Футӯҳии Марвазӣ
Зоҳир
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
---|---|
Навъи фаъолият: | шоир |
Забони осор: | форсӣ |
Асируддин Футӯҳии Марвазӣ (маъруф ба Шарафулудабо; соли таваллуд ва вафот номаълум) — шоири форс-тоҷик (асри 12).
Зиндагиннома
[вироиш | вироиши манбаъ]Маълумоти ибтидоиро дар зодгоҳаш — Марв гирифта, дар қамон ҷо илмҳои замонашро аз худ карда, камол ёфтааст. Футуҳии Марвазӣ соҳибдевон будааст, вале девони ӯ то замони мо нарасидааст. Дар эҷодиёти Футуҳии Марвазӣ ғазалу қитъа мавқеи асосӣ доранд. Дар ғазалиёташ зебоиҳои табиат ва фикру эҳсосоти меҳрпарвари қаҳрамони лирикиро бо сабки хуросони — соддаю равон ифода кардааст. Муқатаоти у бештар оҳанги иҷтимоию танқидӣ доранд. Шоир тарафдори адлу дод, муруввату ҳиммат, некию хубь буда, зулму бедодӣ, беадолатию риёкорӣ ва ахлоқи замимаро танқид кардааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Футуҳии Марвазӣ / А. Абдуллоев // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).