Хадиҷа Аслон
тур. Hatice Aslan | |
| |
Ном ба ҳангоми таваллуд: | Хадиҷа Аслон |
Таърихи таваллуд: | 20 феврал 1962 (62 сол) |
Зодгоҳ: | Сивас, Туркия |
Шаҳрвандӣ: | Туркия |
Касб: | ҳунарпеша |
Корнома: | 1992-то ҳол |
Самт: | театр, синамо, телевизион |
IMDb: | ID 1728214 |
Хадиҷа Аслон (тур. Hatice Aslan, тав. 20 феврали 1962; Сивас, Туркия) — ҳунарпешаи синамо, театр ва телевизион Турк.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳунарпеша Хадиҷа Аслон соли 1962 дар шаҳри Сиваси Туркия таваллуд шудааст. Пас аз хатми мактаби миёна, духтар ба Анқара рафт ва дар он ҷо донишҷӯи Консерваторияи давлатӣ шуд. Пас аз гирифтани диплом, ҳунарпешаи ҷавон ба кор дар саҳнаи театр оғоз кард. Вай барои иштирок дар намоишномаҳои Театри Измир ва Театри давлатии Истанбул даъват карда шуд.
Фаъолият
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар телевизион, Хадиҷа бори аввал дар синни 30-солагӣ баромад карда, дар силсилафилми хурди Фотеҳ Аксой "Хуррам Султон" нақш бозидааст. Намоиши ӯ сазовори ситоиши ҳам мунаққидон ва ҳам тамошобинони силсилафилм гардид. Пас аз панҷ сол, коргардони силсилафилми "Хуррам Султон" Хадиҷаро барои иҷрои нақши асосӣ дар филми нави "Се маймун" даъват мекунад, вай бечунучаро розӣ шуд. Коргардони ин драма Нури Билга Ҷейлон мебошад, ки барои Хадиҷа Аслан муваффақияти ҳақиқӣ гардид. Ин филми туркиро ҳатто ҳайати ҳакамон дар ҷашнвораи Канн қайд карданд ва ба коргардон мукофоти «Хурмои тилоӣ» доданд. Филми "Се маймун" ба худи Хадиҷа низ мекофот овард, ки номинатсияи "Беҳтарин бозигар" -ро дар маросими ҷоизасупории «2. Yeşilçam Awards» ба даст овард.
Ҳунарпешаи турк пеш аз пайвастан ба ҳайати эҷодии силсилафилми «Samanyolu» дар драмаҳои «Kiskanmak» ва «Iztochni piesi» нақш офаридааст. Иштирок дар лоиҳаи «Samanyolu» "гардишҳо" -и маъруфияти "Хадиҷа Аслонро афзудааст. Пас аз он нақш дар силсилафилми машҳури телевизионии 2010, "Мавсими лолаҳо" -ро пайгирӣ кард, ки нақшҳои асосиро Толгахон Сайишман, Селен Сойдар ва Серенай Сарикая бозидаанд. Дар воқеъ соли 2012, Хадиҷа Аслон дар филми "Vücut" -и коргардони Мустафои Нурӣ дурахшид.
Соли 2019 силсилафилми телевизионии "Kuzgun" ба бозор баромад. Хадиҷа нақши модари қаҳрамони асосӣ Кузгун (Бариш Ардуч) -ро бозид.
Соли 2020 нақши Улфат модари қаҳрамонзани асосиро дар силсилафилми Zümrüdüanka бозид, ки қаҳрамонҳои асосиро Алп Наврӯз ва Ҷерен Йилмаз бозидаанд. Силсилафилм дар шабакаи FOX TV пахш шудааст.
Ҳаёти шахсӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳунарпеша ду маротиба издивоҷ кардааст: бори аввал бо ҳунарманди театр ва овозхон Ҳакки Эргёк, ки издивоҷаш бист сол тӯл кашид; бори дуввум бо рассом Ренан Калели, ки Хадиҷа низ аз ӯ ҷудо шудааст. Хадиҷа ду фарзанд дорад: писари худаш Экин ва духтари ба фарзандӣ гирифтааш Эҷе, ки дар вақти заминларза ятим мондааст.
Филмнома
[вироиш | вироиши манбаъ]Силсилафилм
[вироиш | вироиши манбаъ]Телевизион | |||
---|---|---|---|
Сол | Номгӯй | Нақш | Шарҳҳо |
1992 | Elif'in Rüyaları | - | Нақши дуюмдараҷа |
1993 | Deli Balta | Роза | Нақши дуюмдараҷа |
1993–1999 | Ferhunde Hanımlar | Наҷло | Нақши дуюмдараҷа |
2002 | En Son Babalar Duyar | Ҳуля | Нақши асосӣ |
2002 | Меҳри ҷовид | Лайло | Нақши дуюмдараҷа |
2003 | Hürrem Sultan | Моҳидаврон Султон | Нақши дуюмдараҷа |
2003 | A. G. A | Нақши дуюмдараҷа | |
2003 | Hırçın Menekşe | Пелин | Нақши дуюмдараҷа |
2007 | Güzel Günler | Фарида | Нақши дуюмдараҷа |
2008 | Düğün Şarkıcısı | Шукрон | Нақши дуюмдараҷа |
2009 | Masumlar | Наҷло | Нақши дуюмдараҷа |
2010 | Samanyolu | Белқиз | Нақши асосӣ |
2010–2013 | Мавсими лолаҳо | Зумруд Тошкирон | Нақши асосӣ |
2014 | Bugünün Saraylısı | Туркон | Нақши дуюмдараҷа |
2015 | Ayrılsak da Beraberiz | Маҳваш | Нақши асосӣ |
2015 | Mayıs Kraliçesi | Осу Айтекин | Нақши марказӣ |
2018 | Adı: Zehra | Шула | Нақши асосӣ |
2018 | Bir Deli Rüzgar | Малика Ҷондон | Нақши марказӣ |
2019 | Kuzgun | Марям | Нақши марказӣ |
2020-2021 | Zümrüdüanka | Улфат | Нақши марказӣ |
Филм
[вироиш | вироиши манбаъ]Синамо | |||
---|---|---|---|
Сол | Номгӯй | Нақш | Шарҳҳо |
2007 | Bayrampaşa: Ben Fazla Kalmayacağım | Хатича | Нақши дуюмдараҷа |
2008 | Üç Maymun | Ҳоҷар | Нақши асосӣ |
2009 | Kıskanmak | Фариҳа | Нақши дуюмдараҷа |
2009 | Şark Oyunları | Модари Ишил | Нақши дуюмдараҷа |
2012 | Vücut | Лайло | Нақши асосӣ |
2014 | 9on | Нармин | Нақши дуюмдараҷа |
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- 18 Altın Koza Film Festivali - Беҳтарин ҳунарпеша
- 2 Yeşilçam Ödülleri - Беҳтарин ҳунарпеша (филми "Üç Maymun")
- 41 SİYAD Türk Sineması Ödülleri - Беҳтарин нақши занона (филми "Üç Maymun")
- 7 River Run Uluslararası Film Festivali - Беҳтарин ҳунарпеша (филми "Üç Maymun"
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Феҳристи ҳунарпешазанҳои Туркия