Хатича Акрамова
Хатича Файзиевна Акрамова | |
Таърихи таваллуд | 18 феврал 1932 (92 сол) |
Зодгоҳ | Хуҷанд, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Маҳалли даргузашт | Хуҷанд, Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | таърих |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин,Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои таърих |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин |
Хатича Файзиевна Акрамова (тав. 18.02.1932, Хуҷанд) — муаррихи тоҷик, номзади илмҳои таърих (1970), дотсент (1973).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1956 факултети таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро хатм кардааст. Солҳои 1956—1959 муаллими фанни таърихи техникуми хоҷагии қишлоқи шаҳри Ленинобод, 1959—1964 мудири кабинети кафедраи иқтисоди сиёсӣ, 1965—1968 аспиранти кафедраи таърихи ИҶШС-и Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин, 1969—1994 дотсенти кафедраи таърихи ИҶШС, таърихи халқи тоҷики Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Қ.Ҷӯраев буд. Аз соли 1995 ба ҳайси дотсенти кафедраи таърихи умумии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Хуҷанд ба номи Б. Ғафуров фаъолият дорад. Муаллифи 6 асари илмӣ ва зиёда аз 30 мақолаи илмию методӣ мебошад. Оид ба ҳаёт ва фаъолияти илмии шарқшиносони рус М. С. Андреев, А. А. Семёнов ва дигар шарқшиносони машҳури шӯравӣ корҳои илмӣ бурдааст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Выдающийся советский востоковед (к 90-летию со дня рождения А. А. Семенова), Д., 1963;
- М. С. Андреев — как инспектор народных училищ, Д., 1968;
- Из эпистолярного наследия М. С. Андреева, Д., 1969;
- М. С. Андреев как археолог, Д., 1969;
- Об этнографическом наследии М. С. Андреева, Д., 1969;
- Жизнь и научная деятельность члена-корреспондента АН СССР М. С. Андреева, Д., 1969;
- И стал батрак учёным, Д., 1970;
- Таджиковед М. С. Андреев, Д., 1970;
- Михаил Степанович Андреев (к 100-летию со дня рождения), Д., 1973.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Pages using the JsonConfig extension
- Pages which use a template in place of a magic word
- Зодагони 18 феврал
- Зодагони соли 1932
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони шаҳри Хуҷанд
- Даргузаштагони шаҳри Хуҷанд
- Номзадҳои улуми таърих
- Олимон аз рӯи алифбо
- Олимони Тоҷикистон
- Таърихшиносони Тоҷикистон
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ