Jump to content

Френсис Гледвин

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Френсис Гледвин
Таърихи таваллуд на пештар аз 1744 и на дертар аз 1745
Таърихи даргузашт 1812[1]
Кишвар

Гледвин Френсис (англ. Francis Gladwin; 1740, Патна, Ҳиндустон — 29.02.1812, Азимобод, Ҳиндустон) — таърихнигор, шарқшинос, фарҳангнависи инглис.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Пас аз касби камол дар ширкати англисии «Ост-Индия» ба ҳайси сарбоз ворид шуда, аз соли 1765 дар дастгоҳи марказии ширкат ба хидмат шурӯъ намуд. Соли 1770 ба омӯзиши забону адабиёти форсӣ шурӯъ карда, яке аз се профессор коллеҷи Форт Уилям (аз соли 1880) ва муассисони Анҷумани осиёии Бангола буд. Хидмати бузурги Френсис Гледвин, дар баробари корҳои давлатӣ ва идорӣ, шиносонидани аврупоиён, махсусан англисзабонон, бо забон ва адабиёти форсӣ мебошад. Ӯ нахустин эроншинос — донандаи забони форсӣ буд, ки дар ширкати англисии «Ост-Индия» хидмат мекард.

Френсис Гледвин барои шиносондани кормандони англисзабони ширкат бо забон ва адабиёти форсӣ силсилаи асарҳо — фарҳангҳоро тартиб дода, баъзе намунаҳои осори гаронбаҳои таърихӣ ва адабии форсиро ба забони англисӣ тарҷума карда, ҳамроҳ бо матни форсияшон ба табъ расондааст. «Вожаномаи фишурдаи англисӣ ва форсӣ» («A Compendium Vocabulary English and Persian») яке аз асарҳои муҳимми Френсис Гледвин мебошад (нашраш дар Бангола — 1780; дар Калкатта — 1791, 1792). Дар китоб ӯ тарҷумаи вожаҳои англисиро ба форсӣ, ҳиндӣ, урду ва банголӣ овардааст. Дар ин китоб инчунин номи доруҳои тибби суннатии Шарқ, рӯйхати халифаҳо, шоҳони Эрон ва Ҳиндустонро ҷой додааст. Асарҳои дигараш дар фарҳангнигорӣ: «Вожаномаи форсӣ, адабӣ ва англисӣ» («A Vocabulary Persian, Arabic and English»; 1797), «Вожаномаи англисӣ ва форсӣ» («A Vocabulary English and Persian»; 1800), «Фарҳанги мутародифоти форсӣ, ҳиндӣ ва англисӣ» («А Dictionary Persian, Hindustanee and English, Including Synomyms»; 1809) ва ғ.. Дар китоби донишномавии «Фарҳанги ойинҳои динии милали Шарқ» («А Dictionary of the Religious Ceremonies of the Eastern»; 1786) аз чанде донишмандони Шарқ, баъзе кишварҳо ва ҷойҳои муқаддаси Шарқ ёд кардааст. Ин китоб мулоҳизоти таърихӣ, интиқодӣ ва забоншиносии муаллиф (оид ба навишти нодурусти номи маҳалҳо, ҷой додани вожаномаи пизишкӣ) ва ғ.-ро дар бар мегирад. Ба қалами Френсис Гледвин фарҳанги ҳуқуқи исломӣ ва дастурҳои омӯзиши забони форсӣ мансубанд. Дар дастурҳои таълимӣ Френсис Гледвин матни осори бадеӣ (мас. «Панднома»-и Аттор) ва ғ.-ро ҷой дода, тарҷумаи англисии онҳоро низ овардааст. Нахустин тарҷумаи «Гулистон»-и Саъдӣ ба забони англисӣ ба Френсис Гледвин тааллуқ дорад (нашр ҳамроҳ бо матнаш, Калкатта, 1806). Тарҷумаи англисии матни «Тӯтинома»-и Зиёуддини Нахшабӣ (таҳрири Қодирӣ), «Ойини Акбарӣ»-и Абулфазли Алломӣ (3 ҷилд, Лондон, 1783-86), китобҳо оид ба арӯзу қофия, фарҳангҳо, асарҳои таърихӣ ва ғ. аз ҷумлаи осори Френсис Гледвин мебошанд.

  • نقوی شهریار. فرهنگ نویسی فارسی در هندو پاکستان. تهران، ۱۳۴۱ش.؛
  • دکتر سیدحسن صدرالدین حاج سید جوادی. دستورنویسی فارسی در شبه قاره. تهران، ۱۳۷۲ش.؛
  • زبان فارسی در جهان «انگلستان» بی جای چاپ، ۱۳۷۵ش.؛
  • دانشنامۀ ادب فارسی. ادب فارسی در شبه قاره (هند، پاکستان، بنگلادش). جلد چهارم. بخش سوم. تهران،۱۳۸٠ ش.ر