Jump to content

Франсишку Гутерриш

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Франсишку Гутерриш
португалӣ: Francisco Guterres
20 май 2017 — 20 май 2022
Пешгузашта Taur Matan Ruak[d]
Ҷонишин José Ramos-Horta[d]

Таваллуд 7 сентябр 1954(1954-09-07)[1][2] (70 сол)
Ҳамсар Cidália Guterres[d]
Ҳизб
Соядаст
 Парвандаҳо дар Викианбор

Франсишку Гутерриш (португалӣ: Francisco Guterres; зод. 7 сентябр 1954[1][2], Ossu[d], Viqueque Municipality[d]) — сиёсатмадори Тимори Шарқӣ, Президенти мунтахаби Тимори Шарқӣ (20 майи соли 2017) ба кор шурӯъ кард. Президенти парлумони Тимори Шарқӣ (2002—2007). Раиси Фронти Инқилобӣ барои Тимори Шарқии Мустақил (FRETILIN, Фретилин), номзади Фретилин дар интихоботи президентии дар солҳои 2012 ва 2017. Дар ду интихоботи аввал, ӯ ба даври дуввум ворид шуд, аммо аз номзадҳои дигар шикаст хӯрд. Дар интихоботи соли 2017 бо зиёда аз 50 % овозҳо дар даври аввал пирӯз шуд; дар ҷараёни маъракаи интихоботӣ аз дастгирии президенти нахустини кишвар Шанана Гусмау бархурдор шуд[3] .

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Франсиско Гутерриш 7 сентябри соли 1954 дар шаҳри Оссу дар оилаи камбизоат таваллуд шудааст. Аз рӯи дин — католик. Иштирокчии ҷанги партизанӣ бар зидди истилои Индонезия .

Дар соли 1998, дар як нишасти ғайринавбатии FRETILIN дар Австралия шаҳри Сидней, ӯ ҳамоҳангсози кулли Шӯрои муқобилияти мусаллаҳона таъин гардид, моҳи июли соли 2001 — Раиси FRETILIN интихоб гардид. Дар моҳи августи соли 2001 вакили Маҷлиси муассисон интхоб шудааст; дар мачлиси якуми он раис интихоб шуд. Дар моҳи майи соли 2002, Тимори Шарқӣ истиқлолият ба даст овард ва Маҷлиси муассисон ба парлумони Тимори Шарқӣ табдил ёфт ; Гутерриш раиси он боқӣ монд.

Дар интихоботи соли 2007, ҳамчун номзади расмии ФРЕТИЛИН пешбарӣ карда шуд. Ҳамзамон, номзадии ӯро ҳама аъзои ФРЕТИЛИН дастгирӣ накарданд — қисми муҳими ҳизб сарвазир Хосе Рамос-Хортаро, ки ба ҳайси номзади мустақил ширкат дошт, дастгирӣ карданд. Дар даври аввали интихобот, ки 9 апрел баргузор шуд, Гутерриш бо 27,89 % овозҳо ҷои аввалро касб кард[4][5], аммо дар даври дуввуми моҳи май аз Рамос-Хорта мағлуб гашт ва танҳо 31 % овозҳоро ба даст овард бар зидди 69 % рақиби худ. Пас аз ин, ӯ бояд мағлубиятро эътироф мекард ва Рамуш-Хортаро бо пирӯзӣ табрик мекард[6] .


  1. 1.0 1.1 Энциклопедия Брокгауз (нем.)
  2. 2.0 2.1 Munzinger Personen (нем.)
  3. Francisco Guterres set to become East Timor’s fourth president, The Australian (22 March 2017). Проверено 22 марти 2017.
  4. Results from the National Electoral Commission Бойгонӣ шудааст 16 феврали 2008  сол..
  5. «Two set to square off for presidency» Бойгонӣ шудааст 15 феврали 2008  сол., AAP (news.com.au), 18 April 2007.
  6. «Guterres congratulates Horta as new president of Timor-Leste», Xinhua (People’s Daily Online), 11 May 2007.