Jump to content

Хешовандии сабабӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Хешовандии сабабӣ — муносибати хешу табори зану шавҳар ба ҳамдигар ва хешовандони ӯ.

Истилоҳоти хешовандӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ба забони тоҷикӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар забони тоҷикӣ истилоҳҳои зерин барои ифодаи хешовандони сабабӣ ба кор бурда мешаванд:

  • Хусур (падаршӯ) — падари шавҳар.
  • Хушдоман (модаршӯ) — модари шавҳар.
  • Хусур (падарарӯс) — падари зан.
  • Хушдоман (модарарӯс) — модари зан.
  • Қудо (қуда) — падар ё модари яке аз ҳамсарон нисбат ба волидони ҳамсари дигар, яъне падару модари зани писар ё падару модари шавҳари духтар.
  • Ҳевар — бародари шавҳар.
  • Хоҳаршӯ (қайсингил) — хоҳари шавҳар.
  • Сунҳор[1] (арӯс, келин) — зани бародар ё писар.
  • Хусурбурда (бародарарӯс) — бародари зан.
  • Хоҳарзан (қайсингил) — хоҳари зан.
  • Боҷа — шавҳари хоҳари зан.
  • Домод — шавҳари хоҳар ё духтар.

Нақша:

Хушдоман
модари шавҳар
 
Хусур
падари шавҳар
Хушдоман
модари зан
 
Хусур
падари зан
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
Ҳевар
бародари шавҳар
Хоҳаршӯ
хоҳари шавҳар
N
шавҳар
 
M
зан
Хоҳарарӯс
хоҳари зан
Хусурбурда
бародари зан
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
сунҳор
зани бародар
ё писар

 
писардухтар
 
домод
шавҳари хоҳар
ё духтар
 
 
  1. Луғатномаи Деҳхудо. Сунҳор чист? Маънии сунҳор(тоҷ.). vazhaju.tj. Вожаҷӯ. 27 Декабри 2024 санҷида шуд.