Фурӯшӣ: Кафши кӯдак, нопӯшида
Фурӯшӣ: Кафши кӯдак, нопӯшида[1] (Барои фурӯш: кафшҳои кӯдак, пӯшиданашуда лафзан аз англ. For sale: baby shoes, never worn) — оғозгар ва аввалин достони маъруф ба достонҳои шашкалимаӣ аст. Агарчӣ бисёрӣ бар ин боваранд, ки ин достон мутаъаллиқ ба Эрнест Ҳемингуэй аст, аммо мадраки муътабаре барои исботи ин қазия вуҷуд надорад[2][3].
Шартбандӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Мегӯянд ин достон натиҷаи як шартбандии шӯхивор миёни Ҳемингуэйу дӯстонаш аст.
Дар нақл аст замоне, ки Ҳемингуэй бо дӯстонаш машғули хӯрдани ноҳор дар рестуроне буданд Ҳемингуэй 10 дуллар рӯйи миз мегузораду иддао мекунад, ки метавонад як достони комилро дар шаш калима ҷой диҳад. Пас аз ин Ҳемингуэй навиштаи «For sale: baby shoes, never worn»-ро рӯйи як дастмоли суфра менависаду ба дӯстонаш нишон медиҳад ва шартро мебарад.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Ин достони хеле кӯтоҳ дорад ба шакли ғайримустақиме ба марги як ҷинин ё кӯдаки навзоде ишора мекунад, ки ҳеч гоҳ натавонист кафшҳояшро бипӯшад.
Мерос
[вироиш | вироиши манбаъ]Ин достони шӯхивор монанди сабки наве дар адабиёт ба номи «достони шашкалимаӣ» шуд, ки дар радаи достонҳои кӯтоҳи кӯтоҳ қарор мегирад[4].
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Ин тарҷумаро шоир Рустами Ваҳҳоб пешниҳод кардааст.
- ↑ Garson O’Toole. For Sale, Baby Shoes, Never Worn. quoteinvestigator.com (January 28, 2013). 19 апрели 2013 санҷида шуд.
- ↑ Haglund, David Did Hemingway Really Write His Famous Six-Word Story?. Slate (Jan 31, 2013). 14 апрели 2013 санҷида шуд.
- ↑ Six-Word Memoirs Can Say It All. CBS News (February 11, 2009). 20 апрели 2013 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 2 августи 2013.