Jump to content

Ҷисмҳои бегона

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Тасвири эндоскопиии ҷисми бегонаи (чуткаи дандоншуӣ) дар меъда
BB-тири тапончаи пневматикӣ дар даст

Ҷисмҳои бегона (лот. corpus alienum) — ашёи барои организм бегонае, ки аз пӯст, сӯрохи табиии организм ва ҷои захм ба бофта, ҷавф ва узвҳо ворид гаштаанд.

Ҷисмҳои бегона аз ҷои захм, одатан, ҳангоми тир хӯрдан ворид мешаванд; тир, пораи тири тӯп ва ғ. аксар вақт ба бофта ва узвҳо амиқтар медарояд. Дар шароити осоишта аз захми пӯст бештар ҷисмҳои бегонаи майда — сӯзани чокдӯзӣ, парахаи нӯгтез, оҳанпора, шишамайда ва ғайра дохил мешаванд. Онҳо бисёр чуқур намераванд ва одатан дар пӯст ё зери он ҷой мегиранд. Агар ҷисмҳои бегона аз захм ба қабат ва зери пӯст, мушакҳо, инчунин ба баъзе узвҳо гузашта, боиси мадда нагарданд, пас, онҳо аксар вақт бо бофта «пайванд» мешаванд, яъне ҷисмҳои бегона дар қабати бофта дуру дароз, баъзан тамоми ҳаёт боқӣ монда халал намерасонанд. Ақидае, ки гӯё ҷисмҳои бегонаи тез, хусусан сӯзан, дар бадан давр мезада бошанд, ғалат аст. Сӯзани бориктарине, ки ба бофта даромадааст, фақат дар масофаи хеле кам ҷой иваз мекунад. Фақат ҷисмҳои бегонае, ки ба ҷавфи калони бадан (масалан, шикам) ё раги калони хун дохил шудаанд, мумкин аст мавқеи худро хеле тағйир диҳанд.

Ба организм роҳ ёфтани ҷисмҳои бегонаи микроболуд аксар вақт сабаби инкишофи сироят мегардад; атрофи ҷисмҳои бегона зуд ё пас аз чанд вақт (баъзан ҳатто баъди чанд сол) мадда мекунад. Дар ин маврид ҷисмҳои бегонаро гирифта партофтан зарур аст. Масъалаи зарурат ва вақти дур сохтани ҷисмҳои бегонаи амиқ ҷойгирифтаро ҷарроҳ ҳал мекунад.

Ҷисмҳои бегона дар қабати пӯст

[вироиш | вироиши манбаъ]

Даромадани ҷисмҳои бегона ба қабати пӯст (бештар хор) боиси дард ва мадда мегардад. Хусусан хори ба ангушти даст халида, ки аксар вақт боиси инкишофи хасмол мешавад, хавфнок аст. Хори ба ангушт халидаро фавран дур кардан зарур аст. Хори ба чашм намоёнро бо сӯзани борики чокдӯзӣ мегиранд. Ҷои хор халидаро бо маҳлули спиртии йод безарар гардонда, баъд аз паҳлуи нӯги берунии хор зери кунҷи рост ба қабати пӯст (эпидермис) сӯзани бо спирт поккардаро медароранд ва кӯшиш мекунанд, ки нӯги сӯзанро ба хор халонида, онро аз захм бароранд. Агар ин муяссар нашавад, бо сӯзан нӯги хорро луч карда, онро бо пинсет ё нӯги нохун (дастро тоза шуста) мебароранд. Баъди гирифтани хор ба ҷои захм маҳлули спиртии йод мемоланд.

Гирифтани хори зери нохун кори мураккаб ва дарднок аст, бинобар ин, ба ёрии тиббӣ муроҷиат бояд кард. Ҳангоми роҳ ёфтани ҷисмҳои бегонаи заҳрнок, масалан, меҳвари шикастаи қалами «химиявӣ» низ фавран ба духтур муроҷиат кардан лозим аст.

Ҷисмҳои бегона дар чашм

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҷисмҳои бегона ба чашм, одатан, дар кӯча, хусусан дар ҳавои чанголуд, шамол, аз тирезаи кушодаи мошин, дар истеҳсолот — ҳангоми тарошидани филизот, санг, чӯб, баридани шиша ва ғ. ворид мешаванд. Ҷисмҳои бегона вобаста ба суръати ҳаракат, андоза ва шакл ё дар сатҳи ғӯзаи чашм мемонанд, ё ба мултаҳима ва қарнияи чашм (ниг. Чашм) мегузаранд ва ё ба даруни чашм медароянд. Ба чашм даромадани ҷисмҳои бегона боиси дард, рӯшноитарсӣ, ашкрезӣ мегардад. Хусусан пораи филиз, шиша ва санги бо суръат омада хавфнок аст; онҳо девораи чашмро сӯрох карда, ба даруни ғузаи чашм ворид мегарданд ва ба бофтаи он осеб мерасонанд. Аксар вақт якҷоя бо ҷисмҳои бегона микробҳои бемориовар низ ворид мешаванд ва боиси газаки римнок мегарданд. Оқибати захмдории чашм аз ҷисмҳои бегона ба сари вақт расонидани ёрии тиббӣ вобаста аст. Ҳангоми ба чашм даромадани ҷисмҳои бегона чашми захмиро бо докаи тоза баста, зарардидаро ҳар чи зудтар назди духтур бурдан лозим аст. Бо дасти худ ё бо ёрии каси дигар аз чашм гирифтани ҷисмҳои бегона, агар он ба даруни чашм надаромада бошад ҳам, ҷоиз нест. Бо мақсади баровардани ҷисмҳои бегона чашмро молидан тамоман норавост, чунки дар ин маврид боз ҳам дарунтар рафтани ҷисмҳои бегона аз эҳтимол дур нест.

Агар пораи филизот дар чашм монад, ба таҷзияи химиявӣ гирифтор шуда, маҳсули он мумкин аст шабакияи чашм ва асаби босираро нобуд созад. Ҷисмҳои бегонаи чашмро духтур мегирад. Усули муайян кардани ҷои ҷисмҳои бегона ва тарзи аз чашм баровардани онро хуб дарёфтаанд. Барои аз чашм гирифтани зарраҳои пӯлод, оҳан ва чӯян аз магнитҳои махсус истифода мебаранд.

Пешгирии осеби чашм дар истеҳсолот нисбат ба табобати он хеле осон аст. Беҳтар кардани шароити санитарию гигиенӣ, дуруст ҷобаҷо гузоштани таҷҳизот, ташкили шароити мусоиди меҳнат, назорати қатъӣ ба дурустии воситаҳои муҳофизат (айнаки муҳофиз ва ғайра), риояи қоидаҳои техникаи бехатарӣ ба чашм афтидани ҷисмҳои бегонаро пешгирӣ мекунанд.

Ҷисмҳои бегона дар гӯш

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ба гӯши кӯдакон бештар саққочаҳои филизӣ, шадда, тухми офтобпараст ва ғ. меафтанд. Ба гӯш ҳашарот ҳам даромада, боиси эҳсоси нофорам ва дард мегардад. Ҳангоми ба гӯш даромадани ҳашарот аввал онро мекушанд; барои ин ба роҳи сомеа чанд қатра равғани моеъ (равғани зайтун, вазелин) ё маҳлули спиртии кислотаи борат мечаконанд. Ҷисмҳои бегонаи гӯшро фақат духтур бояд гирад, зеро дар мавриди кӯшиши ноӯҳдабароёна ҷисмҳои бегонаро дарунтар тела додан мумкин аст. Он гоҳ гирифтани ҷисмҳои бегона хеле душвор мегардад. Ғайр аз ин, осеб дидани пардаи гӯш низ эҳтимол дорад.

Ҷисмҳои бегона дар бинӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҷисмҳои бегонаи биниро низ бештар дар кӯдакон мушоҳида метавон кард. Баъзан ҷисмҳои бегона дар ҷавфи бинӣ дуру дароз монда, сахт мегарданд, вале одамро нороҳат намекунанд. Аломатҳои ба бинӣ даромадани ҷисмҳои бегона душвории нафаскашӣ бо бинӣ ва тарашшӯҳи римолуд аз як сӯрохи он аст. Ҷисмҳои бегонаи биниро ҳам чун ҷисмҳои бегонаи гӯш худсарона нагирифта, ба духтур муроҷиат кардан лозим аст.

Ҷисмҳои бегона дар узвҳои ҳозима

Дар гулӯ дармондани ҷисмҳои бегонаи гуногун низ аз эҳтимол дур нест. Ин ҳолат ҳангоми бошитоб фурӯ бурдани хӯрок, дар вақти тановул ба ҷои дигар ҷалб кардани даққат, хандидан, атса задан ва ногаҳон сурфидан, инчунин мастӣ рӯй медиҳад. Дар гулӯ пораи калони луқма ҳам дармемонад, хусусан агар хӯрок аз сабаби бедандонӣ нағз хоида нашавад; дар гулӯ бештар ҷисмҳои бегонаи хурду нӯгтез, мас., устухони моҳӣ руст мешавад. Баъзан дӯзандаҳо сӯзан, мӯзадӯзон ва устоҳои дуредгар мехро байни дандонҳо нигоҳ медоранд ва онҳо тасодуфан ба гулӯ меафтанд.

Дар аснои дар гулӯ дармондани ҷисмҳои бегона ҳангоми фурӯбарӣ, одатан, як тарафи гулӯ дард мекунад. Ҷисмҳои бегонаи тезро духтур фавран бояд гирад. Ҷисмҳои бегона гулӯро харошида, ҳисси нофорам ба вуҷуд меоваранд, гарчанде онҳоро аллакай гирифтаанд ё ҳатто ба сурхрӯда рафта бошанд ҳам.

Ҷисмҳои бегона дар сурхрӯда

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар сурхрӯда чизҳои калон — устухон, дандони сунъии ҷудошаванда ва ғ. дармемонанд. Онҳо маъмулан дар ҷойҳои тангтари сурхрӯда дармонда, гузаштани хӯрокро душвор мегардонанд ва дарди шадид пайдо мекунанд. Ҷисмҳои бегонаи тез хеле хавфноканд, чунки метавонанд девораи сурхрӯдаро сӯрох кунанд, бинобар ин дар айни ҳол фавран ба духтур муроҷиат кардан лозим аст.

Ҷисмҳои бегона дар меъда

[вироиш | вироиши манбаъ]

Бисёр вақт ҳатто ҷисмҳои бегонаи калон аз сурхрӯда ба меъда роҳ ёфта, он ҷо мемонанд ё аз меъдаю рӯда гузашта бо наҷосат ихроҷ мешаванд. Дар меъда ё ягон ҷои рӯда дармондани ҷисмҳои бегона мумкин аст ба натиҷаи ногувор орад. Ғайр аз ин, ҷисмҳои бегонаи нӯгтез мумкин аст аз девораи меъда ё рӯда гузаранд, ки ин хеле хавфнок аст. Аз ин лиҳоз ҳангоми ба меъдаю рӯда рафтани ҷисмҳои бегона дарҳол ба духтур муроҷиат бояд кард.

Ҷисмҳои бегона дар ҳанҷара

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар ҳанҷара дармондани ҷисмҳои бегона хусусан барои кӯдакон хавфнок аст. Онҳо бозӣ карда, ба даҳон танга, тугма ва диар чизҳои майдаро мегиранд. Ҳангоми нафаскашӣ ин чизҳо метавонанд зуд ба ҳанҷара гузашта, он ҷо дармонанд, зеро ки ҳанҷара ҷои аз ҳама тангтари роҳи нафас аст. Ҷисмҳои бегона ба ҳанҷараи одамони калонсол бештар дар мавриди мастӣ ворид мешаванд. Ҷисмҳои бегонаи ҳанҷара боиси нафастангӣ ва сурфаи сахт мегардад, ки он мумкин аст муваққатӣ барҳам хӯрда, баъд аз нав пайдо шавад. Ҷисмҳои бегонаи ҳанҷара ба ҳаёт таҳдид мекунад ва дар ин сурат фавран ба духтур муроҷиат кардан даркор аст.

Баъзан сурфа ҷисмҳои бегонаро аз роҳҳои болоии нафас берун меандозад. Барои пуртаъсир будани сурфа зарардида бояд пешакӣ чуқур нафас кашад ва нафас барорад. Дар ин сурат сӯрохии садобарор руст шуда, фишори роҳҳои нафас якбора баланд мегардад. Сипас сӯрохии садобарор кушода шуда, ҳавои аз шуш омада ҷисмҳои бегонаро сахт тела медиҳад. Агар ҷисмҳои бегона дар сӯрохии садобарор ё фазои зери садопарда ҷойгир бошад, қаблан нафаси чуқур кашидан имконнопазир аст. Дар ин маврид аз ҳисоби ҳавои доимо дар шуш баъди нафасгирии муқарарӣ боқимонда сахт месурфанд. Дар айни ҳол зарардида бояд сухан нагӯяд, балки чуқур нафас кашад. Агар ин ҳама ёрӣ нарасонанд, зарардида бо ҳар ду даст болои шикамашро бояд бо фосила зер кунад. Барои иҷрои усули дигар зарардида якбора бо шикам ба пуштмонаки курсӣ такя намуда, ба болои он хам мешавад. Ҳангоми иҷрои ҳар ду усул фишори ҷавфи шикам балҷисмҳои бегонаанд гашта, аз диафрагма ба қафаси сина мегузарад ва ҷисмҳои бегонаро аз роҳи болоии нафас тела медиҳад.

Агар ин усулҳо ягон манфиат наоранд, пас ба зарардида бояд шахси дигар ёрӣ расонад. ӯ дар паси зарардида истода, бо буни панҷааш ба болои шона 3 — 4 зарбаи канда-канда мезанад. Агар бо ин роҳ ҳам ҷисми бегона берун нашавад, шахси ёрирасон дар паси зарардида истода, ӯро бо ҳар ду даст оғуш мегирад ва шикамашро аз пеш ба ақиб ва аз поён ба боло 3 — 4 маротиба таконвор зер мекунад.

Агар зарардида аз ҳуш рафта, нафас накашад, шахси ёрирасон нафасдиҳии сунъии даҳон ба даҳонро сар мекунад (ниг. Нафасдиҳии сунъӣ). Агар дар ин маврид қафаси сина васеъ нашавад, пас ҷисми бегона боиси таваққуфи нафас гаштааст. Ба зону истода, ҷабрдидаро рӯ ба рӯи худ ба паҳлӯ мегардонанд; бо як даст дасти ӯро гирифта, бо кафи дасти дуюм ба байни шонаҳо 3 — 4 зарбаи канда-канда мезананд. Сипас зарардидаро аз нав ба тахтапушт хобонда, кафи як дастро ба болои шикамаш, кафи дасти дигарро ба пушти кафи дасти якум мегузоранд ва бо ҳар ду даст болои шиками ӯро аз пеш ба ақиб ва аз поён ба боло 3 — 4 маротиба сахт-сахт зер мекунанд. Сипас даҳони ҷабрдидаро кушода, ҷисми бегонаи аз роҳи нафас баромадаро бо ангушт мегиранд.

Ҷисмҳои бегона дар хирной ва бронхҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Баъзан ҷисмҳои бегона зуд аз ҳанҷара ба хирной ё бронхҳо мегузаранд. Ин боиси сурфаи пай дар пай, баъзан кабуд гаштани рӯй ва нафастангӣ мегардад. Ҷисмҳои бегонаи хирной ва бронхҳо мумкин аст сабаби асфиксия ва газаки вазнини римноки шуш шаванд. Ба хирной ва бронхҳо ворид гаштани хеле хавфнок аст. Бинобар ин, фавран ба духтур муроҷиат бояд кард.

Бояд назорат кард, ки кӯдакон дар вақти бозӣ ҳар гуна чизҳоро ба даҳон нагиранд. Ба дасти кӯдакони хурдсол додани меваҳои донакдор, чормағз, тухми офтобпараст ва ғайра манъ аст.

  • Энсиклопедияи мухтасари тиб. — Душанбе, 2012. — Ҷ.5. — 487 с.