Фрейман Александр Арнолдович

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Александр Фрейман
Александр Арнольдович Фрейман
Санаи таваллуд:

22 августи соли 1879

Зодгоҳ:

Варшава

Санаи марг:

19 январи соли 1968

Маҳалли марг:

Санкт-Петербург

Мамлакат:
Фазои илмӣ:

олим

Ҷойҳои кор:
Алма-матер:

Фрейман Александр Арнолдович (22.08.1879, ш. Варшава – 19.01.1968, ш. Санкт-Петербург), эроншиноси рус, профессор (1918), Ходими шоистаи илми Тоҷикистон (1949), шогирди Карл Залеман.

Зиндагинома[вироиш]

Соли 1903 факултаи шарқ-шиносии Университети Петербургро хатм намуда, барои омӯзиши забонҳои эронии қадим дар Институти дастхатҳои Шарқи Олмон (Германия) кор кардааст. Солҳои 1919-1950 профессор ва мудири кафедраи филологияи эронии Университети давлатии Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург) буд. Аз соли 1950 то поёни умр дар шуъбаи ленинградии Институти шарқшиносии АИ СССР фаъолият доштааст. Аз поягузорони мактаби муосири забоншиносии таърихию муқоисавии забоншиносии эронӣ эътироф гардидааст, ба масоили рушди таърихии забонҳои эронӣ, осори хаттии қадимаи эронӣ, ёдгориҳои паҳлавию ҳуҷҷатҳои суғдӣ, лексография, грамматика, этимология ва шеваҳои (лаҳҷаҳои) забонҳои паҳлавӣ, бохтарӣ, суғдӣ ва ғайра ҷиддан шуғл варзида, зиёда аз сад таълифот ба мерос гузоштааст. Ба паҳлӯҳои гуногуни забони «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ низ таваҷҷӯҳ намудааст. Соли 1933 сарварии экспедитсияи кӯҳи Муғро ба зимма дошт. Осораш ба бисёр забонҳои хориҷӣ нашр шудааст.

Осор[вироиш]

  • Согдийский сборник. – Ленинград, 1934;
  • Задачи иранской филологии. – Ленинград, 1946;
  • Описание, публикации и исследование документов с горы Муг. – М., 1962.[1]

Эзоҳ[вироиш]

  1. Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. – Душанбе, 2017. – 728 с.

Пайвандҳои беруна[вироиш]