Футбол барои дӯстӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Футбол барои дӯстӣ (англ. FOOTBALL FOR FRIENDSHIP) — як барномаи солона байналмилалии иҷтимоии кӯдакон мебошад, ки аз ҷониби ҶСК «Газпром» амалӣ карда мешавад. Мақсади барнома - аз тариқи футбол барои эҳтиром ба фарҳанг ва миллатҳои гуногун дар кӯдакон аз кишварҳои мухталиф, инкишоф додани арзишҳои марбут ба насли наврас ва шавқу рағбат дар тарзи ҳаёти солим мебошад[1]. Дар чаҳорчӯбаи барномаи мазкур, бозигарони футбол дар синни 12-сола аз тамоми кишварҳои ҷаҳон[2] дар Форуми солонаи байналмилалии кӯдакон, Ҷоми ҷаҳонии футбол барои дӯстӣ, Рӯзи байналмилалии футбол ва дӯстӣ иштирок мекунанд[3]. Барномаи мазкур тавассути ФИФА, УЕФА, СММ, Кумитаи олимпӣ ва паралимпӣ, роҳбарони давлатҳо, ҳукуматҳо ва федератсияҳои футболи кишварҳои мухталиф, бунёдҳои байналмилалии хайриявӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва клубҳои пешқадамии футбол дар ҷаҳон пуштибонӣ карда мешавад[4]. Гурӯҳи иртиботии АГТ (Русия) оператори ҷаҳонии барнома аст[5].

Таърих [вироиш]

Футбол барои дӯстӣ 2013[вироиш]

Форуми якуми байналхалқии бачагонаи «Футбол барои дӯстӣ» 25 майи соли 2013 дар Лондон баргузор гардид. Дар он 670 нафар кӯдакон аз 8 кишварҳо иштирок варзиданд: Булғория, Британияи Кабир, Венгрия, Олмон, Юнон, Русия, Сербия ва Словения[6]. Русияро 11 дастаи футбол аз 11 шаҳрҳои Русиягӣ, ки бозиҳои чемпионати ҷаҳон оид ба футболро дар соли 2018 қабул мекарданд, муаррифӣ карданд. Дар форум ҳамчунин дастаҳои наврасони клубҳои «Зенит», «Челси», «Шальке 04», «Срвена Звезда», ғолибони спартакиадаи бачагонаи ҶСК «Газпром», ҷоизадорони фестивали «Факел» иштирок карданд[7].

Дар вақти форум бачагон бо ҳамсолони худ аз кишварҳои дигар, футболбозони машҳур муошират доштад, ҳамчунин ба финали Лигаи қаҳрамонони УЕФА 2012/2013-ро дар варзишгоҳи «Уэмбли» ташриф оварданд[8]. Натиҷаи форум мактуби кушоде гашт, ки дар он бачагон ҳашт арзишҳои барномаро ба шакл дароварданд: дӯстӣ, баробарӣ, адолат, солимӣ, сулҳ, содиқӣ, ғалаба ва оинҳо. Баъдтар мактуб ба сарварони УЕФА, ФИФА и КБО[9] фиристода шуд.

Натиҷаи форум мактуби кушоде гашт, ки дар он бачагон ҳашт арзишҳои барномаро ба шакл дароварданд: дӯстӣ, баробарӣ, адолат, солимӣ, сулҳ, содиқӣ, ғалаба ва оинҳо. Баъдтар мактуб ба сарварони УЕФА, ФИФА и КБО[10] фиристода шуд. Дар моҳи сентябри соли 2013 Йозеф Блаттер дар рафти вохӯрӣ бо Владимир Путин ва Виталий Мутко гирифта шудани мактубро тасдиқ намуд ва эълон кард, ки барои дастгирии «Футбол барои дӯстӣ» омода аст[11].

Футбол барои дӯстӣ 2014[вироиш]

Фасли дуюми барномаи «Футбол барои дӯстӣ» дар Лиссабон 23-25 майи соли 2014 баргузор гардид ва зиёда аз 450 наврасонро аз 16 кишвар ҷамъ намуд: Белоруссия, Булғористон, Британияи Кабир, Маҷористон, Олмон, Итолиё, Нидерландия, Лаҳистон, Португалия, Русия, Сербия, Словения, Туркия, Украина, Фаронса ва Хорватия. Футболбозони ҷавон дар форуми байналхалқии «Футбол барои дӯстӣ», турнир аз рӯи футболи кӯчагӣ иштирок варзиданд ва ба финали Лигаи қаҳрамонони УЕФА 2013/2014 ташриф оварданд[12]. Ғолиби Турнири байналхалқӣ оид ба футболи кӯчагӣ 2014 дастаи наврасони  «Бенфика» (Португалия) гардид. Натиҷаи фасли дуюми барнома интихоби сарвари ҷунбиши «Футбол барои дӯстӣ» гардид. Он Филипе Суарес аз Португалия гардид[13]. Дар моҳи июни соли 2014 ба сифати сарвари ҷунбиш ӯ ба турнири нуҳӯми байналхалқии наврасон оид ба футбол ба хотираи Юрий Андреевич Морозов ташриф овард.

Футбол барои дӯстӣ 2015[вироиш]

Фасли сеюми барномаи байналхалқии иҷтимоии «Футбол барои дӯстӣ» дар моҳи июни соли 2015 дар Берлин баргузор гардид. Аввалин маротиба иштирокчиёни барнома намояндагони қитъаи Осиё – дастаҳои кӯдакона оид ба футбол аз Ҷопон, Хитой ва Қазоқистон гардиданд. Ҳамагӣ дар фасли сеюм дастаҳои наврасони 24 клуби футбол аз 24 кишвар иштирок карданд. Футболбозони ҷавон бо ҳамсолони худ аз кишварҳои дигар ва ситораҳои футболи ҷаҳонӣ, аз он ҷумла бо сафири глобалии барнома Франтс Беккенбауэр муошират карданд, ҳамчунин иштирок дар Турнири байналхалқӣ аз рӯи футболи кӯчагӣ байни дастаҳои наврасон доштанд.[14]

Ғолиби Турнири байналхалқӣ оид ба футболи кӯчагӣ 2015 дастаи наврасони  «Рапид» (Австрия) гардид. Воқеаъҳои фасли сеюми барномаи «Футбол барои дӯстӣ»-ро тақрибан 200 рӯзноманигорони нашрияҳои ҷаҳонӣ, ҳамчунин 24 хабарнигорони ҷавон аз Аврупо ва Осиё, ки ба Маркази байналхалқии бачагонаи матбуот дохил буданд, пахш карданд.[14]

Чорабинии интиҳоии соли 2015 маросими мукофотонӣ бо Ҷоми «Нӯҳ арзиш» гардид, ки дорандаи он клуби футболи Барселона (Испания) гашт[14]. Ғолибро бачагон муайян карданд, ки дар арафаи Форум дар овоздиҳии глобалии дар ҳамаи 24 кишвар-иштирокчиён баргузоргардида иштирок варзиданд.

Баъд ба анҷом расидани Форум ҳамаи иштирокчиён ҳамчун анъана ба финали Лигаи қаҳрамонони УЕФА 2014/2015 дар Варзишгоҳи олимпӣ дар Берлин ташриф оварданд[14].

Футбол барои дӯстӣ 2016[вироиш]

Ба барномаи байналхалқии иҷтимоии бачагон «Футбол барои дӯстӣ» дар чаҳорчӯбаи конфронси матбуоти онлайнии Hangouts[15], ки 24 марти соли 2016 дар Мюнхен бо иштироки сафари глобалии барнома Франтс Беккенбауэр баргузор гардид, оғоз бахшида шуд.[16]

Дар фасли чорум ба он 8 дастаҳои нави наврасон[19]аз Озарбойҷон, Алҷазоир, Арманистон, Аргентина, Бразилия, Вйетнама, Қирғизистон, ҳамчунин аз Сурия[17] ҳамроҳ гардиданд, чунин тариқа шумораи умумии кишварон-иштирокчиён ба 32 расид.

5-уми апрели соли 2016 овоздиҳӣ ба мукофоти беҳамто — Ҷоми «Нуҳ арзиш» оғоз гардид.[18] Дар интихоби ғолиб ҳаводорон аз тамоми ҷаҳон иштирок карданд, вале қарори охиронро иштирокчиёни барномаи «Футбол барои дӯстӣ» бо роҳи овоздиҳӣ ташаккул доданд. Дорандаи Ҷом клуби футболи «Бавария» (Мюнхен) гардид.[19]Иштирокчиёни «Футбол барои дӯстӣ» фаъолияти клубро аз рӯи дастрасии бачагон бо талаботҳои махсус, ҳамчунин аз рӯи ташаббус дар соҳаи табобати бачагон дар кишварҳои гуногун ва ёрӣ ба мӯҳтоҷонро қайд карданд[20].

Форуми чаҳоруми байналхалқии бачагони «Футбол барои дӯстӣ» ва бозии финалии турнири байналхалқии бачагона оид ба футболи кӯчагӣ 27-28 майи соли 2016 дар Милан баргузор гардиданд.  Ғолиби турнир даста аз Словения «Марибор» эътироф гардид[21]. Баъд аз анҷоми Форум иштирокчиён ҳамчун анъана ба бозии финалии Лигаи қаҳрамонони УЕФА ташриф оварданд[22]. Воқеъаҳои Форумро зиёда аз 200 рӯзноманигорон аз ВАО-и пешбари ҷаҳон, ҳамчунин Маркази байналхалқии матбуотии бачагон, ки ба он рӯзноманигорони ҷавон аз кишвар-иштирокчиёни барнома шомил буданд, шарҳ доданд[23].

Дар чорабиниҳои фасли чоруми «Футбол барои дӯстӣ» футболбозони ҷавон аз клуби Суриягии «Аль-Вахда» иштирок карданд, ки ин воқеаи беҳамто гардид. Вориднамоии даста аз Сурия ба шумораи иштирокчиёни барнома ва ташрифи кӯдакони суриягӣ ба чорабиниҳо дар Милан қадами муҳим дар роҳи бартарафнамоии ҷудогузории инсондӯстонаи кишвар гардид[24] Таҳририяти варзишии арабии шабакаи телевизионии байналхалқии Russia Today бо дастгирии Федератсияи футболи Сурия дар бораи кӯдакон-иштирокчиёни лоиҳа филми ҳуҷҷатии «Се рӯз бе ҷанг»-ро ба навор гирифт. Ба нахустнамоиши филм санаи 14 сентябри соли 2016 дар Димишқ зиёда аз 7 ҳазор нафар ташриф оварданд.

Футбол барои дӯстӣ 2017[вироиш]

Ба мавсими чоруми барномаи байналхалқии иҷтимоии бачагон «Футбол барои дӯстӣ» дар чаҳорчӯбаи конфронси матбуоти онлайнии Hangouts[25], ки 24 марти соли 2016 дар Мюнхен бо иштироки сафари глобалии барнома Франтс Беккенбауэр[26] баргузор гардид, оғоз бахшида шуд.

Форуми чоруми байналхалқии бачагон «Футбол барои дӯстӣ» санаи 27-28 майи соли 2016 дар Милан баргузор гардид.[27] Дар ин сол ба барнома 8 дастаҳои наврасон аз Озарбойҷон, Алҷазоир, Арманистон, Аргентина, Бразилия, Ветнам, Қирғизистон, Сурия ҳамроҳ шуданд.[28]

Ҷоми «Нӯҳ арзиш»-ро клуби футболи «Бавария» (Мюнхен) соҳиб гашт. Иштирокчиёни «Футбол барои дӯстӣ» фаъолияти клубро аз рӯи дастрасии бачагон бо талаботҳои махсус, ҳамчунин аз рӯи ташаббус дар соҳаи табобати бачагон дар кишварҳои гуногун ва ёрӣ ба мӯҳтоҷонро қайд карданд.[29]

Форуми барномаи «Футбол барои дӯстӣ» бо бози финалии турнири байналхалқӣ аз рӯи футболи кӯчагӣ ба анҷом расид. Дастаи «Марибор» аз Словения ғолиб омад.[30]

Футбол барои дӯстӣ 2018[вироиш]

Қарор карда шуд, ки Фасли шашуми барномаи «Футбол барои дӯстӣ» аз 15 феврал то 15 июн дар Русия гузаронида шавад. Футболбозон ва рӯзноманигорони ҷавон, ки 211 кишвар ва минтақаҳоро муаррифӣ менамоянд, иштирокчиёни барнома гардиданд.[31]

Оғози расмии барномаи соли 2018-ро Қуръакашии расмии «Футбола барои дӯстӣ» дар пахши мустақим бахшид, ки аз рӯи натиҷаҳои он 32 дастаҳои байналхалқии футбол – «Мунтахабои дӯстӣ» ташаккул дода шуданд[32].

Қисми нави барномаи «Футбол барои дӯстӣ» миссияи экологӣ гардид – дар соли 2018 «Мунтахабҳои Дӯстӣ»-и футболи байналхалқӣ ба шарафи ҳайвоноти камёфт ва нобудшудаистода номгузорӣ карда шуданд:

Фили африқоӣ

Сусмори комодӣ

Маймуни кипунҷи

Сангпушти калонҷусса

Оҳуи Сахара

Юз

Каркадан

Наҳанги ҳамворбадан

Хирси сафед

Лемур

Хирси гризли

Наҳанги китӣ

Коҳилаки сепанҷа

Кобраи шоҳӣ

Шимпанзе

Гавиали Ганга

Гориллаи ҷанубӣ

Эзорсурхаки императорӣ

Сайга

Капутсини сафедпешона

Коала

Паланги сибирӣ

Зебраи Греви

Орангутан

Пандаи калон

Пингвини Магеллан

Заррофаи Ротшилд

Наҳанги букрӣ

Саги гиенамонанд

Шер

Баҳмут

Шери баҳрии Галапагосс

Воқеаҳои асосии барнома дар соли 2018[69]: «Эстафетаи дӯстӣ» (аз 16 феврал то 25 апрел дар ҳамаи кишварҳо ва минтақаҳо – иштирокчиёни барнома баргузор мегардад), «Рӯзи байналхалқии футбол ва дӯстӣ» (25 апрел), «Бошишгоҳи байналхалқии дӯстӣ», Чемпионати ҷаҳон оид ба «Футбол барои Дӯстӣ» ва Форуми байналхалқии бачагон «Футбол барои дӯстӣ»[70].

Воқеаҳои асосии барнома дар соли 2018.[33]: «Эстафетаи дӯстӣ» (аз 16 феврал то 25 апрел дар ҳамаи кишварҳо ва минтақаҳо – иштирокчиёни барнома баргузор мегардад), «Рӯзи байналхалқии футбол ва дӯстӣ» (25 апрел), «Бошишгоҳи байналхалқии дӯстӣ», Чемпионати ҷаҳон оид ба «Футбол барои Дӯстӣ» ва Форуми байналхалқии бачагон «Футбол барои дӯстӣ».[34]

Дар соли дар Ҷоми ҷаҳонии «Футбол барои дӯстӣ», 32 командаи байналмилалии Дӯстӣ иштирок карданд. Дар аввалин бор дар таърихи лоиҳа, бозии ниҳоии тавассути Ҷазн Таҳа,[35] шарҳдиҳандаи ҷавон аз Сурия шарҳ карда шуд, ва аз ҷониби Богдан Баталин, рефери ҷавон аз Русия реферат карда шуд[36]. тБарандаи Ҷоми ҷаҳонии «футбол барои дӯстӣ» дар соли 2018 командаи «Шимпанзе» буд, ки дар он футболбозони ҷавон аз Доминика, Санкт-Китс ва Невис, Малави, Колумбия, Бенин ва Ҷумҳурии Демократии Конго ширкат карданд. Иштироки ҷавон аз Саранск, Владислав Поляков, команда ро машқ дод. 

Рӯйдоди ниҳои мавсими шашуми барнома, Форуми байналмилалии кӯдакони «Футбол барои дӯстӣ» шуд, ки 13 июн дар Маркази океанография ва биологияи баҳрӣ «Москвариум» баргузор гардид. Дар он Виктор Зубков (Раиси шӯрои директор ҶСК «Газпром»), Ольга Голодец (Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия), Икер Касильяс (Футболбози испанӣ, собиқ капитани командаи миллӣ), Александр Кержаков (Футболбози Русӣ, тренери командаи футболи ҷавонони Русия), ҳамчунин намояндагони 54 сафоратхона аз тамоми ҷаҳон ва меҳмонони дигар иштирок карданд[37]. Дар форум ба беҳтарин футбобозони ҷавани мавсими шашуми мукофот дода шудааст: Део Каленга Мвензе аз Ҷумҳурии Демократии Конго (беҳтарин ҳамлагар), Ямиру Оуру аз Бенин (беҳтарин муҳофиз), Иван Волынкин аз Уэлс (беҳтарин дарвозабон) Густаво Синтра Роча аз Бразилия (MVP)[37]. Беҳтарин журналисти ҷавони барномаи (Футбол барои дӯстӣ) дар соли 2018 Шейкали Асенсьон из Аруба шуд. Духтарак блогҳоро нигоҳ медорад ва ҷавонони Ойянӣ ро бораи огаҳии экологӣ даъват мекунад[37]

Дар форум пешкаши китоб ва автограф-сессияи иштирокчии мавсими гузашта аз ҷониби Ҳиндустон, Ананья Камбодж баргузор гардид[38]. Баъди ба итмом расидани мавсими панҷуми «Футбол барои дӯстӣ» дар соли 2017, Ананья китоби  “My journey from Mohali to St. Petersburg”дар бораи таҷрибаи худ дар бораи иштирок ба ҳайси рӯзноманигори ҷавон навиштааст. Дар он ҷо ӯ дар бораи 9 арзишҳи барнома нақл карда, ки барои беҳтар кардани ҷаҳон кӯмак мекунад.[38]

Рӯзи 14-уми июн, пас аз итмоми Форуми байналмилалии кӯдакони (Футбол барои дӯстӣ), футболбозон ва хабарнигорони ҷавон дар маросими ифтитоҳи Ҷоми ҷаҳонии футболи 2018 дар Русия иштирок карданд. Дар майдони “Лужники” кӯдакон парчамҳои 211 кишвар ва минтақаҳое, ки дар ин барнома дар ин сол иштирок карда буданд, ро баланд карданд[38].

Пас аз он, иштирокчиёни ҷавонии (Футбол барои дӯстӣ) бозии ифтитоҳӣ байни командаҳои миллии Русия ва Арабистони Саудӣ ро тамошо карданд. Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин, сафири ҷавони (Футбол барои дӯстӣ) Алберт Зиннатов аз Русия ро ба манзили худ даъват кард, то якҷо бозии ифтитоҳӣро тамошо кунанд. Дар он ҷо марди ҷавон бо Роберто Карлос, қаҳрамони футболи ҷаҳон аз Бразилия ва бо футболбози Испанӣ Икер Касиляс сухан гуфт[39].

Бештар аз 1500 кӯдакон ва наврасон аз 211 кишвар ва минтақа дар рӯйдодҳои ниҳоӣ дар Москва иштирок карданд. Дар маҷмӯъ, зиёда аз 180 чорабинӣ дар чаҳорчӯбаи маусеми шашум дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон созмон дода шуданд, ки дар он зиёда аз 240 ҳазор нафар кӯдакон иштирок карданд[40].

Дар соли 2018, лоиҳа аз ҷониби ҳукумат дастгирӣ карда шуд. Ольга Голодец, муовини раиси ҳукумати Русия, суроғаи меҳмонии Президенти Русия Владимир Путинро ба иштирокчиён ва меҳмонони Форуми байналмилалии кӯдакон хондааст. Раиси ҳукумати Федератсияи Русия Дмитрий Медведев ба иштирокчиён ва меҳмонони Форуми шашуми байналмилалии «Футбол барои дӯстӣ» телеграми шодбош фиристод[41].

Дар мусоҳиба рӯзи 23 май, намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия, Мария Захарова қайд кард, ки имрӯз барномаи (Футбол барои дӯстӣ) аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун ҷузъи муҳими башарии дар соҳаи сиёсат иҷтимоии байналмилалии Русия дониста мешавад[42].

ФИФА ба гӯнаи анъанавӣ барномаи «Футбол барои дӯстӣ» -ро дастгирӣ менамуд. Дар ташкилоти мазкур қайд карда шуд, ки шумораи иштирокчиён ва меҳмонони рӯйдодҳои ниҳоӣ дар Москва ба 5,000 нафар расидааст[43].

Футбол барои дӯстӣ 2019[вироиш]

Дар соли 2019 чорабиниҳои муҳими маусими ҳафтуми (Футбол барои дӯстӣ) аз 28 май то 2-юми июн дар Мадрид баргузор мешаванд. Ба гӯнаи анъанавӣ, ҳангоми қуръаандозии кушода, таркиби командаҳои омехта - командаҳои байналмилалии дӯстии муайян карда мешавад. Ҳамчун соли 2018, чаҳорчӯбаи ибтикори экологии барнома, командаҳа ба ифтихори намудҳои ҳайвоноти нодир ва ба зире таҳдид монда номбар шудаанд.[44]

Яке аз рӯйдодҳои асосии маусеми ҳафтум - Форуми Байналмилалии (Футбол барои дӯстӣ) мебошад. Дар соли 2019 ин форум форумест, ки муколамаи созанда ва табодули таҷриба дар байни футболбозон, сиёсатмадорон ва намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва варзишӣ мебошад. Форуми мазкур ба рушди футболи кӯдакон ва ҷавонон дар ҷаҳон бахшида шудааст.[44]

Ҷоми ҷаҳон оид ба «Футбол барои дӯстӣ»[вироиш]

Турнири байналхалқии бачагона дар чаҳорчӯбаи барномаи «Футбол барои дӯстӣ» баргузор мегардад[45]. Дастаҳо-иштирокчиёни чемпионат – «Мунтахабҳои Дӯстӣ» – дар рафти Қуръакашии кушод ташаккул меёбанд[46]. Мунтахабҳо аз рӯи принсипи[43] «Футбол барои дӯстӣ ташкил дода мешаванд»: дар як даста варзишгарони миллат, ҷинс ва имкониятҳои ҷисмонии гуногун бозӣ мекунанд[47].

Форуми байналхалқии бачагон «Футбол барои дӯстӣ»[вироиш]

Дар Форуми ҳарсолаи бачагон «Футбол барои Дӯстӣ» иштирокчиёни ҷавони лоиҳа дар ҳамҷоягӣ бо калонсолон масъалаҳои пешбурд ва рушди арзишҳои барнома дар тамоми ҷаҳонро муҳокима мекунанд. Дар вақти Форум бачагон бо ҳамсолони худ аз кишварҳои дигар, футболбозони машҳур, рӯзноманигорон ва арбобони ҷамъиятӣ муошират мекунанд, ҳамчунин сафирони ҷавон мегарданд, ки ба сифати онҳо дар оянда мустақилона арзишҳои умумиинсониро байни ҳамсолони худ тарғиб мекунанд[48].

Маркази матбуоти бачагонаи байналхалқӣ[вироиш]

Хусусияти барномаи «Футбол барои дӯстӣ» Маркази матбуотии байналхалқии кӯдаконаи худӣ гардид[49]. Аввалин маротиба он дар чаҳорчӯбаи барномаи «Футбол барои Дӯстӣ» дар соли 2014 ташкил дода шуд[50]. Рӯзноманигорони ҷавони маркази матбуот воқеъаҳои барномаро дар кишварҳои худ баён мекунанд: барои ВАО-и миллӣ ва байналхалқии варзишӣ навидҳо омода мекунанд, дар офаридани маводҳо барои шабакаи телевизионии «Футбол барои дӯстӣ», рӯзномаи кӯдаконаи Football for Friendship ва радиостансияи расмии барнома иштирок мекунанд. Маркази матбуотии байналхалқии бачагон ғолибони озмунҳои миллии «Рӯзноманигори ҷавони беҳтарин», блогерони ҷавон, суратгирон ва нависанадагонро муттаҳид мекунад. Рӯзноманигорори ҷавони маркази матбуот нигоҳи худро аз дохили барнома инъикос мекунанд, бо амалигардонии шакли «бачагон дар бораи бачагон»[51].

Рӯзи байналхалқии Футбол ва Дӯстӣ[вироиш]

Дар чаҳорчӯбаи барномаи «Футбол барои дӯстӣ» 25 апрел Рӯзи байналхалқии футбол ва дӯстӣ ҷашн гирифта мешавад. Аввалин маротиба барнома соли 2014 дар 16 кишвар қайд карда шуда буд. Дар ин рӯз бозиҳои дӯстӣ, флешмобҳо, радиомарафонҳо мастер-классҳо, телешоуҳо, машқҳои кушод ва ғайра баргузор гардиданд.[52] Дар ҷашнгирӣ зиёда аз 50 000 нафар иштирок карданд.

Дар соли 2015 Рӯзи футбол ва дӯстӣ дар 24 кишвар қайд карда шуд[53]. Дар чаҳорчӯбаи ид бозиҳои рафиқона ва дигар чорабиниҳо баргузор гардиданд. Дар Олмон футболбозони клуби «Шальке 04» машқи кушод гузарониданд, дар Сербия ТВ-шоу баргузор гардид, дар Украина  – бозӣ байни дастаи ҷавонони КФ «Волин» ва бачагоне, ки дар қайди маркази шаҳрии хадамоти иҷтимоӣ барои оила, бачагон ва ҷавонон меистанд, баргузор гардид[53].

Дар Русия Рӯзи футбол ва дӯстӣ санаи 25 апрел дар 11 шаҳр ҷашн гирифта шуд. Дар Владивосток, Новосибирск, Екатеринбург, Красноярск, Барнаул, Санкт-Петербург ва Саранск бозиҳои дӯстонаи футбол, ки оиди арзишҳои асосии барнома ёдрас мекунанд, баргузор гардиданд. Дар Красноярск, Сочи ва Ростов-дар-Дон «Эстафетаи дӯстӣ» бо иштироки барандагони машъали Эстафедаи оташи Олимпия 2014 амалӣ гардид. Дар Маскав бо дастгирии Федератсияи варзиши нобиноён «Турнири имкониятҳои баробар» ташкил карда шуд. 5 май Рӯзи футбол ва дӯстӣ дар Нижний Новгород ва Қазон қайд карда шуд.[53]

Дар соли 2015 Рӯзи футбол ва дӯстӣ дар 32 кишвар қайд карда шуд. Дар Русия онро дар нӯҳ шаҳр қайд карданд: дар Маскав, Санкт-Петербург, Новосибирск, Барнаул, Биробиджан, Иркутск, Краснодар, Нижний Новгород ва Ростов-дар-Дон. Дар Нижний Новгород бозии рафиқонаи футболбозони ҷавони «Волга» баргузор гардид, футболбозони калонсоли клуб бошад барои кӯдакон машқ гузарониданд. Дар бозигии рафиқона дар Новосибирск кӯдакон-ногиронҳо – мунтахаби вилояти Новосибирск «Ермак-Сибир» иштирок карданд.[53]

Дар соли 2017 Рӯзи футбол ва дӯстӣ дар 64 кишвар қайд карда шуд]. Дар чорабиниҳо дар тамоми ҷаҳон футболбозони машҳур, аз он ҷумла ҳимоятгари сербӣ Бранислав Иванович, ҳамлагари голландӣ Дирк Кюйт иштирок карданд. Дар Юнон ба чорабиниҳо ғолиби қаҳрамонони Аврупо аз рӯи футбол дар соли 2004 дар таркиби тими мунтахаби миллии кишвар Теодорас Загаракис ташриф овард. Дар Русия дар такягоҳи КФ «Зенит» машқи махсуси сафири ҷавони барномаи «Футбол барои дӯстӣ» дар соли 2017 Захар Бадюк баргузор гардид. Дар машқ дарбозабони КФ «Зенит» Юрий Лодигин ба қобиияти Захар баҳои баланд дод ва ба ӯ асрори санъати дарбозабониро мубодила намуд.[53]

9 арзиши (Футбол барои дустӣ)[вироиш]

Дар чаҳорчӯбаи Форуми нахустини байналхалқии кӯдакон, ки 25 майи соли 2013 баргузор гардид, сафирони ҷавон аз Британияи Кабир, Олмон, Словения, Маҷористон, Булғористон, Юнон ва Русия аввалин ҳашт арзиши барномаро - дӯстӣ, баробарӣ, адолат, саломатӣ, сулҳ, садоқат, пирӯзӣ ва анъанаҳо – тартиб намуданд ва дар мактуби кушода пешкаш карданд. Ин нома ба роҳбарони созмонҳои байналхалқии варзишӣ, ҳамчун: Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА), Иттиҳоди ассотсиатсияи футболи Аврупо (UEFA) ва Кумитаи олимпии байналмилалӣ, фиристода шуд. Дар моҳи сентябри соли 2013, Юсуф Блаттер, ҳангоми мулоқот бо Владимир Путин ва Виталий Мутко, дарёфти мактубро тасдиқ кард ва изҳор дошт, ки ӯ барои дастгирии (Футбол барои дӯстӣ) омода аст[11].

Дар соли 2015, иштирокчиён аз Чин, Ҷопон ва Қазоқистон ба барномаи (Футбол барои Дӯстӣ) ҳамроҳ шуданд ва арзиши нӯҳум –“шараф”ро пешниҳоди карданд[54].

Ҷоми «Нӯҳ арзиш»[вироиш]

Ҷоми «Нӯҳ арзиш» — ин мукофоти Барномаи байналхалқии иҷтимоии бачагон «Футбол барои Дӯстӣ» мебошад. Ҳамасола Ҷом ба садоқати калонтарин ба арзишҳои лоиҳа супорида мешавад: дӯстӣ, баробарӣ, адолат, солимӣ, сулҳ, садоқат, ғолибият, оинҳо ва шараф. Дар интихоби ғолиб ҳаводорон аз тамоми ҷаҳон иштирок меварзанд, вале қарори охиронро иштирокчиёни барномаи «Футбол барои дӯстӣ» бо роҳи овоздиҳӣ ташаккул медиҳанд. Клубҳои футбол – дорандагони Ҷоми «Нӯҳ арзиш»: «Барселона» (2015), «Мюнхенская Бавария» (2016), «Ал-Ваҳда» (Мукофоти махсус), «Реал Мадрид» (2017)[55].

Дастпонаи дӯстӣ[вироиш]

Ҳамаи чорабиниҳои барномаи «Футбол барои дӯстӣ» аз ивазкунии Дастпонаи дӯстӣ, аломати баробарӣ ва тарзи ҳаёти солим оғоз мешаванд. Дастпона аз ду риштаи кабуд ва сабз иборат аст, онро ҳар касе, ки қиматҳои барномаро эътироф менамояд, дошта метавонад.

Аз рӯи суханони Франц Беккенбауэр «Аломати ҷунбиш — дастпонаи дуранга, ҳамчун арзишҳои асоси «Футбол барои дӯстӣ» оддӣ ва фаҳмо аст».

Иштирокчиёни ҷавони барнома Дастпонаҳои Дӯстиро ба варзишгарон ва арбобони ҷамъиятӣ[56] бастанд, ки байни онҳо инҳоянд: Дик Адвокат, Анатолий Тимошук и Луиш Нету, Франс Беккенбауэр[57], Луис Фернандев, Дидье Дрогба, Макс Майер, Фатма Самура, Леон Горетска, Доменико Кришито, Мичел Сальгадо, Александр Кержаков, Димас Пиррос, Миодраг Божович, Аделина Сотникова, Юрий Каменетс.

Фаъолнокии иштирокчиён байни фаслҳо[вироиш]

Футболбозони ҷавони барномаи «Футбол барои дӯстӣ» дар чорабиниҳои гуногуни берун аз мавсими расмӣ иштирок мекунанд. Дар моҳи майи соли 2013 бозингарони таркиби ҷавонони клуби футболии "Марибор" (Словения) бозии рафиқонаи хайриявиро бо бачагони[58] Камбоджа гузарониданд. Санаи 14 сентябри соли 2014 дар Сочи иштирокчиёни русиягии барнома бо Владимир Путин дар чаҳорчӯбаи вохӯрии Президенти ФР бо президенти ФИФА Йозеф Блаттер муошират доштанд[64]. Дар моҳи июни соли 2014 президенти Фаронса Франсуа Олланд дастаи «Таверни», иштирокчии барномаи «Футбол барои дӯстӣ»-ро ба Қасри Елисей ба тамошои ҳамҷояи бозии чемпионати ҷаҳон аз рӯи футбол 2014 "Фаронса — Нигерия" даъват намуд[65]. Дар моҳи апрели соли 2016 Юрий Вашук, сафири барномаи «Футбол барои дӯстӣ» дар соли 2015, бо одами пурзӯртарини Беларус Кирилл Шимко ва футболбозони ҷавони КФ БАТЭ барои мубодила намудани таҷрибаи худ аз иштирок дар лоиҳа вохӯрӣ намуд. Юрий Вашук ба Кирилл Шимко Дастпонаи Дӯстиро туҳфа намуда, бо ин ба ӯ эстафета дар пешбурди ғояҳои лоиҳаҳо супорид: дӯстӣ, адолат, тарзи солими ҳаёт.  

Мукофотҳо ва қадрдониҳо[вироиш]

Барномаи «Футбол барои дӯстӣ» ғолиби озмунҳои гуногун ва соҳиби як қатор мукофотҳои русиягӣ ва байналхалқӣ гардид. Аз он ҷумла: «Лоиҳаҳои беҳтарини иҷтимоии Русия» дар номгӯи «Рушди ҳамкории байналхалқӣ», Ассотсиатсияи байналхалқии бизнес-коммуникаторҳо (IABC) Gold Quill Awards дар номгӯи «Ӯҳдадории иҷтимоии корпоративӣ» (2016), Sabre Awards дар номгӯи «Лоиҳаи беҳтарини иҷтимоии сайёра» (2016), The Drum Social Buzz Awards дар номгӯи» (2017)[59], The Internationalist Awards for Innovative Digital Marketing Solutions дар номгӯи «Медиастратегияи беҳтарин» (2017)[60], «Камонвари Нуқрагин» дар номгӯи «Лоиҳаи беҳтарини иҷтимоӣ дар Русия» (2018), Гран-при «Камонвари Нуқрагин» (2018).

Эзоҳ[вироиш]

  1. Football For Friendship project returns(англ.) (30 March 2016).
  2. Aleksandra Sotra. Gazprom’s “Football for friendship 2014” | InSerbia News (en-US). inserbia.info. 21 май 2017 санҷида шуд.
  3. Europe and Asia to Meet Within Football for Friendship International Children's Social Project of(англ.). www.newswire.ca. 21 май 2017 санҷида шуд.
  4. "Футбол для дружбы" 2018: объявлены имена участников программы от России!. www.sport-express.ru (25 апрели 2018). 23 апрели 2019 санҷида шуд.
  5. https://www.yahoo.com/?err=404&err_url=https%3a%2f%2fbeta.finance.yahoo.com%2fnews%2fgazprom-international-football-friendship-programme-003000251.html
  6. http://www.london24.com/sport/football/clubs/chelsea/chelsea_and_minister_for_sport_hugh_robertson_back_football_for_friendship_programme_1_2192621
  7. Franz Beckenbauer Kicks Off Gazprom’s ‘Football for Friendship’ Campaign : F.C. Business(англ.). fcbusiness.co.uk. 21 май 2017 санҷида шуд.
  8. ntv.ru. В Москве подвели итоги детского форума «Футбол для дружбы»(англ.). НТВ. 21 май 2017 санҷида шуд.
  9. http://www.london24.com/sport/football/clubs/chelsea/chelsea_and_minister_for_sport_hugh_robertson_back_football_for_friendship_programme_1_2192621
  10. FIFA.com. FIFA Partners - Gazprom(англ.). FIFA.com. 23 апрели 2019 санҷида шуд.
  11. 11.0 11.1 Vladimir Putin und FIFA-Präsident Joseph S. Blatte bei “Football for Friendship” | Service - Epoch Times. web.archive.org (22 май 2015). 23 апрели 2019 санҷида шуд.
  12. Football for Friendship: Teaching values through football. euronews (27 май 2014). 21 май 2017 санҷида шуд.
  13. Redazione LN. Oltre 450 ragazzi riuniti da Gazprom in occasione del Secondo Forum Internazionale FOOTBALL FOR FRIENDSHIP (it-IT). Lazionews.eu (27 май 2014). 23 апрели 2019 санҷида шуд.
  14. 14.0 14.1 14.2 14.3 The International Children's Social FOOTBALL FOR FRIENDSHIP project press center. Young Football Players From 24 Countries of Europe and Asia Meet at Third International Children's Football for Friendship Forum(англ.). www.prnewswire.com. 23 апрели 2019 санҷида шуд.
  15. Sputnik. Young Players Meet at Int'l Children’s Football for Friendship Forum(англ.). sputniknews.com. 21 май 2017 санҷида шуд.
  16. noodls® › gateway to facts(англ.). www.noodls.com. 21 май 2017 санҷида шуд.
  17. Sputnik. Young Players Meet at Int'l Children’s Football for Friendship Forum(англ.). sputniknews.com. 21 май 2017 санҷида шуд.
  18. Sputnik. Young Players Meet at Int'l Children’s Football for Friendship Forum(англ.). sputniknews.com. 21 май 2017 санҷида шуд.
  19. noodls® › gateway to facts(англ.). www.noodls.com. 21 май 2017 санҷида шуд.
  20. The International Children's Social FOOTBALL FOR FRIENDSHIP project press center. Young Football Players From 24 Countries of Europe and Asia Meet at Third International Children's Football for Friendship Forum(англ.). www.prnewswire.com. 21 май 2017 санҷида шуд.
  21. Football for Friendship: Syrian youth team make tournament debut in Milan(англ.). euronews (31 May 2016). 23 апрели 2019 санҷида шуд.
  22. Beyond Sport. www.beyondsport.org. 23 апрели 2019 санҷида шуд.
  23. International Children's Social FOOTBALL FOR FRIENDSHIP programme press center. Fourth International FOOTBALL FOR FRIENDSHIP Forum Brings Together Young Footballers from Three Continents(англ.). www.prnewswire.co.uk. 23 апрели 2019 санҷида шуд.
  24. Football for Friendship ready for fourth edition(англ.). euronews (25 March 2016). 23 апрели 2019 санҷида шуд.
  25. GAZPROM Football. Google Hangouts Open Talk on the official launch of the Fourth FOOTBALL FOR FRIENDSHIP season (24 марти 2016). 21 май 2017 санҷида шуд.
  26. Football For Friendship project returns | www.sportindustry.co.za(англ.). www.sportindustry.co.za. 21 май 2017 санҷида шуд.
  27. Beyond Sport. beyondsport.org. 21 май 2017 санҷида шуд.
  28. Sporting Goods Business | Fourth Gazprom Football For Friendship project launches (en-GB). www.sgb-sports.com. 21 май 2017 санҷида шуд.
  29. RBTH. Gazprom soccer project unites world’s children for 4th year (en-US) (31 марти 2016).
  30. Football for Friendship: Syrian youth team make tournament debut in Milan. euronews (31 май 2016). 21 май 2017 санҷида шуд.
  31. Fifth Season of Gazprom's Football for Friendship International Children's Project Launched(англ.).
  32. Fifth Season of Gazprom's Football for Friendship International Children's Project Launched(англ.).
  33. Fifth Season of Gazprom's Football for Friendship International Children's Project Launched(англ.).
  34. Fifth Season of Gazprom's Football for Friendship International Children's Project Launched | Daily Herald (en-US). finance.dailyherald.com. 21 май 2017 санҷида шуд.
  35. Fifth Season of Gazprom's Football for Friendship International Children's Project Launched(англ.).
  36. Fifth Season of Gazprom's Football for Friendship International Children's Project Launched(англ.).
  37. 37.0 37.1 37.2 Fifth Season of Gazprom#s Football for Friendship International Children#s. www.newswit.com. 24 июли 2017 санҷида шуд.
  38. 38.0 38.1 38.2 Football brings kids together. euronews (6 июли 2017). 24 июли 2017 санҷида шуд.
  39. Юный посол "Футбола для дружбы" встретился с президентом России на ЧМ в Москве. www.sport-express.ru (21 июни 2018). 24 апрели 2019 санҷида шуд.
  40. Участники "Футбола для дружбы" из 211 стран и регионов прибыли в Москву. www.sport-express.ru (9 июни 2018). 24 апрели 2019 санҷида шуд.
  41. Участникам и гостям Международного детского форума «Футбол для дружбы»(рус.). government.ru. 24 апрели 2019 санҷида шуд.
  42. Брифинг официального представителя МИД России М.В.Захаровой, Москва, 23 мая 2018 года (ru-RU). www.mid.ru. 24 апрели 2019 санҷида шуд.
  43. FIFA.com. 2018 FIFA World Cup Russia™ - News - 211 countries and regions take part in the Sixth International Football for Friendship Children’s Forum - FIFA.com (en-GB). www.fifa.com. 24 апрели 2019 санҷида шуд.
  44. 44.0 44.1 Сегодня стартует седьмой сезон социальной программы «Футбол для дружбы»(рус.). www.championat.com. 24 апрели 2019 санҷида шуд.
  45. Chelsea Foundation youngsters head to Lisbon | Official Site | Chelsea Football Club. ChelseaFC. 24 апрели 2019 санҷида шуд.
  46. Chelsea foundation plays part in children forum | Official Site | Chelsea Football Club. ChelseaFC. 24 апрели 2019 санҷида шуд.
  47. Alexey Mosko, RBTH. Big football for little Europeans (en-US). www.rbth.com (30 май 2014). 24 апрели 2019 санҷида шуд.
  48. FIFA.com. Football and friendship, a perfect combination(англ.). FIFA.com (2 August 2017). 24 апрели 2019 санҷида шуд.
  49. Bu Domain Satılıktır.... www.habermonitor.com. 24 апрели 2019 санҷида шуд.
  50. Crawley girl, 13, who dreams to play football for England meets World Cup legend(англ.). www.crawleyobserver.co.uk. 24 апрели 2019 санҷида шуд.
  51. Mission XI Million picks Chandigarh girl Ananya Kamboj. The Financial Express (28 май 2017). 24 апрели 2019 санҷида шуд.
  52. David Hills. Said & Done: David Cameron; Sepp in Sochi; and how to say sorry like you mean it (en-GB), The Guardian (25 апрели 2015). Проверено 24 апрели 2019.
  53. 53.0 53.1 53.2 53.3 53.4 Pavel Gazdyuk. The International Day of Football and Friendship (en-US). www.rbth.com (13 май 2015). 24 апрели 2019 санҷида шуд.
  54. Super User. В рамках программы «Футбол для дружбы» учрежден Кубок «Девяти ценностей» (ru-ru). www.joblenobl.ru. 24 апрели 2019 санҷида шуд.
  55. F4F “Nine values cup” 2017 goes to Real Madrid(англ.). euronews (17 July 2017). 24 апрели 2019 санҷида шуд.
  56. Vitor Baia tips Portugal for 'special' World Cup in Brazil. Mail Online (29 май 2014). 24 апрели 2019 санҷида шуд.
  57. Interview sends Megan Mackey to Champions League final(англ.). The Argus. 24 апрели 2019 санҷида шуд.
  58. "Футбол для дружбы" шагает по планете. РБК. 24 апрели 2019 санҷида шуд.
  59. t.akulov_63369. How to make kids voices to be heard globally?(англ.). The Drum Awards (31 August 2017). 24 апрели 2019 санҷида шуд.
  60. Internationalists Awards for Innovative Digital Solutions 2018. www.internationalist-awards.com. 24 апрели 2019 санҷида шуд.