Фотимачумчуқ
Зоҳир
Фотимачумчуқ | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Табақабандии илмӣ | ||||||
ХАТО: шаблони орояшинохтӣ нест, который должен описывать систематическое положение таксона Parus.
|
||||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||
Parus major | ||||||
Вазъияти ҳифз | ||||||
|
Фотимачумчуқ (лот. Parus major bokharensis) — як навъ паррандаи гунҷишкмонандро гӯянд. Дар шикамаш рахи сиёҳ ва дар ду тарафи сараш холҳои секунҷаи сафед дорад. Тори сар ва зери гулӯи Фотимачумчуқи нарина сиёҳ аст. Парҳои канори думи Фотимачумчуқ сафед, болаш кабуди хокистарӣ, нӯлаш сиёҳ ва пойҳояш кабудчаи хокистарианд. Дар тӯғайзору боғоти соҳили дарёҳои Сир, Зарафшон, Кофарниҳон, Вахш, Панҷ ва ғайраҳо (400—2500 метр аз сатҳи баҳр) вомехӯрад. Дар ковокии дарахтон лона сохта, миёнаҳои март 6-8 (баъзан то 17) тухм мегузорад. Хӯрокаш ҳашарот, тортанак, меваи буттаву дарахтон. Фотимачумчуқ ба ҷангалпарварию боғдорӣ фоида мерасонад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Абдусаломов И., Энциклопедияи советии тоҷик, саҳ. 580, ҷилди 7. Душанбе
- Фотимачумчуқ // Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.