Харгӯши колифорниёӣ
Вазн | 4,5 кг ва 5 кг |
---|---|
Кишвар | |
Замони оғоз | 1920 |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Харгӯши колифорниёӣ (англ. Californian rabbit) — зоти харгӯши гӯштӣ бо ранги сафед, ки дар нуги бинӣ, панҷаҳо, дум, гӯшҳову қошҳояш доғҳои сиёҳ ва қаҳваранг дорад.
Таърихи пайдоиш
[вироиш | вироиши манбаъ]Зоти харгӯши колифорниёиро дар ибтидои асри бистум селекционери амрикоӣ Ҷорҷ Уэст парвариш карда буд. Он ба номи ҷои зисти худ яъне колифорниёӣ ном гузошта шудааст. Дар селекция намояндагони зотхои зерин иштирок карданд: Зоти Зеландияи Нав, Шиншилла, Эрмин. Харгушхои ин зот хусусиятхои хуби гӯштӣ ва пашми хуб гирифтанд. Онҳо босуръат меафзоянд — то се то шаш моҳ онҳо барои куштан омодаанд. Харгӯшҳо сифатҳои хуби модарӣ доранд. Солхои аввали мавчудияти худ навъи нави таксимотро нагирифт. Вале тадриҷан харгушпарварон чихатхои мусбатро ба назар гирифтанд. Бинобар ин зот дар байни навъхои гушт чои асосиро ишғол мекунад. Айни замон дар Аврупо ва Осиё яке аз зоти харгуши Гӯшти ба ҳисоб меравад.
Намуди зоҳирӣ ва тавсифи зот
[вироиш | вироиши манбаъ]Харгӯшҳои зоти колифорниёӣ андозаи миёна доранд, вазни миёнаи харгӯши калонсол ба 4,5-5 кг мерасад. Ранги стандартии колифорниёӣ сафеди соф аст. Гӯшҳо, бинӣ, панҷаҳо, думҳо доғҳои қаҳваранг ва сиёҳ. Дар оилаи заргушхо, ки зоти хуб мебошад,ки ранги доғхо равшан ва хамвор аст. Намуди зоҳири харгуш мустахкам, устухонхояш борик ва сабук, вале хеле мустахкам аст. Сараш миёнаҳаҷм буда, гӯшҳои тунуки кӯтоҳ на аз 10,5 см зиёд дорад. Бадан кӯтоҳ, афтида, мутаносиб инкишоф ёфтааст. Гардан кӯтоҳ, камари сакрал хуб инкишоф ёфтааст, пушт мудаввар аст. Ранги чашм аз гулобии сабук то сурх. Панҷҳои кӯтоҳ, ғафс, хуб доранд. Бордоркуни модаҳояш аз сини 5моҳаги наринаҳояш хам хамин хел мебошад .Дар фаслхои сол барои ин намуди ҷонварон асосан зимистон бахор тирамоҳ афзоишашон хело зиёд мебошад. Дар мавсими тобистон хело суст мебошад.Дар фасли зимистон доғҳои дар бини чашм ва гушҳояш ҳаст хуб намудор мешпвад ва ин зоти харгуш дар мавсими тобистон рангхои гушхояш, биниаш ҳато қошҳояш рангаш гум мешавад яъне кариб доғҳое ки дар бини ва гушҳоя ҳаст сафед мешавад. Дар шароити Ҷумхурии Тоҷикистон ин навъи зотро да дал ҳелчаҳои 2кабата 1 кабата парвариш мекунанд .Хуроки асоси он камбикорм рушқаи қоқ сабзӣ мебошад. Дар мавсими наслдарори харгушҳои колифорниёӣ аз 5то 9дона таваллуд мекунад.Дар як сол аз як зоти харгуш то 4 маротиба насл гирифта мешавад
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Californian Rabbit Breed History
- House Rabbit Society For the care of pet rabbits
- Breeds of Rabbits