Фориғи Бадахшонӣ
Зоҳир
Маҳмудбек Фориғи Бадахшонӣ (форсӣ: فارغ بدخشانی; ? — қарни XVII) — шоири форс-тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Бародарзодаи Муллошоҳ Шоҳмуҳаммади Бадахшонӣ. Дар Кашмир зиндагӣ ва эҷод кардааст. Ба қавли тазкиранависон (масалан, «Тазкираи шуарои Кашмир»-и Аслаҳ) соҳибдевон будааст, вале девонаш дастрас нагардидааст. Абёти парокандаи ғазалиёту қасоидаш боқист.
Намунаҳо аз шеъри Фориғи Бадахшонӣ:
Бувад аз пухтани ҳар мева ширин, лек ҳайронам,
Ки то хом аст, дорад лаззате себи занахдонаш.
Дар оина гар зулфи хеш дида боши,
Ту ҳам бар худ, эй шӯх, печида бошӣ,
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Фориғи Бадахшонӣ / А. Ҳабибов // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).