Рустами Ваҳҳоб

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Рустами Ваҳҳоб
Рустам Ваҳҳобзода
Рустами Ваҳҳоб.jpg
Рустами Ваҳҳоб дар соли 2012.
Санаи таваллуд:

5 май 1960(1960-05-05) (59 сол)

Зодгоҳ:

деҳаи Капалӣ, Тоҷикобод, ҶШС Тоҷикистон

Шаҳрвандӣ:

 Тоҷикистон

Навъи фаъолият:

журналист, шоир, олим

Забони осор:

тоҷикӣ, русӣ

Ҷоизаҳо:

Ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода

Рустами Ваҳҳоб (Рустам Ваҳҳобзода; тав. 5 майи 1960, деҳаи Капалӣ, Тоҷикобод, ҶШС Тоҷикистон) — журналист, шоир, олим, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2008)

Зиндагинома[вироиш]

Рустами Ваҳҳоб 5 майи соли 1960[1] дар деҳаи Капалии ноҳияи Тоҷикобод ба дунё омадааст. Соли 1983 бахши филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Баъди хатми донишгоҳ дар соли 1984 ба аспирантураи ДДТ дохил шудааст. Аз ҳамин сол дар донишгоҳ ба унвони муаллим ва ҳамчунин, дар рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» (мухбир) ба кор шурӯъ кард.

Солҳои 1991—1992 котиби масъул ва муҳаррири маҷаллаи «Фарҳанг» буд. Аз соли 1994 то 2006 дар Донишгоҳи улуми инсонии Бишкек устоди забон ва адабиёти форсӣ буд.

Баъди бозгашт ба Ватан соли 2007 ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба кор даромада, аз он вақт то кунун дар кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии Донишгоҳи милии Тоҷикистон фаъолият мекунад.

Ҳамчунин, Рустами Ваҳҳоб сардабири маҷаллаи миллии адабии «Садои Шарқ» мебошад[2].

Фаъолияти илмӣ[вироиш]

Соли 2008 дар мавзӯи «Таҳаввули поэтикаи вазн ва ритми шеъри муосири тоҷик» рисолаи номзадӣ дифоъ намуда ва ин рисоларо бо такмил ба сурати дастури таълимӣ ба чоп расондааст.

Эҷодиёт[вироиш]

Рустами Ваҳҳоб муаллифи се китоби шеър — «Калимаҳо» (1990), «Шаҳри Хуршед» (2008) ва «Салом» (2015) аст. Соли 2012 маҷмӯаи мақолаҳояш «Адабиёт ва фарҳанги миллӣ» ба табъ расидааст. Мунтахаби аҳодиси Паёмбари акрам(с)-ро таҳия ва ба забони русӣ тарҷума кардааст.

Тазкираи шеъри муосири Тоҷикистон «Бӯи ҷӯи Мӯлиён» (Теҳрон, 2014) ва таҳияи китоби М.Ёҳақӣ «Фарҳанги асотир ва достонвораҳо дар адабиёти форсӣ» (бо тавзеҳот ва таълиқот) аз ҷумлаи тозатарин таълифоти ӯст. Шумораи зиёди мақолаҳои илмию адабӣ ва иҷтимоии ӯ дар нашрияҳои ватанию хориҷӣ мунташир гардидааст.

Аз соли 2008 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Мукофотҳо[вироиш]

  • Барои маҷмӯаи «Шаҳри Хуршед» Барандаи Ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода гардидааст.

Эзоҳ[вироиш]

Пайвандҳо[вироиш]

Сарчашма[вироиш]

  • Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ). / Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. — Душанбе, «Адиб», 2014, — с.64-65 — ISBN 978-99947-2-379-9