, он рух пинҳон,
Фонӣ, охир аз ту дилро бирабуд, бингар ба чи сон.

Фонии Бухороиро сохибдевон ёд кардаанд. То хол девони ашъораш нопайдост.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Фонии Бухороӣ / У. Назиров // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).