Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Фуот Уқтой

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Фуот Уқтой
тур. Fuat Oktay
10 июли 2018 3 июни 2023

Таваллуд 21 январи 1964(1964-01-21)[1] (62 сол)
Ҳизб
Таҳсилот
Ҷоизаҳо
ордени «Дӯстлик»
Вебгоҳ tccb.gov.tr/kabin…(тур.)
Ҷойҳои кор
 Парвандаҳо дар Викианбор

Фуот Уқтай (тур. Fuat Oktay; зод. 21 январи 1964[1], Чекерек[d], Вилояти Йузғот) — сиёсатмадори турк, ноиби раисиҷумҳури Туркия аз 10 июли 2018. Аз 19 июни соли 2016 то таъйин шуданаш ба ҳайси ноиби президент муовини сарвазири Туркия буд.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1964 дар Чекереки вилояти Йузғот (маркази Туркия) ба дунё омадааст. Соли 1985 факултети менеҷменти Донишгоҳи Чукуроворо хатм намуда, дар он ҷо ба ҳайси ходими илмӣ кор мекард. Соли 1990 дараҷаи магистрро дар Донишгоҳи Уэйн (Детройт, ИМА) дар соҳаи тиҷорат ва истеҳсолот гирифтааст. Баъдан ӯ дар ҳамин донишгоҳ дарҷаи докториро гирифт[2]. Ихтисосаш мошинсозӣ ва иртиботот буд[3] .