Заношӯӣ, Издивоҷ дар Тоҷикистон
1. Никоҳ (арабӣ: نكاح) заношӯӣ, издивоҷ; ақди никоҳ кардан зан гирифтан; ба никоҳи касе даровардан ба касе ба занӣ додан.
|
Духтаре дошт, ба никоҳи ман даровард.
|
|
[1]
2.Никоҳ — иттифоқи аз ҷиҳати ҳуқуқӣ танзимшудаи ихтиёрона ва баробарҳуқуқи зану мард аст, ки барои бунёди оила равона шуда, барои ҳамсарон ҳуқуқу ӯхдадориҳои шахсӣ ва амволиро ба вуҷуд меорад. Нишонаҳои ҳуқуқии никоҳ - хусусиятҳои хоси дар қонун инъикосёфтаи он аст, ки ба тариқи зайланд:
- - никоҳ танҳо миёни зану мард баста шуда метавонад;
- - барои бастани никоҳ мавҷудияти изҳори иродаи ихтиёронаи онҳое лозим аст, ки ба никоҳ ворид мешаванд;
- - никоҳ иттифоқи баробарҳуқуқ аст;
- - никоҳ бояд аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ба расмият дароварда шавад, яъне дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба қайд гирифта шавад;
- - мақсади никоҳ бунёди оила аст, дар ҳолати баръакс, никоҳ беэътибор дониста мешавад;
- - қайди никоҳ боиси пайдо шудани ҳуқуқу уҳдадориҳои шахсӣ ва молумулкии ҳамсарон мегардад.[2]
- ↑ Фарҳанги забони тоҷикӣ (иборат аз 2 ҷилд) Ҷ.1 А–О./Дар зери таҳрири М.Ш.Шукуров, В.А.Капранов, Р.Ҳошим, Н.А. Маъсумӣ. – Москва 1969, - c. 854
- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 345-346
- Бертран Рассел. Брак и мораль