Хирсаки бахмалӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Хирсаки бахмали)
Jump to navigation Jump to search

Хирсаки бахмалӣ — яке аз намудҳои маъмул ва машҳуртарини бозичаҳои мулоим дар асри XX ва ибтидои асри XXI ба ҳисоб меравад, ки аз маводҳои мулоим омода мешавад. Дар Аврупои Ғарбӣ ва Амрико вай асосан бо номи «Тедди» (англ. teddy bear, нем. Teddybär) маъруф аст, ки одатан бо номи президенти ИМА Теодор Рузвелт алоқаманд аст. Дар забони тоҷикӣ номи ин бозича "хирсаки бахмалӣ" муқаррар шудааст, гарчанде ки ҳоло на ҳамаи хирсакҳои ин навъи бозича аз бахмал сохта шудаанд. Хирсакҳои аз ширкатҳои гуногуни Аврупоӣ ва Амрикоӣ дар аввали асри ХХ (то Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ истеҳсол шуда) коллексияҳои маъмуланд.

Ҷамъоварии хирсакҳои бахмалӣ[вироиш]

Ҳоло дар ҷаҳон тақрибан бист осорхонае мавҷуд аст, ки ба хирсакҳои бахмалӣ бахшида шуда, дар он ҷо даҳҳо ҳазор коллексияҳои ин бозича ба намоиш гузошта шудаанд. Махсусан барои ин осорхонаҳо хирсакҳои бахмалии беназирро ширкатҳои: «Steiff», «Dean’s», «Merrythought» ва рассомони муосири "теддисоз" танҳо як нусхагӣ истеҳсол мекунанд. Ширкати «Christie's» зуд-зуд музоядаҳо баргузор мекунад, ки дар онҳо танҳо хирсакҳои бахмалӣ намоиш дода мешаванд. Қиматбаҳотарин хирсаки бахмалӣ соли 1929 сохта шудааст ва он бо нархи 90000 доллари Амрикоӣ фурӯхта шуда буд. [1]

Нигаред[вироиш]

Эзоҳ[вироиш]

Пайвандҳо[вироиш]

  1. https://ru.m.wikipedia.org/wiki/%D0%9F%D0%BB%D1%8E%D1%88%D0%B5%D0%B2%D1%8B%D0%B9_%D0%BC%D0%B8%D1%88%D0%BA%D0%B0