Фрэнсис Уилям Астон
англ. Francis William Aston | |
![]() | |
Таърихи таваллуд | 1 сентябр 1877[1][2][3][…] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 20 ноябр 1945[4][1][5][…] (68 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | кимиё ва физик |
Ҷойҳои кор | |
Дараҷаи илмӣ: | Bachelor of Science[d] (1910) ва Doctor of Science[d] (1914) |
Алма-матер | |
Роҳбари илмӣ | J. J. Thomson[d] |
Ҷоизаҳо | |
![]() |
ÁСТОН (Aston) Фрэнсис Уилям (01.09.1877, Ҳарборн — 20.11.1945, Кембриҷ) — физикдони англисоли Астон дар соҳаи физикаи атому ҳастаи атом ва радиокимиё пажӯҳиши бисёр дорад. Ӯ узви Ҷамъияти Шоҳии Лондон, узви вобастаи АИ ИҶШС (1924) буд. Донишгоҳҳои Бирминҳем ва Кембриҷро хатм карда, аз соли 1909 дар Донишгоҳи Бирминҳем дарс гуфтааст. Аз соли 1920 узви Тринитиколлеҷ. Соли 1925 массспектрографе сохт, ки қувваи тафриқааш хеле зиёд буд. Ба воситаи он массаи изотопҳои устуворро саҳеҳ андоза кард ва камомади массаҳои як қатори онҳоро ошкор намуд. Астон усули ҷудо кардани изотопҳоро, ки ба ихтилот (омезиш)-и электромагнитӣ ва газӣ асос ёфтаанд, пешниҳод карда, соли 1927 нахустин хатти каҷи зарибҳои (коэффитсиент) бандубастро сохт, ки энергияи робитаи ҳастаҳои атомиро тавсиф медиҳанд. Астон соҳиби ихтирои нахустин массспектрометр буд. Ӯ бо ин асбоб хусусиятҳои гуногуни 213 изотопи устувори табииро таҳқиқ кард ва чандомади нисбии онҳоро муайян намуд. Астон барои ин кор соли 1922 сазовори Мукофоти Нобел гардид.
Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]
- ↑ 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ Encyclopædia Britannica (ингл.)
- ↑ Энциклопедия Брокгауз (нем.) / Hrsg.: Bibliographisches Institut & F. A. Brockhaus, Wissen Media Verlag
- ↑ 4.0 4.1 Астон Фрэнсис Уильям // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохоров — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
- ↑ http://www.britannica.com/EBchecked/topic/39838/Francis-William-Aston
- ↑ https://aleph.nkp.cz/F/?func=find-c&local_base=aut&ccl_term=ica=ola2002149968
- ↑ http://www.bmss.org.uk/aston.shtml
- ↑ http://www.genealogyinengland.com/Counties/cambridgeshire.htm
- ↑ http://www.britannica.com/EBchecked/topic/416856/Nobel-Prize/93434/The-prizes
- ↑ http://www.britannica.com/EBchecked/topic/422060/nuclide
- ↑ http://www.encyclopedia.com/topic/mass_spectrograph.aspx
Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]
- Астон Фрэнсис Уилям // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2021, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
- Волков В. А. Выдаюшиеся химики мира. Москва, 1991.
- Зодагони 1 сентябр
- Зодагони соли 1877
- Зодагони Британияи Кабир
- Зодагони Англия
- Даргузаштагони 20 ноябр
- Даргузаштагони соли 1945
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Барандагони Ҷоизаи Нобел дар бахши химия
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Олимон аз рӯи алифбо
- Физикдонон аз рӯи алифбо
- Физика
- Химия