Харобаҳои Қумрон
Зоҳир
Бозёфтҳои Қумрон, Харобаҳои Қумрон — дастнависҳои қадимӣ, маснуоти кулолӣ ва сиккаҳое, ки солҳои 1947—1956 аз ғорҳои Қумрон воқеъ дар якунимкилометрии шимоли ғарбии Баҳри Майит ёфт шудаанд.
Дар давоми ҳафриёт аз 11 ғори наздики бошишгоҳи қадим 900 баста навиштаҷоти рӯйи пӯст ва папирус, шумораи бисёри зарфҳои гилӣ, шишаӣ ва теъдоди хеле зиёди тангаҳо (569 сиккаи нуқра ва 681 тангаи биринҷӣ) пайдо шудаанд. Навиштаҷот ба асрҳои 3 пеш аз м. ва асри 1 м мансуб мебошанд. Дар байни бозёфтҳо аввалин дастхатҳои Инҷилу Таврот низ ҳастанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бозёфтҳои Қумрон // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.