Хирман-бозӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Хирман-бозӣ

Барои ин бозӣ 6-8 нафар писарбачаҳо якеро аз байни худ барои «хирман» шудан интихоб менамоянд. Шахси нақши «хирман»-ро иҷрокунанда дар мобайни майдонча чорпо шуда, мешинад. Бачаҳо яктаку ҷомаҳои худро кашида, ба болои «хирман» мепартоянд. Як нафари дигар «хирман»-ро посбонӣ мекунад. Дигарон ба «хирман» ҳуҷум мекунанд. Посбон намегузорад, ки ҳуҷумкунандагон ба «хирман» пояшонро расонанд ва худи ў наздикшудагонро бо пояш зада дур мекунад. Лагади посбон ба кадом бозигаре, ки расид, ҳамон кас «хирман» мешавад. Дар Истаравшан дар ҳоли аз байнравӣ қарор дорад. [1]

Адабиёт[вироиш]

1. Амонов Р. Қиссаи диёри чашмасор. Д., 1995.

2. Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик. Ҷ.2. Д., 2016.

Нигаред[вироиш]

Манобеъ[вироиш]

  1. Феҳристи миллии фаҳанги ғайримоддӣ /Natioal list of intangible cultural hertage/ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ – Душанбе: «Аржанг» 2016, – С. 198