Футувватнома (Мавлоно Носирӣ)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Футувватнома

«Футувватнома» (форсӣ: فتوت‌نامه ‎) — асари Мавлоно Носируддини Сивосӣ, ки дар соли 1290 таълиф шудааст.

Масъалаҳои рафтору гуфтор, хулқу атвор ва тартибу низоми пайравони футувватро шарҳ медиҳад. «Футувватнома» баъди «Футувватнома»-и Аттор яке аз мукаммалтарин манзумаҳост.

Носирӣ асарашро дар пайравиии орифони бузург Ҷунайди Бағдодӣ, Абӯбакри Варроқ, Ибни Ҳорис ва дигар иншо кардааст. «Футувватнома» ҳамчун дастури ахлоқӣ барои ҷамъияти ҷавонмардон навишта шудааст. Он аз 882 байт иборат буда, дар баҳри рамал эҷод гардидааст.

Дар манзума шоир баробари шарҳи ҷузъҳои оини ҷавонмардӣ, ки дар тӯли қарнҳо дар байни мардуми Мовароуннаҳру Ҳуросон ва Осиёи Хурд маъмул буданд, маълумотҳои зиёди этнографиро низ гирд овардааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Футувватнома / Қ. Восеев // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).